Ёдат ба хайр, инсони асил!

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Шоми 20 декабри соли равон ахбори русии кадом як шабакаи кишварро тамошо мекардам. Ногоҳ аз сатри равон хондам, ки дирӯз дар толори кадом як маркази фарҳангии пойтахт нахустнамоиши филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» бошукӯҳ баргузор гардидаст. Дар сатри равон «Марди роҳ»-ро таҳтуллафзӣ «Человек дороги» тарҷума карда буданд, ки аз нодонии тарҷумон гувоҳӣ медод. «Путь лидера» ё «Путь гения» гуфтан ба забони русӣ хос аст гуфта андешидаму қарор додам пагоҳ саҳар назари устод Холмаҳмад Мавлонов, рӯзноманигор, нависанда, тарҷумони хушқаламро дар бораи ибораи мазкур фаҳмида мегирам. Пагоҳ азми ба коргоҳи устод рафтанро доштам, ки аз ҳамкорон фавти ин марди боистеъдоду якрӯро шунида, лол мондам.
Ману Холмаҳмад Мавлонов соли 2001 дар нашрияи «Ҷаҳони паём»-и Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ, ки бо кӯшишу талошҳои раиси Кумита Сайф Раҳими Афардӣ таъсис дода шуда буд, ҳамкору ҳамкасб шуда будем. Баъд маълум шуд, ҳамсол низ ҳастем, аммо ӯ аз ман чанд рӯз пештари моҳи марти соли 1951 ба дунё омада будааст, Аз ин рӯ, ӯро боэҳтиром «акаи Холмаҳмад» ном мебурдам. Бароям сахтгириҳои роҳбарияш дар нашрияи номбурда, қобилияти ибратбахши рӯзноманигориаш, шикастани қолибҳои шахшудаи жанрҳои газета, услуби ҷолиби тасвири манзараҳо ва симою чеҳраҳои қаҳрамонҳо дар лавҳаю очеркҳо ва асарҳои бадеиаш хеле писанд буданд. Бахусус, таваҷҷуҳи хонандаро сарлавҳаҳои нигоштаҳояш ба худ мекашид. Устод мегуфт, ки хонанда бояд аз сарлавҳа маъною ҳадафи муаллифро хонда, матлабро дарҳол мутолиа кунад. Кадом эҷодкоре, ки аз маслиҳату тавсияҳои Холмаҳмад Мавлонов баҳра бардоштааст, дар касбу кораш соҳибэҳтиром гардидааст.
Холмаҳмад Мавлонов 2-юми марти соли 1951 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба дунё омад. Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (имрӯз ДМТ) буда, фаъолияти меҳнатиашро аз Мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳияи Ҳисор шурӯъ намудааст. Солҳои 1975-1978 ба ҳайси омӯзгор дар мактаби миёнаи № 38-и шаҳри Душанбе ва баъдан тӯли як сол ҳамчун ташкилотчии радиошунавонии маҳаллии ноҳияи Панҷ заҳмат кашидааст. Солҳои 1979-1989 дар вазифаҳои котиби масъул, муовини муҳаррири рӯзномаи «Ҳаёти нав»-и Панҷ ифои вазифа кардааст. Баъдан шунавандаи шуъбаи дусолаи Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идории шаҳри Тошканд буд. Аз моҳи феврали соли 1993 то моҳи январи соли 2001 ба ҳайси директор, баъдан муҳаррири Муассисаи хизматрасонии кино ва видеоҳои ноҳияи Панҷ кор кардааст. Аз соли 2001 то 2005 сармуҳаррири ҳафтавори «Ҷаҳони паём» буд. Сипас, аз соли 2005 то соли 2007 дар МД «Телевизиони Сафина» ҳамчун муовини директор ва сармуҳаррири идораи фарҳангӣ заҳмат кашидааст. Пасон, аз соли 2007 дар МД маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ба сифати муовини сармуҳаррир кор карда, солҳои 2009-2014 дар маҷаллаи «Меҳвар» ва ТВ «Ҷаҳоннамо» фаъолият бурдааст. Солҳои охир дар ТВ «Варзиш» ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» фаъолият мекард. Оиладор ва соҳиби 5 фарзанд буд. Муаллифи китобҳои бадеӣ-публитсистии «Муъҷизаҳои Хатлон», «Дар паси ойина», «Навои кӯҳанро навӣ» ва даҳҳо очерку лавҳаҳо мебошад.Барандаи ҷоизаи Лоҳутӣ гардидааст.
Дигар устод бо мо нест, ба ин бовари дӯстони ангуштшумор, ҳамкасбону ҳамкорон намеояд. Чеҳраи гарм, табассумҳои самимӣ, лутфу зарофатгӯйҳо ва меҳрубонию дилсӯзиҳои устод Холмаҳмад Мавлонов дар ёду хотираҳо нақш бастааст. Парвардигор хонаи охираташро равшану ҷояшро ҷаннат гардонад!
Эмоми НАЗАРИЁН,

«Тоҷикистон»


Поделиться новостью в социальных сетях:

4 комментарий

  • Худованд рахмату махфираташ кунад.
    Бисёр хам як инсони хоксору одди будан,ва солхои зиёде дар хамсоягии мо зиндаги мекарданд як фарзандаш хамсинфам хаст,айни хол дар Китобхонаи миллии Точикистон кор мекунанд,фарзанди хурдиаш бошад Сомон дар Донишгохи Славяни тахсил мекунад,бисёр инсонхои хуб будан ва риштаи хешу табори доранд бо мо баъдан ба шахри Душанбе куч бастанд.
    Ман намедонистам аз ин хабар таърихи рузи 20.12.18 ба хона занг задам Падарам гушакро бардошта ба ман сухбат кард,ва гуфт хозир аз чаноза омадам!гуфтам аз чанозаи ки?Гуфтан аз чанозаи Холмахмад Мавлонов рости зик шудам,ва баъдан Падарам гуфтанд,аз сактаи дил чонро ба Хак таслим карданд. ХУДОВАНД ХОНАИ ОХИРАТАШРО ОБОД ГАРДОНАД,ДА АХЛУ ОИЛААШ САБРИ ЧАМИЛ.

  • Китоби «Дар паси оина»дар бораи хаёт ва фаъолияти Убайдулло Рачабов навишта шудааст бисёр китоби пурмазмун аст.

  • Аз шунидани ин хабари шум дилам сипсиех шуд. Панчи хурду пурганчи ман чи фарзандони фарзонае дошт. Акбари Шариф, Зайниддин Чоми ва инак Шумои азиз низ ин дахри дударро тарк гуфтед. Ман ифтихор мекунам, ки бо Шумо барин инсони бузург ошнои доштам. ХУДОВАНД бихишти човидонро маьвоятон гардонад акачони азиз!

    • Амакчонам ҳарф надоштанд фақат дар фикри оила не балки дар фикри мо ҷиянҳояш низ буданд. Одамҳои хуб умрашон кӯтоҳ ! Ба боварии комил мегӯям ,ки ёди амакчонам ҳамеша зинда хоҳад монд!

Leave a Reply