• Mardon
  • 15.04.2019
  • 0

Ёде аз Устод Айнӣ дар Самарқанд

Донишмандони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар маҳфили адабие дар шаҳри бостонии Самарқанд дар боби зиндагӣ ва осори Садриддин Айнӣ  суҳбатҳо доштанд.

Академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи улуми Тоҷикистон, рӯзи 15 апрел ба Tajikistan times гуфт, ба ин манзур аз аз Душанбе 12 донишманд ба Самарқанд раҳсипор шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд бахшида ба зодрӯзи Устод Айнӣ мизи гирд баргузор шуда ва донишмандони тоҷик китобҳои тозанашри Тоҷикистонро ба Хона-Музейи Садриддин Айнӣ тақдим кардаанд.

Ҳамчунин, дар иртибот ба зодрӯзи Айнӣ дар шаҳри Панҷакент бо ширкати олимон ва адибони шинохта-Фарзона ва Озарахш маҳфили адабӣ баргузор шудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner