• Administrator
  • 12.03.2019
  • 238
  • 0

Зайниддин Зидан сармураббии «Реал»-и Мадрид шуд

Зайниддин Зидан, яке аз футболбозони шинохтаи ҷаҳон ва мутахассиси фаронсавӣ дубора сармураббии дастаи футболи «Реал»-и Мадрид таъйин шуд. Ӯ то 30 июни соли 2022 қарордод имзо кардааст.

Аз моҳи октябри соли 2018 ба ин сӯ сармураббии «Реал» Сантяго Соларӣ буд. Соларӣ дар ин мақом Юлен Лопетегиро иваз кард.

Зидан 31 майи соли 2018 аз сармураббии «Реал» канор рафта буд. Дастаи «Реал» дар дувуним соли сармураббии ӯ як борӣ унвони қаҳрамонӣ ва Суперҷоми Испания, дуборӣ Суперҷоми УЕФА ва Чемпионати бошгоҳии ҷаҳон, се бор пирӯзӣ дар Лигаи қаҳрамононро соҳиб шудааст. ФИФА соли 2017 Зиданро беҳтарин сармураббӣ эълом карда буд.

Охирин бозии «Реал» зери раҳбарии Зидан 26 майи соли гузашта дар Киев баргузор шуд. Он замон «Реал» дар даври ниҳоии бозиҳои Лигаи қаҳрамонон дастаи «Ливерпул»-ро шикаст дод.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.