• Бахтовар Сафаров
  • 16.05.2019
  • 19

Зан худро бо кӯдаки 5-сола ва семоҳааш ба дарё партофт

Нисфирӯзии 16 май як ҷавонзани сокини деҳаи Марғедари поён дар Панҷакент худро ҳамроҳи ду кӯдакаш аз ҳудуди деҳаи Кошона ба дарёи Зарафшон партофтааст. Кӯдакони ин зан яке панҷсола (духтар) ва дуюми ҳамагӣ семоҳа (писар) будаанд. Ин хабар тамоми Панҷакентро такон дод. Ҷасади занро баъди қариб 10 километр дар наздикии Марғедари поён пайдо кардаанд, вале ҷустуҷӯи ҷасадҳои ду кӯдаки маъсуми ӯ ҳанӯз идома дорад.

Тавре манобеи сомонаи “Tajikistantimes.com” аз шаҳри Панҷакент хабар доданд, ҷавонзан тақрибан нисфирӯзии 16 май дар пайи як муноқиша бо аҳли хонаводаи шавҳар кӯдаконашро гирифта, аз хона берун рафтааст. Пеш аз оне, ки зан худро ба дарё партояд, бо шавҳари худ тариқи ИМО суҳбат кардааст.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷавонзан духтари Ҳоҷӣ Қурбон аз деҳаи Артуч буда, дар Марғедари поён, ки аксари аҳолиашро зодагони Артуч ташкил медиҳанд, шавҳар карда буд. Ин зани қасд ба ҷони худ намуда, келини директори мактаби Марғедари поён Баҳром Шарипов будааст.

Ҳодисаи худкушии занон ҳамроҳи фарзандонашон дар Тоҷикистон маротибаи аввал нест.

Як сол пеш – субҳи 7 майи соли 2018 – Сайрам Холова, як сокини деҳаи Сунбулаи Ҳисор дар пайи муноқиша бо шавҳараш худро ҳамроҳи ду кӯдакаш – Суҳбатуллои 4-сола ва Неъматуллои 2-сола ба дарёи Кофарниҳон партофт.

Ҳамин тавр, соли 2016 Зуҳро Маҳмуродова, сокини 25-солаи шаҳри Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд.

Айнан бо ҳамин монанд, моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш худро бо се тифлаш ба дарё андохт. Модарро наҷот доданд, вале ҳарсе фарзандаш ғӯррамарг шуданд.

Моҳи июли соли 2015 сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё андохт. Дар ин ҳодиса ҳам кӯдакон фавтиданд ва модар наҷот ёфт. Ӯро бо ҷурми куштори фарзандонаш баъдан ба 18 соли зиндон маҳкум карданд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон аз 400 то 600 нафар худкушӣ ё қасди ҷони худ мекунанд. Беш аз нисфи онҳоро занону духтарони ташкил медиҳанд. Хушунати хонаводагӣ як омили умдаи худкушии занону духтарони тоҷик шумурда мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Anonymous:

    шахвараш чизе вайба гуфта аст охирон бо шахвараш сухбат карда аст бояд чавобгар шахвараш бояд ба суд мурочият кунанд ойлаи вай зан

  • Anonymous:

    хам дардиям кабул фармоед

  • Anonymous:

    Назари ман айби духтарон мебошад ягон калон сол бар касди фарзандаш намекунад хозира духтарон гуш намекунад хусуру хуштоманро барои чи дар вахти пеш ихели гапу кор набуд

  • Anonymous:

    Худоба журналуг росташа навис

  • урунзода у:

    Назари ман хамин аст ки худро бе асос ягон шахванд бурда худро ба дарё патаяд чи сир ва асрор дар

  • Anonymous:

    Назари ман инаст ки худошонба чавр накунанд.Он зан дузахи аст.

  • Anonymous:

    Ин 100%айби ланати шавхараш вай бо кудак рафт касе намедонад у чанати аст ё дузахи дар чорчубаи конун бояд шавхараш чавоб гуяд амо милицияи мо чиро дуст медорад долару сомонро аз чумла ментхои панчакент бояд ин хайвон чавоб гуяд хамаш ясно мегуянд

  • Anonymous:

    Назари Ман хамин АСТ ,айби чавон зан ,зан бояд ки ин хел немекард САБР кардан даркор….

  • Anonymous:

    Хамдарди

  • Anonymous:

    Эээ чи обсуждать дорен гхи худтона хурен

  • Алиёров Давлат:

    Насиби хамон зан ачалаш дар об будааст.Бояд у кудаконашро намепартофт убол аст дар хакки кудак.
    Ох аз он рузе ки марг ояд ба касди чони ман.
    Аз пайи ризвон шавад ин тани бечони ман.

  • Anonymous:

    Авалаш ягон кас намедонам чи шудааст вокеъ ино мову шмо хичи гуфта наметонем хамеша Аллох медонад на банда

  • Anonymous:

    Инро хички намедонад чи шудааст хамеша Худо медонад на мову шумо

  • НАРГИС 75:

    Мо-ахли чомеа бояд бетараф набошем, хамин бетарафии мост, ки пайваста шохиди чунин ходисахо мегардем. Хам чавонону хам калонсолон вакти бо маслихат кор карданро надоранд, чунки аз тамошои филмхои турки кафо мемонанд.
    Яке аз сабабхои коста шудани ахлоки чавонон ва нохурмати нисбати калонсолон аз тамошои чунин филмхост, хамдиёрони азиз!
    Бояд ба чавобгари кашида шавад, то ки чунин ходисахо кай руй дихад. Бо бахонаи касали рухи ё аз акл бегона гуфтани бахусус занон хирсро тамом мекунанд. Бигзор подоши амали хешро бинанд, ашхосе, ки нисбати паршикастахо чабри ситамро раво мебинанд….

  • МУСЛИМ:

    ХУДОВАНДО БИОМУРЗАШ ТИФЛАКОНАШРО ХАМРОХАШ КУН

  • Anonymous:

    Чего за такой люди а

  • МУСЛИМ:

    МУХОКИМАИ МО БЕХУДА АСТ ХУДОВАНД УРО БИОМУРЗ ВА ХАМРОХИ ТИФЛАКОМАШ АЗ БИХИШТИ РАХМАТАТ БЕНАСИБ МАКУН

  • Anonymous:

    Ба фикри ман ин зан худашба рахм накард хо кудакоша ба зури кушт бе шавхар мумкин зиндаги кардан.

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner