• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 19.03.2019
  • 0

Зани наҷотёфта ва чанд омори ташвишовари Суғд

Зани  27-солае аз ҷамоати деҳоти Амондараи ноҳияи Панҷакент  худро ба дарёи Зарафшон партофтанӣ шуд.  Ҳангоме, ки наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакент, ба кофтукоби як ҷасади дигар аз ноҳияи Айнӣ машғул будаанд, аз ин занро, ки худро ба дарё партофтаву беҳуш шуда буд, пайдо карданд. Дарҳол ӯро ба шӯъбаи эҳёи беморхонаи марказии Панҷакент бурданд ва зан баъди чанд соат ба ҳуш омад.

Сабаби даст ба худкушӣ задани ин зан гӯё дар он будааст, ки ӯ, бо дӯстдоштааш муноқиша мекунад ва аз ин сабаб мехоҳад худро ҳалок созад. Дар Тоҷикистон солҳои охир даст ба хушкушӣ задани сокинон афзудааст. Яке ин амалро эътироз медонад, дигаре аз ноҷорӣ ва халос шудан аз мушкилот ва сеюмӣ -касалии рӯҳӣАммо ба гуфтаи равоншиносон,, одамоне, ки мехоҳанд ба ҷони хеш сӯиқасд кунанд, нафарони сустирода ва беғайрат мебошанд, ки бо ин амал мехоҳанд ба тамоми мушкилоти худ дар зиндагӣ нуқта гузоранд.Бо вуҷуди он, ки дини ислом худкуширо гуноҳ медонад, соли 2018 дар ҳудуди вилояти Суғд 244 мавриди худкушӣ ва қасди худкушӣ, аз ҷумла 33 мавриди қасди ҷони худро кардани ноболиғон сабт шудааст. Соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон 138 мард ва 106 зан қасди ҷони худро кардаанд. Аз 33 ноболиғе, ки соли 2018 дар вилояти Суғд худкушӣ ва қасди худкушӣ кардаанд, 15 нафараш писарон ва 18 нафараш духтарон будаанд.Танҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли гузашта 37 зан худкушӣ ё қасди худкушӣ кардааст. Аз аввали сол дар ин ноҳия алакай се мавриди худкушии занон сабт шудааст.Ҳафтаи гузашта сокини 35-солаи ҷамоати Исфисори ноҳияи Ғафуров Д.А. худро аз болои купруки роҳи оҳан партофта, худкушӣ кард. Ин зан модари се фарзанд буд, ки калониаш дар артиш хидмат мекард. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, сабаби худкушии Д.А. мушкилоти равонӣ будааст.Ҳамин тавр, ахиран наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда С.К., як зани 28-сола аз ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Ғафуровро аз марг наҷот доданд. Ӯ бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Сир партофта буд.Дар рафти тафтиш маълум шуд, ки С.К. ва шавҳараш ҳарду аз гуфтану шунидан оҷиз будаанд. Ин занро ҳоло дар бемористони маризиҳои руҳии шаҳри Хуҷанд ҷой кардаанд, чунки ҳолати равониаш, ба гуфтаи табибон, ташвишовар боқӣ мемонад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner