• Administrator
  • 28.05.2018
  • 0

Занозанӣ ва кордкашии ҷавонон дар маҳаллаи 102-юми пойтахт

Бино ба маълумоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаҳрвандон: марди 31-сола, ҷавони 19-сола ва ҷавони 22-солаи сокинони пойтахт, бо марди 24-сола, ҷавонони 19 ва 20-солаи сокинони пойтахт, рӯзи 26-уми майи соли 2018, тахминан соати 18:30-дақиқа, ҳангоми дар маҳаллаи 102-юми шаҳри Душанбе қарор доштанашон, аз ҳиссиёти авбошӣ якдигарро зери лату кӯб қарор дода, бо ин кирдорашон тартиботи ҷамъиятиро муддати 10-15 дақиқа дағалона вайрон намудаанд.

Сипас, ҳангоми занозанӣ ҷавони 19-солаи гурӯҳи дуюм бо корди дар дасташ буда, ҷавонони 22- сола ва 19-соларо ба рони пойҳои чапашон зада, захмӣ намудааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш қарор дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner