«Зарафшон» мушкилашро ҳал карду ба кор даромад

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар давоми соли сипаригардида 94 корхонаи саноатии кишвар аз фаъолият боз монд иброз дошт, Бобозода Шавкат вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ.

Аз рӯи маълумоти оморӣ дар соли 2017 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 20 млд. сомониро ташкил додааст. Дар соли гузашта 1 млн. 760 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гаштааст, ки   нисбат ба соли гузашта 400 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Вазир қазияи баста шудани  корхонаи муштараки тиллобарории «Зарафшон»-ро  қайд намуд, ки бо сабабҳои  иҷро накардани уҳдадориҳо аз тарафи ширкати мазкур иҷозатномаи давлатӣ дода нашуд ва ба ин хотир чанд муддат ширкат аз фаъолият боз монда буд. Вале бо рафъи мушкилиҳои пешомада корхона тавонист, ки иҷозатномаро ба даст орад ва фаъолияти худро шурӯъ кардааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Кор ба пурраги сар шуд вале маошхоямонро надодаистодааст бояд надертар аз 5уми хармох маошро пардохт кунад…

  • Гами халки мехнаткашро хам хуред охи гуед маоши халкро дар вакташ диханд охи зиндагиамон бо ин маоши паст дар сатхи паст карор дорад ба доди мо ки мерасад???

Leave a Reply