Заринаи Тағоймурод: Аҳд кардам, ки то марг ба шавҳар намебароям!

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Заринаи Тағоймурод, ровии паричеҳраю ширинзабони радиои “Имрӯз” ва ғолиби даври дуюми озмуни “Ягона аз даҳгона” ҳафтаи гузашта меҳмони идораи “Оила” гашт. Мухлисони сершумораш Заринабонуро он қадар саволборон намуданд, ки мо, журналистон имкон наёфтем суоле диҳем. Инак, фишурдаи ин суҳбати аҷибро пешкаши шумо, хонандагони закии ҳафтанома мегардонем.

Савол:-Дар озмуни “Ягона аз даҳгона” якбора 10 ҳазор лайкро соҳиб шудан на ба ҳар ровӣ муяссар гаштааст. Заринабону шумо дар ин ҷода рекорд гузоштед. Ғолибиятро бароятон муборакбод мегӯем!

Ҷавоб: -Аввалан миннатдории худро ба дастандаркорони ин сомонаи бисёр ҳам муваффақ мерасонам, ки номи маро низ дар қатори дигар ровиёни шинохта ба озмун ворид карданд ва бо дастгирии хонандагони ин сомона ва ҳаводорони радио ҷоми ғолибият насиби банда гашт.  Ман бо 10 ҳазор овоз дар ин озмун ғолиб омадам, агар 30 фоизи ин овозҳо барои садои ман бошад, 70 фоизи дигараш барои радиои “Имрӯз” аст. Ман гумон мекунам, ин роҳбарияти радио, махсусан роҳбари он Худоёри Валиро водор месозад, ки аз ин пас барномаҳои ҷолибтареро ба шунавандагон пешкаш намоянд. Худоёри Валӣ роҳбари хирадманд буда, завқи баланду бойи эҷодӣ дорад. Ман боварӣ дорам, ки “Имрӯз” зери роҳбарии ин марди заковатманд боз ҳам машҳуртар мешавад.

Савол:-Заринабону бо “Соати тиллоӣ” зиндагиямон тиллоӣ мегузашт. Чаро як ҳафтаи охир на садоятонро мешунавему на барномаатонро? Ба шумо чӣ шуд?

Муқаддаси раштӣ.

Ҷавоб:-Ба ман бисёр чиз шуд, намедонам кадомашро бигӯям. Танҳо ба хотири шумо, мухлисони азизам, ман ба худ азм намуда будам, ки то анҷом ёфтани озмуни “Ягона аз даҳгона” тоқат карда, баъдан радиоро тарк менамоям.

Савол:-Магар гапатон бо роҳбарияти радио гурехта буд?

Ҷавоб: -Не, роҳбарияти радио баръакс маро дастгирӣ мекарданд. Ин масъала ба ҳаёти шахсии ман дахл дорад. Хеле сангин аст тарк намудани радио, вале ман маҷбур ҳастам, ки муддате аз шумо, шунавандагони азизам дур бошам. Мушкилиҳоям, ки бартараф шуданд, албатта дубора ба “Соати тиллоӣ бармегардам.

Савол:-Ман аз рӯзи аввали ин озмун боварии комил доштам, ки муаллимаи азизи ман- Заринабону ғолиб меоянд ва дуоям назди Худованд мастаҷоб гашт. Ба инаш шукр, вале чаро аз Донишкадаи санъат аз муаллимагӣ даст кашидед?

Адолатбону.

Ҷавоб:-Дар ҳақиқат чанд муддат ман дар ин донишкада ба ҳайси муаллимаи фанни “Маҳорати журналистӣ” дарс мегуфтам, чунки баъди хатми донишкада бо дипломи сурх устодон маро ҷавоб надоданд. Он замон фарзандонам хурдсол буданд ва кори омӯзгор барои ман беҳтар буд, аммо пас аз оне, ки онҳо боғчаравак шуданд, ба радио гузаштам, чунки аз оғоз ба ин кор шавқу ҳавас доштам. Аз муаллимагӣ даст кашида бошам ҳам, то ҳол барои донишҷӯёнам дилам гум мезанад, ёдашон мекунам….

Савол:-Заринаҷон, ман кампири 85- сола, танҳо барои садои хуши ту ҳамарӯза радиои “Имрӯз”-ро гӯш мекунам. Туро ғоибона мисли духтаронам дӯст доштаам. Ба хонаам ба меҳмонӣ даъват кунам, рад накарда меоӣ?

Шамоил, аз Балҷувон.

Ҷавоб:-Ман бе ду ҷигаргӯшаам ба ягон ҷо намеравам, агар бо фарзандонам даъват кунед, чаро не, албатта меоям!

Савол:-Зиндагии Зарина бидуни шунавандагонаш чӣ гуна сурат гирифта истодааст?

Шараф Расулов.

Ҷавоб:-Хеле бад! Вақте ки ба соат менигарам ва он лаҳзае, ки дар эфир будам, фаро мерасад, беихтиёр аз чашмонам селоби ашк ҷорӣ мешавад. Ман худро бе шунавандаи азизам бекасу нотавон эҳсос мекунам. Вақте ки дар радио кор мекардам, бо шунавандагон ҳамсуҳбат гашта, тамоми мушкилот ва дарду ғами диламро фаромӯш мекардам, имрӯз бошад, дар гирдоби зиндагӣ афтодаам….

Савол:-Рост аст, ки Русия рафта дигар барнамегардед?

Фозил, шунавандаи радио.

Ҷавоб:-Ман барои рисолаи дипломиямро ҳимоя кардан ба Русия рафта истодаам, ҳамин ки аз имтиҳонҳои устодон гузаштам, бо сари баланд баргашта, корамро дар радио идома мебахшам.

Савол:-Ҳар рӯз қарибиҳои соати 13 аз келинҳоям хоҳиш мекунам, ки радиоро монад, то овози Заринаҷонро шунавам. Раваду дар радио шуморо роҳбар гузоранд, розӣ мешавед?

Обида, шунавандаи ҳамешагиятон, аз н. Ҳисор

Ҷавоб:-Роҳбар будан масъулияти зиёде дорад, вале кадом сарбоз намехоҳад, ки генерал шавад. Худованд, агар ягон вақт роҳбар шуданро ба ман насиб гардонад, аз ин хонандаи азиз минатдор мешавам, ки шамъи ин орзуро дар дили ман аввалин шуда, фурӯзон карда буд. (Механдад)

Савол: -Чаро Заринабону насабашоро аз Абдуллоева ба Заринаи Тағоймурод  бадал намуданд?

Зулолаи норакӣ.

Ҷавоб:-Дар ҳақиқат рост аст, ки ман насабамро иваз намудам. Сабаб дар он буд, ки падари ман дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қурбони дасисабозиҳо гашта, ҷавонмарг шуданд. Мехоҳам бо ҳамин роҳ номи падарамро зинда созам. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз тарси силоҳбадастон аксари мардум тарки Ватан намуда ба Афғонистон фирор карданд, вале падари ман, ки духтур буданд “мо ягон гуноҳ надорем, барои чӣ бояд ватанамонро партофта равем” гӯён, якравӣ намуданд. Ҷанг кори худро кард, силоҳбадастон падарамро дар пеши чашми мо, ки он замон хеле хурд будем, бераҳмона ба қатл расониданд. Ман духтари калонӣ, хоҳар ва ду додарам боз ҳам хурдтар буданд, аммо он манзараи даҳшатангезро мо то ҳол фаромӯш накардаем. Ман то имрӯз он лаҳзаи ваҳшатзоро ба ёд оварда, мегирям. Он рӯз тир аз болои сарамон мисли борон меборид. Рафиқонаш тавалло карда мегуфтанд, ки Тағоймурод, биё равем, охир моро мекушанд.  Биё, аз дарёи Панҷ гузашта ба Афғонистон меравем, вале падарам рад карда гуфтанд, ки ман мард ҳастам, чор фарзандро партофта ҳагиз ҳаргиз намегурезам. Қаҳрамон аз олам рафт падарҷонам. Вақте ки ӯро куштанд, хеле ҷавон, ҳамагӣ 35- сола буд… (Зарина дар бораи падараш мегуфту оби дидагонаш аз чашмонаш шашқатор мешорид)

Савол:-Заринахон, дар чеҳраатон ғубори ғаму андуҳ ба чашм мерасад. Махфӣ набошад, бигӯед, ки аз чӣ дилшикастаед?

Ситораи Фармон, аз н. Рӯдакӣ

Ҷавоб:-Беқадрии зани тоҷик маро ҷигархуну афгор мекунад.  Зани тоҷик барои мард қадру қимате надорад. Зани тоҷикро мисли як чизи нодаркор бо кӯдакон аз дар берун мекунанд. Магар ин мардонагист? Дилшикастагии ман аз номардиҳои мардон аст!

Савол:-Шумо барин  зани кордону ширинсухан ҳаваси ҳар бинандаву шунавандаро меорад. Магар шавҳаратон рашк намекунад?

Зуфнун, аз маҳаллаи Шевченко.

Ҷавоб:-Рашк ҳамеша меҳмони хонадонамон буд. Беасос сари ҳар мавзӯъ рашкаш хеле зиёд буд. Шояд аз самимият буд ё ин ки аз муҳаббаташ буд, аммо оқилона набуд.

Савол: -Барои чӣ дар бораи шавҳаратон бо замони гузашта ҳарф мезанед?

Ҷавоб:-Ин мард дар зиндагии ман дигар вуҷуд надорад.

Савол:-Шунида будам, ки Заринаи Тағоймурод дар як филми тоҷикӣ нақш бозидааст, вале тамошо кардани он филм бароям муяссар нагашт…

Рустам, хонанда.

Ҷавоб:-“Вафодор” биёр филми аҷиб буд, вале бо сабаби норасоии маблағ коргардон Рустам Шоазимов натавонист онро ба анҷом расонад. Сарпарасти филм собиқ директори Заводи сементбарорӣ буд, дар айни ҷӯшу хурӯши наворгирӣ ӯро аз вазифа сабукдуш намуданд. Ҳамин чиз боис гашт, ки “Вафодор” нотамом бимонад. Ягон сарпараст пайдо шавад, боварӣ дорам, ки ин филм дар як муддати кӯтоҳ пешкаши ҳаводорони синамо гашта, мухлисони бисёре пайдо мекунад.

Савол:-Мавзӯи филм чист ва шумо кадом нақшро мебозед?

Ҷавоб:-Дар ин филм дугонаи ман мемирад ва кӯдаконаш бемодар мемонанд. Дар лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ дугонаам ба ман васият мекунад, ки Паймонаҷон бо шавҳарам хонадор шуда, ба кӯдаконам модарӣ кун. Ба хотири дугонаи ҷавонмаргам ман аз баҳри ишқу муҳаббат ва орзуҳои ширин худ гузашта, ба фарзандони ятимаки ӯ модар мешавам…

Савол: -Заринабону дар чанд ҷой кору фаъолият намудаед?

Латофати Набӣ, аз н. Ғозималик

Ҷавоб:-Сабақи аввалинро дар шабакаи аввал гирифтам, вале соли 2008 оиладор шуда, онро тарк намудам, чунки шавҳарам барои дар телевизион кор карданам иҷозат надод. Баъдтар дар Радиои Тоҷикистон “Боли парвоз”–ро мебурдам, аз он ҷо ба “Радиои Имрӯз” ба барномаи “Соати рӯз” гузашта, ба хотири тиллоӣ гузаштани як соати умри шунавандагонам барномаамро “Соати тилоӣ” унвон гузоштам.

Савол:-Ҳаёт таззодҳои худро дорад. Раваду ба Заринабону марди корчалоне пешниҳоди оиладоршавӣ намояд, қабул мекунед?

Одил, рӯзноманигор

Ҷавоб:-Марди тиллоӣ бошад ҳам, қабул намекунам. Модари ман  дар 28 солагӣ бо чор фарзанд танҳо ва ба хотири мо фарзандонаш дигар шавҳар накард, ҳарчанд хеле ҷавон буд ва талабгорони бисёре дошт. Ман духтари ҳамон зани бо нангу номус ҳастам ва ба худам аҳд намудаам, ки то мурдан шавҳар намекунам. Душвор бошад ҳам, мисли модарам аробаи зиндагии худу фарзандонамро мустақилона кашида, ба касе рӯйи ниёз намеорам, муҳтоҷи ягон мард намешавам. Боқимондаи ҳаётамро ба фарзандонам Юсуфҷон ва Фирӯзҷон мебахшам, онҳо давоми умри ман ҳастанд ва боварӣ дорам, ки ҳамчун мардони бо ору баномус ба камол расида, маро дар пириам соҳибию саробонӣ мекунанд.

-Дар охир ба мухлисонатон чӣ гуфтаниед?

-Ин сухани модарам дар зиндагӣ ба ман қувват мебахшанд: “Заринаҷон, ту шикаста бошӣ ҳам, вале нарехтаӣ!” Ман дар интиҳои ин суҳбати бисёр самимӣ ба тамоми шунавандагони радиои “Имрӯз ва хонандагони “Оила” мегӯям:

Мухлисони азизам, ман бо шумо зиндаам, то вақте ки шумо ҳастед, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз маро шикаста наметавонад!

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ!

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

4 комментарий

  • заринаи тагомурод ай шавхарои дигаро дар вакти шавхардоштанаш истифода намебурд ба чунин хол намерасид

  • Ин заринаи дидагитон дар фигри шавхари дигар кас буд шавхари худаш дар фикру хайёлаш набуд

    • А можно по подробнее?
      Просто стало как-то интересно услышать не ужели.

Leave a Reply