Зикри шароб дар сарчашмаҳои динӣ ва адабӣ

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ҳазорсолаҳост, ки атрофи пайдоиш, истеъмол ва манфиату мазаррати як неъмати хушгувору таънабори Худованд – май (шароб, бода, набид, набиз, хамр, духтари раз) миёни намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, хусусан зиёиёни равшанфикр ва ходимони дин баҳсу мунозира, радду бадалҳо идома дорад. Аз ин рӯ, дар ин нигошта бо фарогирии баъзе паҳлуҳои ин мавзӯъ тасмим гирифтем, пажӯҳише анҷом диҳем. Хоҳишмандам нисбати мо сахтгар набошед, зеро ҳадафи мо баррасии масъала аст, на танид ё тарғиби шароб.

Мусаллам аст, ки дар бештари сарчашмаҳо осмонӣ ё биҳиштӣ будани токи ангур таъкид шудааст, вале бархе муфассирон бар он назаранд, ки Одам баъди аз биҳишт ронда шуданаш бо тавтиаи Иблис дар замин ба токпарварӣ ва ниҳоят шаробкашӣ аз ангур даст зад. Гурӯҳи дигар ҳадс мезананд, ки Иблис дар биҳишт Одаму Ҳавворо аз шароби ангур махмуру саргарм намуд ва бар асари мастӣ аз гиёҳи мамнӯъ чашиданд ва ба хашми Худованд гирифтор шуданд. Аз ин рӯ, шаробро ум-ул-хабоис ва ё сари ҷамъи гуноҳҳо ё модари гуноҳҳош хонданд.

Ривояте дар Таърихи Табарӣ бад-ин мазмун омада:

Иблис токи ангурро (раз) шинондан пас товусеро кушта, хунашро бехи он мерезад. Баъди қомат афрӯхтанаш маймунеро кушта ва хунашро бехи ангур мерезад. Ҳангоми самар гирифтанаш хукеро кушта, аз хунаш ангурро шодоб месозад. Ин аст, ки бархе аз одамон баъди нўшидан, аввал товусвор мехироманд, сонӣ маймунбозӣ ва баъди зиёд аз меъёр нўшидан хук барин бетамизӣ мекунанд.

Қиссаи нӯшонида маст намудан ва бо падар ҳамхоба шудани ду духтари Лут паямбар гувоҳи аз роиҷ будани истеъмоли шароб дар ин аҳд аст.

Яке аз муъизаҳои Исои Масеҳ низ ба шароб рабт дорад. Паямбар Исо ҳанўз дар замони даҳсолагияш бо модараш хонаи зане меҳмон мешавад, ки шафоаташ ба ин хонадон расида буд. Зимни маҳфил шароб тамом мешавад ва соҳибхоназан хиҷолат мекашад. Бо инояти Худованд ва ба хотири аз ин вазъи ногувор баровардани мавсуф Исо дастур медиҳад, ки кӯзаҳои холии шаробро зери новадонҳои об гузоранд. Филфавр бо муъҷизаи Илоҳӣ кўзаҳои об ба шароб табдил меёбад.Зимни сухани хайрбодӣ низ охиршаби «шабҳои хилват» бо шогирдонаш қабл аз суъуд дар дасти Исо шароб буд. Ва ҷомро бардошту таъкид намуд: -« Бинўшед ин ҷомро то қатраҳои охирин…» Маросими ба маъбадиён додани каме нону шароб аз ҷониби роҳибони Калисо низ ба ин ишора нисбат дорад.

Таъкид бамаврид аст, ки дар шарқи куҳан (ҷазираи араб) оби нўшокӣ хеле кам буд ва ё сермаъдану шўр, аз ин рӯ бештар мардум аз ширу шароб истифода мекарданд.

Тибқи сарчашмаҳои мардумони эронинажод, аз ҷумла «Маздаясно» ва «Наврўзнома»-и ҳаким Умари Хайём майю ҷом ба аҳди шоҳ Ҷамшед мутааллиқ аст.

Зикри май ё шароб дар Қуръони азим-уш-шаън низ борҳо омадааст. Ҳоло он сура ва оятҳоро бе шарҳу тафсир пешниҳоди шумо хонандаи нозукфаҳм менамоям:

Аз ту дар бораи шароб ва қимор суол мекунанд. Бигу: «Дар ин ҳар ду гуноҳи сахт аст ва барои мардум нафъҳое (ҳам) хаст;ва гуноҳи ин ҳар ду аз нафъи онҳо сахттар аст… ( Бақара 219)

Ҷуз ин нест, ки Шайтон мехоҳад ба сабаби хамру қимор дар миёни шумо душманӣ ва нохушӣ биандозад ва шуморо аз ёди Худо ва аз намоз боздорад. Пас оё (алҳол) шумо бозистодед? (Моида 91)

Ҷоме аз шароб бар онҳо ( даст ба даст) гардонида шавад, ки сафедранг ва нўшидагонро лаззатдиҳанда аст.(Соффот 45-46)

Масали биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуд, ин аст: дар он ҷўйҳое аст аз об, ки (ба дермондагӣ) тағйир наёфтааст; ва ҷўйҳое аст аз шир, ки маззаи он барнагаштааст; ва ҷўйҳое аст аз майи лаззатдиҳанда барои ошомандагон; ва ҷўйҳое аст аз асали софкардашуда; ва барояшон он ҷо аз ҳар гуна меваҳо ҳаст; ва (онҳоро) аз Парвардигорашон омурзиш аст. (Оё онҳо) монанди касонеанд, ки ҳамеша дар оташ бимонанд, дар ҳоле ки ба онҳо оби гарм ошомонида шавад, пас (он) рўдаҳояшонро пора-пора созад. (Муҳаммад 15)

Дар он ҷо ҷоми шаробро аз дасти якдигар мегиранд, ки дар он на беҳудагўӣ бошад ва на гуноҳ. (Тур 23)

Бар тахтҳои зарбофт нишаста бошанд… (Писарони) навҷавонони ҷовидон бар гирди онҳо (барои хидмат) гардиш мекунанд.

Бо кўзаҳову ибриқҳо ва ҷомҳо (-и пур) аз шароби ҷорӣ. Онҳо аз (он шароб) на сардард мешаванд ва на аз ҳуш мераванд.

(Воқеа 15, 17,18,19)

Ҳамоно некўкорон аз ҷоми шаробе меошоманд, ки омезиши вай (оби) Кофур бошад …

Ва он ҷо ба онҳо ҷоми шаробе нўшонида шавад, ки омезиши он (оби чашмаи) Занҷабил аст.( Инсон 5-17)

Аз шароби холиси сарбамуҳр нўшонида мешавад, ки муҳри ў мушк аст. Ва рағбаткунандагон бояд, ки ба ҳамин (шароби пок) рағбат кунанд. (Муттафифин 25-26)

Дар ҳадисҳои Паямбари ислом ҳазрати Муҳамммад (с.а.в) низ дар боби зарару хатари шароб сахт таъкид ёфтааст, ки аксарашон мазмунан шабеҳи ҳадиси зеранд:

Аз Оиша(а) ривоят аст, ки гуфт: Касе аз паямбари Худо(с) аз ҳукми битъ, ки мардуми Яман онро аз набизи асал таҳия намуда ва меошоманд, пурсиш намуд, фармуданд: «Ҳар шаробе, ки сабаби мастӣ шавад, ҳаром аст» (Яъне, асоси таҳрима мастӣ аст ва тағйири шакл ва ном ва кайфияти сохтан таъсире ба ҳаром будани он надорад).Мухтасари Саҳеҳи Бухорӣ, китоби машрубот, боби 1,ҳадиси 1933-юм)

Аз иқтибосҳои мазкур бармеояд, ки шароб ба мазмунҳои моддӣ ва маънавияш ду навъ: Илоҳӣ ё осмонӣ (биҳиштӣ) ва табиӣ (заминӣ) мебошад ва албатта дар осори шоирони классик ва муосир низ маю майгусорӣ ба ду маънию мазмун тасвиру ташбеҳу тазкиру тамсилу тавсиф шудааст.

Чанд намуна:

Май оварад, шарафи одамӣ падид,

Озоданажод аз дирамхарид. (Рўдакӣ)

***

Чун даргузарам ба бода шўед маро,

Талқин зи шароби ноб гўед маро.

Хоҳед, ки ба рўзи ҳашр ёбед маро,

Аз хоки дари майкада ҷӯед маро.(Хайём)

***

Агар имоми ҷамоат талаб кунад имрўз,

Хабар кунед, ки Ҳофиз ба май таҳорат кард.

***

Соқӣ ба нури бода барафрўз ҷоми мо,

Мутриб бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо.

Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,

Эё бехабар, зи лаззати шурби мудоми мо. (Ҳофиз)

***

Қатраи май сари Мансур баровард ба дор,

Войи он кас, ки ҳама умр майи ноб хӯрад. (Ҳофиз)

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аввалҳо май нўшобаи ашрофзодаву асилзодаҳо буда, ба хотири рафъи хастагӣ, ваҷди ҳолати руҳӣ, ҷиҳати беҳдоштию саломатӣ истеъмол мегардид ва нўшиданаш макрӯҳ набуд. Дар натиҷаи беқадршавию бадномшавии бода аз ҷониби нохалафону ноаслон, ки мастию пастӣ намуда, бар асари нўшидани аз меъёр берун ба қатлу таҷовусу бешарафию бедодгарӣ даст заданд, дар Ислом мамнуъ эълом гардид.

Ба қавли Саъдӣ:

Май ҳалол аст касеро, ки бувад хонабиҳишт,

Хоса аз дасти ҳарифе, ки ба ризвон монад.

Май, ки бадном кунад аҳли хирадро ғалат аст,

Балки май мешавад аз суҳбати нодон бадном.

Ва ё ба қавли Синои бузург:

Дар бисёраш мазаррати андак нест,

Дар андаки ў манфиати бисёр аст.

Қазоватро аз овардаву гуфтаҳо ба дасту ихтиёри Шумо, хонандагони огоҳ дода, ин ҷо нукта мегузорам.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор,

журналист


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Май душмани масту дуст бо хушер аст,
    Андак тарёку беш захри мор аст.
    Дар бисёраш мазаррати андак нест,
    Дар андаки у манфиати бисёр аст.

  • Май бинуш, масхаб бисузу оташ андар Каъба зан,
    Сокини будхона бошу мардумозори макун!

    ё шояд:
    Май бинуш, мусхаф бисузу оташ андар Каъба зан,
    Сокии майхона бошу мардумозори макун!

Leave a Reply