Зулайхо: Ману шавҳарам дар кӯча мемирем

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

“Ман як марди бечораю мазлуме ҳастам, ки умрам дар аробачаи маъюбӣ гузаштааст. Шабу рӯз Худоро зорӣ мекунам, ки ҷонамро зудтар бигирад, то ки аз азобу ранҷи ин дунёи бераҳм халос шавам, вале Парвардигор ҳам нолаҳои зори мани музлимро намешунавад.

Ҷонам аз дарбадарӣ ба лабам расидааст, намедонам дарду аламҳои диламро ба кӣ гӯям?”-ин суханони Нурмуҳаммад Раҷабов аст, ки дар аробачаи маъюбӣ нишаста, бо гардани каҷ ба сӯям нигоҳ мекунад. Тақдири талхашон ин ҷавони маъюб ва ҳамсари ӯро ба идораи ҳафтаномаи “Оила” овардааст.


Сӯзандору ҳаётамро сӯхт

Одатан одамони маъюб сарнавишти талхашонро аз қисмат дониста ба тақдир тан медиҳанд, вале Нурмуҳаммад аз табибон домангир аст. Вай аз модар солим ба дунё омада буд, вале дар шашмоҳагӣ шабе табби баланд карду волидонаш духтур ҷеғ заданд. Падару модар ба умед буданд, ки табибон фарзандашонро аз таб наҷот медиҳанд, вале баръакс як сӯзандоруи гузаронидаи духтур ҳаёти бачаро якумра сӯхт. Баъди ҳамон сӯзандоруи тақдирсӯз Нурмуҳаммад фалаҷ шуда, якумра ба бистари беморӣ мехкӯб гашт.

Арӯс аз радио

Як умр дар бистари беморӣ хобидану шабҳоро бо гиря саҳар ва рӯзҳоро бо интизории марг ба шом расонидан басо душвор аст. Ин дарди ҷонгудозро танҳо Нурмуҳаммад барин одамони бадбахте дар мағзи ҷони хеш эҳсос менамоянд, ки ба бистар мехкӯб гаштаанд. Барои каме ҳам бошад, дарду аламҳои худро фаромӯш намудан, вай   мудом барномаҳои “Садои Душанбе” ва радиои “Имрӯз”-ро гӯш мекард ва бо воситаи радио дӯстони зиёде пайдо намуд. Дар байни ошноҳои радиоии Нурмуҳаммад Зулайхо ном ҷавонзани оромтабиат ва меҳрубоне буд, ки рафтору гуфтораш аз дигарон тамоман фарқ мекард. Тақдир нисбати ин духтараки хушахлоқ бераҳмӣ намуда, ӯро аз чашидани шаҳди бахт бенасиб гардонида буд.

Зулайхо бо ашки шашқатор ба Нурмуҳаммад нақл кард, ки баъди ҳамагӣ 17 рӯзи тӯйи арӯсиаш домод ба зиндон афтодааст ва барои он ки як умр интизор нашавад, ӯро дар толори суд се талоқ намудааст. Нурмуҳаммад Зулайхоро тасаллӣ дода мегуфт, ки ҳаргиз дар зиндагӣ навмед набошад, зеро Худованд ҳаргиз бандаҳои дӯстдоштаашро танҳо намемонад, вале ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки…

Бахте, ки Нурмуҳаммад интизораш набуд

Як рӯз дар омади гап Нурмуҳаммад аз Зулайхо хоҳиш кард, ки барояш ягон арӯси меҳрубоне ёбад, ки мисли худаш маъюб бошад. Зулайхо каме фикр карда гуфт: “Ту худат маъюб ҳастӣ, боз як маъюби дигарро ба занӣ бигирӣ, кӣ шумоёнро нигоҳубин мекунад? Беҳтараш ман худам ба ту зан шуда, як умр хизмататро карда мегардам, агар ту инро хоҳӣ албатта…”

Нурмуҳаммад аввал  ин гапи Зулайхоро шӯхӣ хаёл кард, зеро ҳеҷ бовар надошт, ки як зани солим ва зебо метавонад ҳамсафари ҳаётии вай барин марди маъюбу мазлум бигардад. Вақте фаҳмид, ки Зулайхо ҷиддӣ мегӯяд, аз хурсандӣ қариб шодикаф шуда буд..

Тӯй бе дуои падар

Ҳамин тавр бо розигӣ ва маслиҳати тарафайн Нурмуҳаммад ба хонаи падари Зулайхо хостгор фиристод. Волидони арӯс маъюб будани домодро фаҳмида исён бардоштанд. Модараш ба сари Зулайхо дод зада мегуфт:

-Як маротиба сиёҳбахт шуданат кам нест, ки ҳаётатро дубора бо дасти худат сӯхтан мехоҳӣ?!

Дар ҷавоби ин суханони модар Зулайхо танҳо як ҷумла гап гуфт:

-Ин дунё кирои гап надорад, ман мехоҳам ин ҷавони маъюбро нигоҳубин карда, савоби охиратро ба даст биёрам…

Ҳамин тавр бо истодагарии арӯс падару модараш ба никоҳи онҳо розигӣ доданд, вале пеш аз тӯй падараш бо ситеза ба Зулайхо гуфт:

-Нашавад, ки ду рӯз пас “зиндагиамон нашуд” гуфта, баргашта биёӣ. Дониста мон духтар, ман туро дубора ба хона роҳ намедиҳам!

-Чизе, ки шаваду нашавад, аз тақдирам мебинам,-сар ба зер афканда гуфт Зулайхо ва қадам ба роҳе ниҳод, ки поёнаш нопайдо буд….

Ҳамин тавр маъракаи хоксоронае ороста сари онҳоро ҷуфт намуданд.

Рӯзи тӯй бо аробаи маъюбӣ омадани домодро дида, хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо ба ҳоли Зулайхо хуб хандиданд, ки дигар одам наёфта ба як ҷавони бе пой расидааст, вале арӯсро парвои нигоҳҳои каҷу масхараомези меҳмонҳои сангдил набуд….


Захми табар мераваду…

Зулайхо гумон дошт, ки баъди ба хонаи шавҳар қадам ниҳодан ҷонаш аз ин ҳама гапу калочаҳо халос мешавад, аммо хаёлаш хом баромад. Зану шавҳари ҷавонро баъди тӯй низ ором зистан намонданд. Ҳамсояҳо ва ҳатто баъзе пайвандони худи Нурмуҳаммад гумон доштанд, ки ӯ ҳамчун мард ба ягон амал қодир нест ва қобилияти бо зан муносибат намуданро надорад. Онҳо ошкоро домоду арӯси навро масхара карда, тафсилоти ҳаёти маҳрамонаашонро пурсон мешуданд. Ба назар чунин мерасид, ки ин одамон ба ғайр аз фаҳмидани асрори таги ҷогаҳи Нурмуҳаммад ва Зулайхо дигар ягон кор надоранд. Дар ҳаққашон чӣ гапҳое, ки набофтанду чӣ сафсатаҳое, ки набароварданд.  Кор ба ҷое расид, ки “дастони ту ҳароманд” гуфта, намемонданд, ки ба дегу табақ наздик навад ва “даҳонат ҳаром” гӯён, ҳамроҳаш дар сари як дастурхон нишаста, нону хӯрок намехӯрданд.

Таънаю пичинг ва мазоқу масхараи атрофиён аз ҷавшани ҷони Нурмуҳаммад ва Зулайхо мегузашт, вале ба ҳамааш тоқат мекарданд, зеро дар ҳақиқат дӯст медоштанд ва ҳамдаму ҳамрози ҳам буданд…

“Дӯстон”-и иғвоангез

Ба ном “дӯст”-ҳое низ пайдо шуданд,  ки Нурмуҳаммадро огоҳӣ доданӣ шуда мегуфтанд: ”Ту як одами маъюбу нимбисот, вале занат солиму ҷавону зебо аст. Ҳаргиз ӯро бе назорат намон, боз ягон марди дигарро ёфта гурехта наравад… “

Нурмуҳаммад ба ин сафсаттаҳо аҳамият намедод, зеро дилаш аз ҳамсараш пур буд. Вай хуб медонист, ки Зулайхо зани покдомон ва худотарс аст, агар чунин намебуд, ҷавонмардони солиму пулдорро монда, ба ӯ ба шавҳар намебаромад.

Туҳмати тоқатфарсо

Ҳамин тавр аз байн чор сол гузашту Худованд ба онҳо духтарчаи зебою дӯстрӯяке ато намуд. Хабари соҳиби фарзанд шудани Нурмуҳаммади маъюб барқсон дар деҳа паҳн гашт ва бадхоҳоне пайдо шуданд, ки аз ҳамин хурсандӣ низ фоҷиа сохта, ҳаёти хушбахтонаи ин оилаи ҷавонро барҳам задан мехостанд. “ Кӯдакат аз худат ё аз ҳамсоя?” писханд зада мегуфтанд дар рӯйи Нурмуҳаммад.

Ин туҳмати номардона аз ҷавшани ҷони ин зану шавҳари меҳрубон гузашт ва захми забони одамони каждумсират боис гашт, ки Зулайхо ва Нурмуҳаммад фарзандашонро гирифта, тарки хонаю дари хеш намоянд…

Дар гирдоби зиндагӣ

Нурмуҳаммад зану кӯдакашро гирифта аз Бохтар ба пойтахт омад ва дертар дар ноҳияи Рӯдакӣ хонаи иҷора ёфт. Инак, чанд вақт мешавад, ки онҳо дар иҷорахона зиндагӣ карда истодаанд. Зистан дар хонаи иҷора душвор бошад ҳам, зану шавҳар Худоро шукр мегӯянд, ки аз захми забони дӯсту душман халос шуданд. Ягона чизе, ки онҳоро дар ин ҷо ташвиш медиҳад, ин норасоии маблағ аст.

Хотири як пора нон

Бо сабаби маъюб буданаш Нурмуҳаммад наметавонад дар ягон ҷо кор карда, зиндагиашро пеш барад. Ӯ аз ночорӣ ҳар рӯз ба кӯчаҳои шаҳр баромада, аз мардум садақа металабад. Дар як рӯз базӯр 10-15 сомонӣ ёфта ду дона нон, шакар ё равған мехарад, вале магар бо чунин маблағи ночиз дар хонаи иҷора зиндагӣ карда мешавад? Соҳиби хона таъкид карда истодааст, ки агар ин моҳ ҳам маблағи иҷорапулиро надиҳанд, онҳоро аз дар берун мекунад. Нурмуҳаммад намедонад сари сахташро ба куҷо занад, зеро касе нест, ки дар чунин рӯзҳои сахту сангин дасташро бигирад.

Зулайхо:
Мансабдорон ба ҳолам хандиданд

Вақте аз ҳамсари Нурмуҳаммад пурсидем, ки чаро бо ариза ба  мақомот муроҷиат намекунад, бо чашмони пуроб гуфт:

-Ростӣ, як-ду бор муроҷиат кардам, вале мансабдорон писханд зада гуфтанд: “Гул барин зани зебо ҳастӣ, саратро магар гов зер карда буд, ки ба як маъюб расидӣ. Аз баҳри шавҳарат баро, ту  ҳоло ҷавон ҳастӣ, дилхоҳ мард туро ҷон-ҷон гуфта ба занӣ мегирад…”

Ба гуфти Зулайхо баъди шунидани чунин ҳарфҳои бедилона аз забони баъзе мансабдорон дилаш аз оламу одам хунук шуда, дигар на барои замин ва на ба хотири кӯмак ба ягон идора муроҷиат накардааст…

Вай намехоҳад шавҳараш аз зиндагӣ дилсард гардад, барои ҳамин дар танҳоӣ мегиряд. Оре, зор-зор мегиряд барои бекасию бечорагӣ, камбағалию зорию зориашон, вале…

Умед ба мири шаҳр дорем

Ягона чизе, ки  дар бисоти ин зану шавҳар боқӣ мондааст, шуълаяки наҳифи умед аст. Нурмуҳаммади маъюб ва ҳамсари дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайронмондааш Зулайхо дар бораи раҳмдилӣ ва инсофу имони мири ҷавону кордони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бисёр шунидаанд. Онҳо умед доранд, ки дарди дилашон ба гӯши фарзанди номвари Пешвои миллат мерасад ва Рустами Эмомалӣ мисли падари бузургвораш, ки дасти ҳазорон-ҳазор маъюбу бечорагонро гирифта, ба онҳо умеди зиндагӣ бахшидааст, мушкили ин оиларо осон намуда, барояшон сарпаноҳе медиҳад, то ки нафаси осуда кашанд.

Мо низ умед дорем, ки тақдири талхи ин ҷавони маъюб ва зану фарзандаш касеро бе парво намегузорад ва бо кӯмаки одамони саховатпешаю хайрхоҳ мушкили Нурмуҳаммаду Зулайхо осон хоҳад гашт…

Рустам Азимӣ

Р/С

Рақамҳои Зулайхо ва Нурмуҳаммад дар идораи ҳафтаномаи “Оила” маҳфузанд. Шахсоне, ки ба ин оилаи муҳтоҷ ёрӣ расондан мехоҳанд, метавонанд тариқи телефонҳои 238-53-35, 985-81-89-81  ё  93-180-77-81 ба мо муроҷиат намоянд.  

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Зулайхо: Ману шавҳарам дар кӯча мемирем

  • Аҳсан ба Шумо хохари азиз барои ин амали нек. Худованд барои шумо аҷри бузург медиҳад. Ҳаргиз аз зиндаги ноумед набошен. Лутфу марҳамати Худо беохир аст. Ин ҷаҳон муваққатӣ аст ва ҷои санҷиши мо бандагон аст. Сабрро мевааш ширин аст. Шумо сабур бошен. Шумо хоҳарам беҳтарин модар, беҳтарин зан ҳастен. Эе кош ҳамаи занҳо ба мисли Шумо содиқ бошанд.

Leave a Reply