• Administrator
  • 07.03.2019
  • 0

16 нафар қурбонии таркиш дар Ҷалолобод

Ба гуфтаи як мақоми расмии Афғонистон теъдоди қурбониҳои ҳамлаи ҷангиён ба ширкати сохтмонӣ дар вилояти шарқии Ҷалолобод ба 16 нафар расид.

Оятуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор гуфт, ки рӯзи чоршанбе пеш аз ҳамлаи се ҷангӣ ба ширкати сохтмонии воқеъ дар наздикии фурӯдгоҳи аслии пойтахти Ҷалолобод, ду маргталаб худро мунфаҷир кард.

Хулиёнӣ гуфт, ки ба думболи таркиш дар байни сарбозони амниятӣ ва ҷангиён задухурд сурат гирифт. Ба гуфтаи ӯ дар ин ҳодиса 16 нафар кушта ва 10 тани дигар захмӣ шуд, ки аксаран кормандони ширкати хусусии сохтмонӣ буданд.

Хугиёни ҳамчунин гуфт, ки ҳамлагарон кушта ва авзо ба эътидол оварда шуд.

Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, аммо ҳарду — ҳам Толибон ва ҳам гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар шимоли Афғонистон, махсусан дар Нангарҳор фаъол ҳастанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner