• Mardon
  • 11.04.2019
  • 0

Асосгузори WikiLeaks боздошт шуд

Пулиси Лондон Ҷулиан Ассанҷ, асосгузори WikiLeaks-ро, ки дар зарфи 7 соли ахир дар сафоратхонаи Эквадор дар Британия паноҳ бурда буд, дастгир кард.

Сафири Эквадор ба пулис иҷозаи вуруд ба сафоратхонаро додааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти идораи пулиси Лондон дар Скотленд-Ярд, ҳоло Ассанҷ дар идораи пулиси маркази Лондон нигаҳдорӣ мешавад.

Ленин Морено, раиси ҷумҳури Эквадор гуфтааст, ки ба далели вайрон кардани қонуну меъёрҳои байналмилалӣ  Ассанҷ аз паногоҳаш дар сафоратхона ихроҷ шудааст.

7 декабри соли 2010 Ҷулиан Ассанҷ аз ҷониби пулиси Лондон боздошт шуда ва пас аз 9 рӯз Суди Олии Лондон ӯро бо пардохти маблағи гарав озод карда буд.

Дар соли 2012 додгоҳи Британия қарори ба мақомоти Шведсия супоридани Ассанҷро содир кард, аммо Ассанҷ дар сафоратхонаи Эквадор дар Лондон паноҳ бурд.

Ҷулиан Ассанж, шаҳрванди Австралия, аз тариқи WikiLeaks ҳудуди 500 ҳазор санади махфии низомӣ ва дипломатӣ дар робита бо низоъҳои мусаллаҳона дар Афғонистон ва Ироқ дар соли 2012-ро мунташир карда буд.

Аз ин лиҳоз, имкон дорад  асосгузори WikiLeaks ИМА истирдод шуда ва дар додгоҳи ин кишвар  муҳокима шавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner