• Mardon
  • 11.06.2019
  • 0

Ҷавони 16-солаи тоҷик дар Русия ғарқ шуд

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия гурӯҳи наҷот аз об ҷасади ҷавони тоҷикро берун оварданд, ки бо далоили номаълум ғарқ шуда буд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Ленинград, рӯзи 8 июн дар ноҳияи Фрунзе ҷавоне ғарқ шуда ва кормандони ин ниҳод билофосила ба маҳали ҳодиса расидаанд.

Чи тавр ғарқ шудани ҷавон маълум нест. Ҳоло ниҳодҳои қудратӣ ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Қаблан дар шаҳри Санкт-Петербург духтари 14-солаи тоҷик, ки бо дӯстонаш дар соҳили Халиҷи Фин истироҳат мекард, ба ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда буд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner