• Mardon
  • 15.04.2019
  • 0

Бузургтарин ҳавопаймо аз санҷиш гузашт

Бузургтарин ҳавопаймо дар ҷаҳон дар биёбони Мохавеи иёлоти Калифорнияи Амрико аз санҷиши муқаддамотӣ гузашт.

Ҳавопаймои Stratolaunch Systems Model 351 дорои 6 муҳаррик (мотор) буда, андозаи болҳояш 117 метр, дарозиаш 53 метр ва баландиаш 15 метрро ташкил медиҳад.

Вазни холиси ҳавопаймо 226 тонна ва ҳомили бор 590 тонна арзёбӣ мешавад.

Ин ҳавопаймои бузург барои ба кайҳон расондани дастгоҳҳои кайҳонӣ пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, дастгоҳи кайҳонӣ дар мобайни ду бол насб шавад.

То ба ҳол, ҳавопаймои сохти шӯравии Ан-225 “Мрия” ҳавопаймои бузургтарин дар ҷаҳон ҳисоб меёфт. Ин ҳавопаймо нахустин бор 2 декабри соли 1988 парвоз карда ва имкон дорад 200 тонна борро интиқол диҳад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner