• Бахтовар Сафаров
  • 09.05.2019
  • 4

Дмитрий Медведев: Модари ман замони ҷанг дар Тоҷикистон буд

«Дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ модари ман ба Тоҷикистон интиқол дода шуда буд. Мо ҳамроҳи ӯ ҳамеша ёди тоҷикон мекардем ва дар бораи Тоҷикистон, ки сарпаноҳи садҳо зарардидагони ҷанг буд, суҳбат менамудем.»

Ин нуктаро сарвазири Русия Дмитрий Медведов, санаи 28 апрел дар намоишгоҳи «Мо якҷоя муқобили натсизм будем» дар ҳузури хабарнигорон ва иштирокчиёни ин чорабинӣ ироа кард.  

Баъди ифтитоҳи расмии чорабинӣ, ки намояндагони 15 кишвари собиқ Шӯравӣ дар он ширкат варзиданд, сарвазир лавҳаҳои ёдгориро аз назар гузаронид ва баробари дидани исми  ҷанговарони тоҷик дар тоблу гуфт:

«Модари ман ҳамеша дар бораи Тоҷикистон нақл мекард. Махсусан аз кӯмакҳои халқи тоҷик ба мардуми зарардида (эвакуатсияшуда) ёдоварӣ менамуд. Ӯро сарнавишт, даҳшати ҷанг ба Тоҷикистон бурд, аммо дар он кишвар сарпаноҳу дастгирӣ ёфт». 

Дар ин радиф Дмитрий Анатолевич дар мавриди баробар саҳм доштани ҳамаи халқҳои собиқ Шӯравӣ дар ­Ғалаба ишора кард: 

«Ба ёд овардани тоҷикону Тоҷикистон бесабаб нест. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки дар Ғалаба бар фашизм ҳамаи халқҳои собиқ Шӯравӣ саҳм доранд. Мо аз онҳое, ки ватани моро ҳимоя карданд, новобаста аз он ки дар фронт буданд ё дар ақибгоҳ сипосгузорем. Маҳаки асосии Ғалабаи халқҳои мо дар иттифоқи онҳо аст». 

Мавриди ёдоварист, ки аз Тоҷикистон зиёда аз  290 ҳазор нафар ба фронт рафтанд, ки сеяки онҳо барнагаштанд.

Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ яке аз минтақаҳои қабули зарардидагони ҷанг ба ҳисоб мерафт ва ҳазорон нафар осебдидагони ҷанг то Ғалаба дар кишвари мо паноҳ бурданд.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Anonymous:

    Бисертар депортации кунен халки точик мехмондуст буд ва мемонад………

  • Anonymous:

    Ана барои хамин патени мухочирони чочикро арзон кунан бисёр хуб мешид

  • Точик:

    Дар бораи Точикистон гап зада чурааи Сайефа фаромуш кардааст. Э Димае и эшони Сайеф ин кадар бо ту рафокат дораду занг заданхояшро дар СССр аш накл мекунад ту боши….Зачем гандаги Дима Сашкаро номбар накардие….

  • Anonymous:

    модараш памяти хуб доштаст вақти сарварии ҷанг вай хамги 2 сола буд .тач

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner