• Mardon
  • 10.06.2019
  • 0

Гулнора Каримова таҳти фишор қарор дорад

Грегуар Манҷа, адвокати Гулнора Каримова аз тариқи Twitter дар мавриди монеъ шудан ба табобат ва фишор болои зерҳимояаш хабар додааст.

Духтари Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Ӯзбекистон 18 декабри соли 2017 ба муддати 10 сол равонаи зиндон шуда буд.

Тибқи маълумоти додгоҳ, ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

Баъдан муддати зиндон то 5 сол кам шуда ва ба ӯ иҷоза адои ҳабс дар шароити хона бо духтараш Имон дода шуд.

Аммо 5 марти соли ҷорӣ ба далели дағалона вайрон кардани муқаррароти ҳабси хонагӣ Гулнора Каримова бо қарори додгоҳи ноҳияи Яшнободи Тошканд ба маҳбаси умумӣ интиқол гардид.

Дар ҳамин ҳол, додситонии кулли Ӯзбекистон иттилоъ дар бораи фишори равонӣ ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро рад кард. Каримова айни ҳол дар зиндони занонаи Зангиота адои ҳукм мекунад.

«Вазъи сиҳатии вай муътадил аст, ҳангоми зарурат ёрии тиббӣ дарёфт мекунад», — иттилоъ медиҳад додситонӣ.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner