• Mardon
  • 09.04.2019
  • 0

Инфиҷор дар Тирмиз: Ду нафар кушта шуд

Бар асари инфиҷор дар бинои серошёна дар шаҳри Тирмиз, маркази вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ду нафар ҷон бохтаанд.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти Додситони кулли Ӯзбекистон, инфиҷор рӯзи 8 апрел соати 11.30-и вақти маҳаллӣ дар таҳхонаи муассисаи “Фасад  Диёр” рух додааст. Далели ин ҳодиса хориҷ ва ҷамъ шудани гази табиӣ дар таҳхона будааст.

Бахши ҷиноятҳои вазнини додситон шаҳри Тирмиз  нисбати ин ҳодиса тафтишотро оғоз кардааст.

Атрофи биное, ки инфиҷор рух додааст, ходимони ниҳодҳои пулиси нақлиёт иҳота карда ва рафту омадро ба ин самт манъ кардаанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner