• Mardon
  • 06.04.2019
  • 1

Қиссаи “Арӯси 11-сола» боз расонаӣ шуд

Расонаҳои Русия аз таваллуди фарзанди сеюми Валя Исаева, ҳамсари Ҳабиб Патахонови тоҷик хабар доданд.

Қиссаи Ҳабиб ва арӯси ноболиғаш дар соли 2005 Русияро “шок карда буд”.

Он замон Валяи 11-сола аз муҳоҷири кории тоҷик-Ҳабиб, ки дар манзили бибии ӯ дар ноҳияи Капотняи шаҳри Маскав  иҷоранишин буд, ҳомиладор шуд.

Аҳли ҷомеаи Русия талаб доштанд, ки Ҳабиб ба ҷурми ҳамхобагӣ бо духтари ноболиғ шадидан муҷозот шавад.

Вале Валя аз тариқи барномаҳои телевизиони Русия иброз дошт, ӯ ва Ҳабиб ҳамдигарро дӯст медоранд ва мехоҳанд бо ҳам издивоҷ кунанд.

Додгоҳи шаҳри Маскав Ҳабиб Патахоновро ба ҳабси шартӣ ҳукм кард ва ҳарду ба зиндагии якҷоя шурӯъ карданд.

Аввал духтар таваллуд шуд ва ӯро Амина ном гузоштанд. Дар соли 2013 Амир, фарзанди дуюми онҳо ба дунё омад.

Сипас, қиссаҳои “Санта-Барбара” сар шуд. Ҳабибу Валя дар шоуҳои телевизиони Русия   ширкат  карда, ҳамдигарро дар бевафоӣ ва хиёнат муттаҳам карданд.

Баъдтар Валя иқрор шуд, ки телевизионҳои Русия худ ин гуна қиссаро бофта ва ба онҳо пули калон додаанд, то саҳнасозӣ кунанд.

Валя ба нашрияҳои Русия гуфтааст, ки фарзанди сеюмашонро Дамир ном гузоштаанд. Аммо ба хонаводаи Ҳабиб Патахонов дарТоҷикистон хабар надодаанд.

Зеро ба гуфтаи Валя, пас аз шоуҳои телевизионӣ модари Ҳабиб гуфтааст, ки “дигар писарам бо духтари сабукпои рус зиндагӣ нахоҳад кард ва ман ӯро зани тоҷик медиҳам”.

Вале Ҳабиб Патахонов гуфтааст, ки Валяро дӯст медорад ва аз ӯ ҷудо нахоҳад шуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Anonymous:

    Дуст дорад зиндаги кунад.Се фарзанд дошта бошад,зиндагиша бинад.гайбат накунен!

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner