• Бахтовар Сафаров
  • 01.03.2019
  • 0

Мӯйсафеде, ки 25-сола метобад

Пӯшида нест, ки мардуми Хитой аз синну солашон хеле ҷавонтар менамоянд. Чиниҳо бо дарозумрияшон низ аз сокинони дигари сайёра фарқ мекунанд. Як марди хитоӣ аз Шанхай бо номи  Ху Хай, ки 68-сола аст, ончунон ҷавон менамояд, ки ҳатто духтарҳои ҳанӯз шавҳар накарда ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Сирри ҷавонии ин мӯйсафеди хитоӣ дар муҳаббати зиёдаш ба варзиш ва истеъмоли ғизои дуруст  будааст. Ин марди 68-сола бо йога машғул аст. Вай каллаашро бо усули махсус поён карда, пойҳояшро мебардорад ва чунон ҳаракатҳое мекунад, ки кас аз диданашон дар ҳайрат мемонад. Мутахассисон бар он ақидаанд, ки маҳз ҳамин амалҳояш сади роҳи калшавӣ ва пайдо шудани ожангҳо дар рӯйи Ху Хай гаштаанд. Мӯйсафед бисёр чусту чолок аст ва мегӯяд худро мисли ҷавони 25 -сола ҳис мекунад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner