• Бахтовар Сафаров
  • 12.03.2019
  • 1

Модари чор фарзанд вампир шуд?

Бонуи мексикоӣ Мария Хосе Кристерна ба қароре омадааст, ки ҳаёти худро куллан тағйир медиҳад.

Мария дар синни 17-солагӣ бо ҷавони дӯстдоштааш арӯсӣ карда, дар аввал хушбахт буд, вале баъдан мушту шаллоқи шавҳар дили занро аз зиндагӣ сард гардонд. Мария кӯшиш мекард, ки дарду ғамашро тавассути пирсинг ва тату фаромӯш созад.

Билохира ин оила пош хӯрд ва Мария Хосе баъди аз шавҳараш ҷудо шудан ба қарори аҷибе омадааст. Ин зан шояд аз алами шикасти зиндагӣ руҳан бемор шуда, мехоҳад худро ба вампир табдил диҳад.

Ёдовар мешавем, ки Мария дар  сини 31-солагӣ холкӯбию пирсингро сар карда буд ва бо мурури солҳо шумораи холкӯбиҳо афзун гашта, симояш ба дараҷаи шинохтанашаванда тағйир ёфт. Айни замон ин зан 42 сол дорад ва  99% пӯсти баданаш пур аз холкӯбӣ гаштааст. Дидани чеҳраи ба вампир монанди Мария касро ба даҳшат меорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner