• Administrator
  • 10.03.2019
  • 0

Мушкилоти бебарқӣ ва марги 15 бемор

Як гуруҳи мудофеи ҳуқуқи беморон гуфт, дар натиҷаи бебарқӣ ва фаъол набудани дастгоҳҳо, понздаҳ шаҳрванди Венесуэла дар бемористон ҷон бохтаанд. Франсиско Валенсиа, раиси созмони Codevida, рӯзи 9-уми март гуфт, ин афрод ҳамаашон бемории гурда доштанд ва аз кор мондани дастгоҳҳо боис ба маргашон шуд.

Аз рӯзи ҷумъа боз дар аксар минтақаҳои Венесэула интиқоли нерӯи барқ қатъ шуда, беморонро бахусус дар мизи ҷарроҳӣ бо мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст.

Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла, рӯзи ҳаштуми март қатъи барқро “як дасиса” аз ҷониби мухолифони сиёсии дохилиаш ва ҳамчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико унвон кард.

Хуан Гуайдо, раҳбари ҳизби мухолиф, ки худашро раиси ҷумҳури муваққати Венесуэла эълон кардааст, гуфт, ҳукумати Мадуро бо сиёсатҳои сотсиалистии худ мехоҳад ба иқтисоди ин кишвар зарба бизанад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner