• Mardon
  • 13.05.2019
  • 1

Наттоқи маъруфи телевизиони Афғонистон кушта шуд

Мино Мангал, наттоқи шинохтаи телевизион ва корманди Вулуси Ҷирга ё порлумони Афғонистон ба қатл расид.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, гуфт, ҳодиса 11 май дар ноҳияи ҳаштуми Кобул рух дод. Ҳеч шахс ё гуруҳе масъулияти қатли Миноро ба дӯш нагирифтааст.

Мақомоти пулиси Ағфонистон мегӯянд, наздиконаш дар ин ҳодиса аз шавҳари собиқи ӯ гумонбаранд. Сайидмуҳаммад Рӯшандил, фармондеҳи амнияти Кобул гуфт, “Мино ва шавҳараш вақте аз ҳам ҷудо шуданд, ҷанҷол ва хусумат доштаанд. Бино ба изҳороти падараш, телефонӣ таҳдид шуда буданд. Пулис дар ҷустуҷӯяш аст. Аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст ва дастгир мешавад.”

Мино Мангал ду сол пеш арӯсӣ карда, баъди чанд моҳи зиндагии якҷоя аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Наздиконаш мегӯянд, ки ӯ аз ин арӯсӣ розӣ набуд ва ин сабаб шуд, ки аз ҳамсараш ҷудо шавад.

Мина Мангал, корманди Вулуси Ҷирга субҳи шанбе, замоне ки ба кор мерафт, дар наздикии хонааш бо зарби тир кушта шудааст. Вай як ҳафта пеш дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиштааст, ки аз сӯи бархе таҳдид мешавад. Аммо аз касе ё гуруҳе ном набурдааст.

Мино Мангал беш аз даҳ сол ба ҳайси наттоқ ва хабарнигори телевизионҳои “Тулӯъ” ва “Шамшод” кор кардааст. Вай дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳуқуқи занони Афғонистон ҳам баҳс мекард ва барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони афғон талош дошт.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner