Роботҳо  дар Амрико тарабхона кушоданд

Наход, ҶАҲОН

Дар тарабхона роботҳо хӯрокро дар назди меҳмонҳо тайёр мекунанд. Тақрибан дар 3 дақиқа «ошпаз» хӯрокро омода мекунад.

Дар ҳоли ҳозир навъҳои хӯрок маҳдуд мебошад. Меҳмонҳо танҳо якчанд  намуди хӯришҳоро интихоб карда метавонанд. Лекин ҳаракатҳои «мавзуни» «ошпазҳо» ба меҳмонон хеле писанд меояд.

Дар назди чашмони муштариён протсеси омодашавии хӯришҳо мегузарад. Маҳсулоти лозимаро як робот интихоб мекунад, барои реза кардан ба роботи дигар медиҳад. Роботи навбатӣ онро мезирбонад (меҷӯшонад) ва ҳоказо. Дар ин тарабхона одам ҳамагӣ як корро ба анҷом мерасонад. Табақчаро ба назди муштарӣ оварда мегузорад.  Нархи миёнаи ин гуна хӯришҳо  7,5 долларро ташкил медиҳад.  Созандаи  Spyce, хатмкунандаҳои институти технологии Массачусети Амрико мебошад. Барои санҷидани таъми хӯриши ин «ошпазҳо» мутахасисони соҳа  Даниэл Булюро даъват намуданд, ки аз тарафи ӯ баҳои баланд дода шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply