• Бахтовар Сафаров
  • 26.02.2019
  • 0

Роботи паррон

Олимони ҷаҳон то имрӯз роботҳои зиёдеро ихтироъ кардаанд, ки касро ба ҳайрат меоранд. Муҳандисони донишгоҳи қисмати шимолӣ-шарқии ИМА роботеро ихтироъ намудаанд, ки ҳам роҳ мегардаду ҳам имкони ба ҳаво париданро дорад ва тамоми монеаҳоро убур мекунад. Ин робот дар ягон ҳолат пешпо нахӯрда, ҳамеша мувозинати худро нигоҳ дошта метавонад.

Дарозии қади робот 0,8 метр буда, ҳамагӣ 2,7 килограмм вазн дорад. Чунин вазни кам доштани робот бо сабаби аз торҳои карбон омода шуданаш аст. Роботи нав мисли варзишгарон ба ҳаво парида, боз ҳамчунон чолокона ба замин фуруд меояд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner