• Бахтовар Сафаров
  • 14.03.2019
  • 0

Сангпуште, ки дилаш дар берун аст

Сангпушти хурдакак — албинос дар ҷисмаш сӯрохии хурдакаке дорад, ки тавассути он таппиши дилашро дидан мумкин аст.

Ин як намуди бемории ҷонварон аст, ки бо сабаби хеле кам ба чашм расидан ҳатто ном надорад. Соҳиби сангпушт, Майк Аквилини 29-сола аз иёлоти Ню-Ҷерси ҷонварро аз дӯсташ туҳфа гирифта, номашро «Умед» гузоштааст. Ин беморӣ аҳён-аҳён дар одамон низ дида мешавад ва онро эктопияи қалб ном мебаранд. Аз байни 126 000 тифли навзод танҳо дар яктояш ин беморӣ дида мешаваду халос.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner