• Шаҳло НИЁЗОВА
  • 04.04.2019
  • 0

Селу обхезӣ дар кишварҳои форсизабон: ҳудуди 150 кушта ва харобиҳои густарда


Бар асари селу обхезии ду ҳафтаи ахир дар Эрону Афғонистон 137 нафар ҷон бохта ва ҳазорҳо манзили сокинон, роҳу инфрасохтори ин ду кишвар хароб шуданд.


Тибқи маълумоти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар натиҷаи ҷорӣ шудани сел беш аз 42 ҳазор тан аз сокинони Афғонистон дар минтақаҳои шимол ва ғарби ин кишвар аз манзилҳои зисти худ маҳрум шуда ва ба иқоматгоҳҳои муваққатӣ, хайма, об, дору ва маводи ғизоӣ шадидан ниёз доранд.


Аз ҷумла, дар вилоятҳои Балху Ҳирот беш аз 17 ҳазор нафар аз борандагии шадид ва селу обхезӣ осеб дидаанд.


Дар изҳороти ин созмон таъкид шудааст, дар фасли баҳор дар пайи об шудани барфҳои кӯҳистон ва борандагиҳои сахт мумкин аст, сатҳи оби дарёҳо баланд шуда ва минтақаҳои зиёде дар қисматҳои мухталифи Афғонистон зери об монад.


То ҳол дар ин кишвар бар асари селу обхезӣ беш аз 80 нафар ҷонҳои худро аз даст дода ва беш аз 200 нафар захмӣ шудаанд.


Дар Эрон бошад шумораи кушташудагон аз ҳодисаҳои табиӣ ба 57 нафар расида ва 2200 деҳа хароб шудааст.


Мақомоти Эрон мегӯянд, ин селу обхезиҳо дар даҳсолаи ахир харобиовартаин будааст.


Дар ҳамин ҳол, ин мақомот аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интиқод карда ва гуфтааст, таҳримҳои сахти ин кишвар дар анҷоми корҳои наҷотро дар минтақаҳои осебдида душвор сохтааст. Аз ҷумла, таҳримҳо дар фаъолияти Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Эрон, ки аз тариқи чархболҳо ба манотиқи осебдида кумак мерасонад, мушкилоти зиёд эҷод кардааст.


Доналд Трамп, президенти ИМА бошад, эълон кард, ки кишвараш дар моҳи оянда таҳримҳои бештарро нисбати Эрон ҷорӣ хоҳад кард.


Бритониё ва Олмон дар бартарафсозии оқибатҳои селу обхезӣ дар Эрон ба ин кишвар кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла, заврақҳо ва асбобҳои дигари зарурӣ фиристодаанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner