• Бахтовар Сафаров
  • 05.03.2019
  • 0

Ғул дар симои одамӣ

Лалит Патидар баъди панҷ духтар ба дунё омада, барои волидонаш писари деринтизор буд. Вақте ин писарак ба дунё омад, момодояҳо ба даҳшат афтиданд, зеро баданаш чунон серпашм буд, ки одами дидагӣ ӯро ғул гумон мекард. Табибон ин ҳолати тифли навздро нишонаи бемории гипертрихоз номиданд.

Ҳар қадар писарак калон шавад, ҳамон андоза пашмин мешуд, вале бо вуҷуди ин, муҳаббати волидонаш нисбати Лалит кам нашуда, торафт афзунтар мегашт. Бо вуҷуди бемориаш ин бача орзу дорад, ки офитсери пулис шавад. Волидон хеле кӯшиш карданд, ки ба Лалит кӯмак расонанд, вале айни замон давои бемории ӯро илми тиб пайдо накардааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner