• Mardon
  • 15.05.2019
  • 0

Як духтарча аз таркиши балони газ ҳалок шуд

Дар деҳаи Охалики шаҳри Самарқанд дар манзили сокини маҳалаи Ӯрташиқ балони газ таркида ва боиси марги духтарчаи сесолаи соҳибхона гардидааст.

Масъулони ниҳоди оташнишонии ноҳия гуфтаанд, рӯзи 10 май бар асари хориҷ шудани газ балон дар ошхона таркиш ба амал омадааст.

Дар натиҷа қисми зиёди бадани модар ва духтарчаи сесола сӯхта ва духтарча дар бемористон ҷон додааст.

Аз бемористони ноҳияи Самарқанд хабар доданд, ки бар асари сӯхтор 70 дарсади бадани соҳибхоназан осеб дида ва вазъи саломатии ин зан вазнин будааст.

Ба ҳангоми сӯхтор падари хонадон ва писари ӯ дар манзили зист ҳузур надоштаанд.

Дар солҳои ахир интиқоли гази табиӣ дар деҳаҳои Ӯзбекистон қатъ шуда ва сокинон барои омода кардани ғизо ва гарм кардани манзили зист аз ангишт ва балони газ истифода мекунанд. Бештари ҳолат истифодаи нодуруст аз балони газ ва беэҳтиётӣ боиси таркиш ва талафоти ҷонӣ мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner