• Mardon
  • 10.05.2019
  • 0

Журналисти маъруф Сергей Доренко ҳалок шуд

Журналисти саршиноси Русия Сергей Доренко бар асари садамаи нақлиётӣ дар хиёбони марказии шаҳри Маскав ҳалок гардид.

Бар асоси таҳқиқоти муқаддамотӣ, ҳангоми ҳарака дар роҳ қалбаш аз ҳаракат бозмонда ва натавонистааст мотосиклашро идора кунад. Дар натиҷа, мотосикл чаппа шуда ва журналист шадидан захм бардоштааст.

Дар шабакаҳои Интернет навори ин ҳодиса нашр шудааст. Дар навор дида мешавад, ки мотосикл аз идора хориҷ шуда ва ба қисмати муқобили роҳ мебарояд, аммо ягон мошин ба он барнамехурад.

Фаъолияти Сергей Доронко дар телевизиони Русия дар соли 1985 шурӯъ шуда, вай аз барандагони барномаҳои “Время” ва “Новости” маҳсуб мешуд.

Вай дар даҳ соли ахир аввал сардабири радиои “Русская служба новостей” ва радои “Говорит Москва” буд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner