• 20.07.2019

Мадраса кӯдакистон шуд: Мулло Саъдулло афсӯс мехӯрад

Мадрасаи деҳаи Сарои ҷамоати шаҳраки Шайдон дар ноҳияи Ашт, ки аз соли 1997 то соли 2011 фаъолияти ғайриқонунӣ дошт, ба Муассисаи давлатии таълимии томактабии №12 “Истиқлол” табдил дод шуд.

  • 19.07.2019

Аҳмадзода: Дар “Роғун” садама рух надодааст

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи “Роғун” садамае рух надода ва чархаи аввали неругоҳ ба далели мушкилоти фаннӣ истод.

  • 17.03.2017

Лоиқ Шералӣ- Тоҷикистон

Зиндарўду Панҷрўд Зи рўди Рўдакӣ бувад Суруди мо, дуруди мо. Зи риштаи сухан бувад Баќои тору пуди мо. Тулўи меҳри ҷовидон, Замини бошу буди мо. Суруди Панҷрўдро Зи Зиндарўд бишнавем. Дуруди Зиндарўдро Зи Панҷрўд бишнавем. Биё, суруд бишнавем, Биё, дуруд бишнавем. Суруде аз ягонагӣ, Дуруди ҷовидонагӣ. Зи боғи меҳри мо дамад, Ҷавонаҳо, ҷавонаҳо. Зи мағзи […]

  • 17.03.2017

Ҳабси мудире,ки ба ятимон раҳм накард

 Мудири анбори мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими Вазорати маориф ва илмро Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав барои додани ғизои пастсифат ба ятимон ва пешниҳоди пора ба прокурор ба 5 солу шаш моҳи зиндон маҳкум кардааст.  Дар Додситонии кулли Тоҷикистон аз маҳкумшуда Низомов Б.М ном бурдашудааст, ки ба ҳайси мудири анбори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими Вазорати маориф ва илм кор […]

  • 17.03.2017

Азим Иброҳим: «Облава бас!»

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим , ки ҳамзамон сардори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид  ба ташкили даъвати баҳорӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад, аз комиссарони ҳарбӣ талаб кард, ки ба зуҳуроти манфури «облава» хотима гузоранд. Тавре  манбаъ аз Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ҳангоми баргузории ҷаласаи корӣ доир ба масъалаҳои омодагӣ ба даъвати баҳорӣ дар «Кохи афсарон»-и […]

  • 17.03.2017

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Талай Асилбеков

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 17 март бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдиду рушд мулоқот кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳри Душанбе, дар ин мулоқот ҳайати Бонки аврупоии таҷдиду рушдро Талай Асилбеков раҳбарӣ мекард ва ҷонибҳо дар мавриди дурнамои ҳамкориҳои шаҳрдории Душанбе ва БАТР, гуфтугӯ карданд. Манбаъ мегӯяд, ки ҷонибҳо аз ҷумла ба […]

  • 17.03.2017

Журналстони галстукдор

Аз онҳо ба ҳукумат чӣ суд? 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик аст. Имсол аз чопи аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои шариф» 105 сол пур мешавад. Рӯзи матбуот барои ҷомеаи журналистии Тоҷикистон – рӯзи журналистон ва журналистика маҳсуб меёбад. Одат кардаем, ки маҳз дар ҳамин сана бурду бохти ВАО, камбудиву норасоии журналистика ва журналистони тоҷикро гӯем. […]

  • 17.03.2017

Росия: Зиндонӣ шудани 8 нафар тоҷики депоршуда

Додгоҳҳои Русия аз аввали моҳи март дастикам се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоштанд, маҳкум ба зиндон кардаанд. Қонунҳои Русия барои афроде, ки дар рӯйхати сиёҳи ин кишвар афтода, боз ҳам талоши омадан ба Русияро мекунанд, ҳамчун муҷозот то 6 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Додгоҳи ноҳияи Трубчевски вилояти Брянски Русия рӯзи 17 март […]

  • 17.03.2017

3 парванда барои чидани гули сияҳгӯш

Пулиси экологӣ дар Тоҷикистон алайҳи се нафар барои чидану фурӯхтани гули сияҳгӯш парванда боз кардааст. Мақомот гуфтанд, ки ин афрод аз 16-сола боло буда, «барои маҳви рустании дар ҳоли нобудӣ» гунаҳкор дониста мешаванд. Худи муттаҳамон дар сӯҳбат бо масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва пулиси экологӣ гуфтаанд, ки шароити зиндагиашон хуб нест ва хостаанд, аз […]

  • 17.03.2017

Истамбул: Таркиши навбатӣ пешгирӣ шуд

Дар шаҳри Истамбули Туркия ду узви гуруҳи даҳшатафкани «Давлати ислом»-ро боздошт карданд, ки мехостанд ҳамлаи ҳамсони шаби Соли навро анҷом диҳанд. Ба иттилои CNN Turk, ин ду нафар шаҳрванди Ӯзбекистон буда, ҳангоми боздошт аз онҳо силоҳ, маводи тарканда ва дастгоҳҳои электронӣ мусодира шудааст. Ба гуфтаи пулис, дастгиршудаҳо нақша доштанд, то ба яке аз маконҳои машҳури […]

  • 17.03.2017

Тағийроти кадрӣ дар «Народная газета» ва Академияи илмҳо

Имрӯз, 17-уми март бо  қарорҳои Ҳукумат як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ гардид. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Сарвари  давлат, бо имзои  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Камолова Маҳбуба Расуловна сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета» таъин карда шуд. Инчунин Муминов Ҳикмат Ҳалимович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи […]

  • 17.03.2017

Қолини Нигина Амонқулова

Як замоне акси Сталину Брежнев, замони дигар Путину Раҳмон ва имрӯз акси ситораҳои ҳунари мусиқии тоҷик, ба мисли Нигина Амонқулова, ба ҳайси беҳтарин наққошии қолинҳои Қайроқум истифода мешавад. Корхонаи маъруф ва собиқадор моли худро рӯзи 16 март бо нархи 20 дар сад пасттар аз арзиши маъмулиаш дар маркази шаҳри Хуҷанд ба фурӯш гузоштааст. Масъулони корхона […]

  • 17.03.2017

ТШСИ: Тоҷикистон Барномаро оид ба ҳуқуқи соҳибмулкӣ татбиқ мекунад

Шаффофияти даромадҳои ҳукумат аз сохтори истихроҷ барои ҳисобот муҳим аст, аммо он дар бораи нафаре, ки соҳиби ширкатҳои нафту газистеҳсолкунӣ ва ширкатҳои истихроҷи кӯҳӣ буда, аз фаъолияти онҳо фоида мегирад, маълумоти кам медиҳад. Дар Тоҷикистон татбиқи амалии харитаи роҳҳо оид ба ҳуқуқи соҳибмулкӣ шурӯъ шудааст. Шахсияти  ҳаққонии соҳибон — «бенефитсиарҳо» – ширкатҳое, ки ҳуқуқи истихроҷи  нафту […]

  • 17.03.2017

Нома ба Путин “Ситораи Сурх” танҳо сари синаамро ороиш медиҳад

  Рафиқ Путин Владимир Владимирович! Ба Шумо як нафар ҳамватани собиқатон менависад ва аз ин хотир бар ивази калимаи мӯдшудаи “ҷаноб”- “рафиқ”-ро истифода мебарад. Умед дорам ин боиси ҳайрати шумо намегардад. Зеро замоне мо бо ҳам воқеан рафиқ будем ва рафторамон нисбат ба ҳамдигар рафиқона буд.Аммо аз сабаби дасисаҳои     душмани  хориҷии СССР-аввалин ва охирин давлати […]

  • 17.03.2017

Шаҳзоди Даврон таги тарма монд?

Хонандае ба сомонаи мо занг зад: Салом! Мегӯянд, ки ҳангоми аз Хуҷанд ба Душанбе омадан, мошини Шаҳзоди Даврон дар таги тарма мондаасту… Мусоҳибам фиқ-фиқзанон гиря карда гӯшаки телефонро монд, ҳатто фурсат наёфтам, ки ному насаб ва аз куҷо занг заданашро бипурсам. Ин хабар маро ба таҳлука афканд. Зуд аз дафтарчаи хотираам рақамҳои ин сарояндаро ёфта […]

concert
App Banner