• 16.07.2019

Вазир: Моҳи апрел нархи ҳандала 50 дирам буд! (Видео)

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар 15 июл миёни хабарнигорон ва вазир дар атрофи нархи гарони тарбуз ва содироти он ба хориҷи кишвар мубоҳисае сурат гирифт.

  • 16.07.2019

Хатлон: Сохтмони 34 иншоот ба таъхир афтодааст

Дар вилояти Хатлон сохтмони 34 иншооти таъиноти гуногун ба таъхир гузошта шудааст. Сохтмон дар ин иншоот солҳои пеш оғоз гардида, вале бо сабаби маблағгузорӣ нашудан корҳои сохмтонӣ қатъ гардиданд.

  • 24.11.2017

ИМА сокинони Раштро аз сил наҷот медиҳад

Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба Маркази минтақавии мубориза бар зидди бемории сили ноҳияи Рашт таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавиро тақдим намуд, ки он барои тақвият бахшидани ҳамкириҳои васеъ миёни USAID ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Бояд қайд намуд, ки тибби фосилавӣ як навъ таҷҳизотест, ки […]

  • 24.11.2017

Суғд: Донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд худро дор кашид

Йигиталӣ Алибоев, як донишҷӯи 19-солаи шӯъбаи духтури дандони коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд субҳи 23 ноябр худро дар оғили манзили истиқоматиашон дар деҳаи Ошобаи ноҳияи Ашт ба дор овехтааст. Сабаби худкушии ин донишҷӯ ҳанӯз маълум нест. Субҳи 23 ноябр, соати тақрибан 9 донишҷӯи курси дуюми ихтисоси шӯъбаи дандонсозии Муаассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Алибоев Йигиталӣ […]

  • 24.11.2017

Марҷонаро ошиқаш ваҳшиёна ба қатл расонд

Хонаводае дар Турсунзода баъди 8 рӯзи ҷустуҷӯ ҷасади духтари 20-солаашро аз як мошини бетоншурӣ дар наздикии бозори Балхи ноҳияи Рудакӣ пайдо кард. Волидон бовар доранд, ки дар марги Марҷона ҷавоне даст дорад, ки мегуфт, ошиқаш аст. Бознашр аз «Озодӣ» Ҷасади Марҷона Шерхоноваи 20-сола, сокини деҳаи Пахтаободи шаҳри Турсунзода рӯзи 21 ноябр ба хок супорида шуд. […]

  • 24.11.2017

Маросими адои савганди президенти нави Қирғизистон (Видео)

Рӯзи 24 ноябр дар Бишкек маросими адои савганди Сооронбой Жэенбеков ба ҳайси раисиҷумҳури нави Қирғизистон доир шуд. Ин нахустин мавриди интиқоли осоиштаи қудрат аз як президенти мунтахаб ба президенти дигар дар Осиёи Марказӣ аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 мебошад. Маросими адои савганди Сооронбой Жэенбеков дар қароргоҳи давлатии «Ало-Арча” доир шуд. Дар ин […]

  • 24.11.2017

Аспи Сайёд аз Наимҷон пеш гузашт

Хонандагон азиз! Пойгаи сарояндагони ҷавон баҳри расидан ба марра дар озмуни ҷумҳуриявии “Оҳанги ҷавонӣ” торафт шиддат мегирад. Мухлисон хуб медонанд, ки ҳар лаҳзаи ғаниматро бояд пурсамар истифода бурд, зеро сарояндагоне, ки то санаи 25-уми декабр камтар аз 300 овоз мегиранд, номашон аз рӯйхати иштирокчиёни озмун бароварда шуда, шанси ба даст овардани шоҳҷоизаи озмун-сафар ба шаҳри […]

  • 24.11.2017

Имзои созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи Гент ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

23 ноябри соли 2017 дар яке аз шаҳрҳои қадимаву маъруфи Подшоҳии Белгия – Гент маросими ба имзо расидани созишномаи ҳамкории байни Донишгоҳи Гент ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баргузор гардид.     Тибқи он ва тақвими ҳармоҳа мубодилаи ҳайати профессорону муаллимон ва донишомӯзон, инчунин бозомӯзии онҳо оғоз ёфта, амалияи татбиқи созишнома бо шаклҳои мухталифи ҳамкорӣ тақвият хоҳад ёфт. […]

  • 24.11.2017

Табрикоти президенти кишвар ба муносибати «Рӯзи парчам»

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона табрик мегӯям. Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду […]

  • 24.11.2017

Бурхвалӣ Қурбонов соҳиби медали биринҷӣ гашт

Аз 20 то 23 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Сингапур Олимпиадаи байналмилалии IMSO-2017 баргузор гардид. Дар он 486 нафар  намояндагони зиёда аз 41 давлати дунё иштирок намуданд. Зикр намудан  бамаврид аст, ки хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе дар ин санҷиши истеъдод фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд. Аз ҷумла  таълимгирандагони  Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои […]

  • 24.11.2017

Дар Ҳисор корхонаи мошинсозӣ кушода мешавад

Масоили ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва роҳҳои густариши тиҷорати мутақобила дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иванов Олег Николаевич мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Бояд зикр кард, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таъсиси анбори маҳсулоти тайёри корхонаҳои мошинсозии Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Ҳисор […]

  • 24.11.2017

Падари беҳтарин кӣ мешавад?

Рӯзи 24 ноябр дар шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби маъракаи умумиҷаҳонии “16 рӯз бар зидди хушунат” ғолибони озмунҳои иншо ва суратҳои беҳтарин дар мавзӯи “Ман бо духтарам ифтихор дорам” мушаххас мешаванд. Сандуқи нуфусшумории Созмони Миллали Мутаҳҳид дар Тоҷикистон аз мубтакирони аслии ин чорабинӣ аст. Муаллифони ташаббус мегӯянд, имрӯз ғолибони озмуни иншои беҳтарин ва суратҳои беҳтарин дар […]

  • 24.11.2017

Дуздии молу ашёҳҳои рӯзгор аз хонаи истиқоматӣ

Як зани 53-солаи сокини хиёбони Саъдӣ Шерозӣ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли равон шахси номаълум  ба хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Муҳаммадиев ворид шуда, аз он ҷо молу ашёҳои рӯзгорашро, ки арзиши умумиаш 37 ҳазору 800 сомонӣ мебошад, дуздидааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 26-солаи сокини […]

  • 24.11.2017

Аз машқҳои пагоҳирӯзӣ нагурезед!

Аз каллаи саҳар худро ноҷур ҳис мекардам, вале ба ваъда вафо кунам гуфта, таваккал ба роҳ баромадам. Як қисми роҳро мошинсавор ва қисмати дигарашро аз назди бинои Хадамоти гумрук пиёда паси сар кардам. То машқгоҳ расидан чандин бор нафасамро рост карда, дардро коҳиш медодам. Ниҳоят ба майдони Нишони давлатӣ расидам. Ҳазорон иштирокчии чорабинии варзишӣ бахшида […]

  • 24.11.2017

Сайри бозори асъор

Имрӯз, 24 ноябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.8300 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро  аз 10.4100 то 10.5600 сомонӣ ва 1 рубли русӣ  аз 0.1495 то 0.1520 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 24 ноябр қурби расмии асъори хориҷиро  […]

concert
App Banner