• 20.07.2019

Мадраса кӯдакистон шуд: Мулло Саъдулло афсӯс мехӯрад

Мадрасаи деҳаи Сарои ҷамоати шаҳраки Шайдон дар ноҳияи Ашт, ки аз соли 1997 то соли 2011 фаъолияти ғайриқонунӣ дошт, ба Муассисаи давлатии таълимии томактабии №12 “Истиқлол” табдил дод шуд.

  • 19.07.2019

Аҳмадзода: Дар “Роғун” садама рух надодааст

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи “Роғун” садамае рух надода ва чархаи аввали неругоҳ ба далели мушкилоти фаннӣ истод.

  • 03.01.2018

Раъно Икромова бо 1150 хол «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017» эълон шуд

Дар толори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017» натиҷагирӣ шуд. Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҶТ, панҷ нафар довталаб аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат аз рӯйи 7 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи […]

  • 03.01.2018

Як рӯз туйю 18 сол мотам

21-уми декабр, бегоҳӣ духтарам дар хонаи мо буд, аммо аҷал пеш-пеш карда ба хонаи шавҳараи бадмасташ бурд.  Мо ки ҳамон шаб маросими азодории хушдоманамро гузаронидем, ҳама то бевақтии шаб бедор будем.  Духтараки ғӯрамаргам ҳамон бегоҳӣ гуфт, ки ягон домуллои хубро ёфта як бор шавҳарамро хонондан даркор, ки чанд рӯз боз мисоли аз чизе тарсида моту […]

  • 03.01.2018

БОЗДОШТИ ДАСТАИ ҒОРАТГАРОН ДАР ХОРУҒ

Мақомоти милиса 6 сокини шаҳри Хоруғро бо иттиҳоми дуздиву ғоратгарӣ дастгир кардаанд. Ин 6 нафари аксаран ҷавон ба он айбдор мешаванд, ки аз декабри соли 2016 ба ин тараф ба рӯи худ ниқоб кашида, мағозаву дӯконҳо, дорухонаҳо, инчунин чорвои мардумро ба ғорат мебурданд. Онҳо ба дуздии се яроқи пневматикӣ аз амбори Боғи Ғалаба низ гумонбар […]

  • 03.01.2018

Ҷасади тоҷик аз Афғонистон пайдо карда шуд

Ҷасади Зуҳуршоҳ Ҷалолови 28-сола, сокини деҳаи Сайроби ҷамоати Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ баъди панҷ рӯзи нопадид шуданаш рӯзи 30-юми декабр аз вулусволии Янги-Қалъаи вилояти Тахори Афғонистон ёфт шуд ва ӯро наздиконаш аз он сӯи марз ба зодгоҳаш оварданд. Аммо то кунун дақиқ нест, ки Зуҳуршоҳ ба он сӯи марз чигуна ва ба чӣ хотир гузаштааст. Шараф Ҷалолов, […]

  • 03.01.2018

Мӯйсафеди афғон 55 кг афъюн қочоқ карданӣ шуд

Дар арафаи Соли нав бо ҳушёрию зиракии кормандони милитсия дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қочоқи 55 кг маводи мухаддир аз тарафи мӯйсафеди 67-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешгирӣ карда шуд. Тавре Хадамоти матбуотии ВКД ҶТ меафзояд, зимни амалиёти  оперативӣ дар қаламрави Ҷамоати деҳоти Нилванди ноҳияи Дарвози ВМКБ шаҳрванди 67-солаи Афғонистон Эшони Саид валади Маҳмадшо б […]

  • 03.01.2018

Дастгиршавии падар бо иттиҳоми таҷовузи духтари даҳсолааш

Сокини 35-солаи минтақаи Андиҷони Узбакистон ба ҳаракатҳои шаҳвонӣ алайҳи духтари 10-солааш муттаҳам мешавад. Дар ин бора идораҳои ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон хабар доданд. Биноба гузориши бахши Узбакии Радиои Озодӣ, ки рӯзи 2 январ пахш шуд, дар бораи дастдарозии падар ба духтари даҳсолааш бори аввал холаи ин духтарак огоҳ шуд. Ӯ баъди дидани ин саҳна модар ва […]

Дин 1
  • 03.01.2018

Тоҷикистон: Ҳамлаи занон бо корд ба шавҳарони собиқ

Танҳо дар як ҳафтаи охири соли 2017 дар Тоҷикистон се ҳамлаи занҳо ба шавҳарони собиқашон сабт шудааст. Дар ду маврид ҳамсарони собиқ шавҳарони собиқи худро корд зада, дар як мавриди дигар зан хонаи шавҳари пешинашро оташ задааст. Охирин чунин ҳодиса шаби 29 декабр дар ноҳияи Шаҳринав рух додааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки […]

  • 03.01.2018

Марди далла ба даст афтод

Бино ба иттилои ВКД, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Конибодом ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 32-солаи сокини шаҳри мазкурро бо гумони даллагӣ дастгир намуданд. Номбурда, санаи 31-уми декабри соли 2017, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар назди майдончаи истгоҳи роҳи оҳани ш.Конибодом барои алоқаи ҷинсӣ намудан зани 38-сола ва марди 43-солаи сокинони ҳамин шаҳрро бо […]

  • 03.01.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 03 январ  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8181 сомонӣ, 1 евро = 10.6390 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1529 сомонӣ. Имрӯз, 3 январ қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА   […]

  • 03.01.2018

Имрӯз ҳаво гарм мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 3 январ дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ сардшавии ҳаво дар назар дошта шудааст. Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. […]

  • 03.01.2018

Дилноза: Тоҷикон аз имтиҳони вафодорӣ гузаштанд

  Дилноза Каримова:»Бемории фарзанди ман имтиҳони муҳаббату самимияти ҳаммеҳанонам буд.Тоҷикон аз имтиҳони вафодорӣ ва садоқат гузаштанд.» Дилноза Kаримова, ки рӯзи 31 декабр писари шашсолааш Диёрбекро бо ҳазор умед ба Ҳиндустон бурда буд, рӯзи 2 январ ҷанозаи писарашро дар тобут ба Тоҷикистон овард… Дилноза Каримова рӯзи 31 декабр бо ҳазор умед фарзанди маризаш рӯи даст ва мавҷи […]

  • 03.01.2018

Роҳбари дастгоҳи Президент имрӯз 40 сола шуд

Озода Раҳмон, духтари дуюми президенти Тоҷикистон рӯзи 3 январ ба синни 40 расид.  3 январ Озода Раҳмон, баландмақомтарин духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 40-сола шуд. Озода Раҳмон баъди Фирӯза Раҳмонова духтари дуюми Эмомалӣ Раҳмон буда, 3 январи соли 1978 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. То тоҷикӣ кардани номаш дар моҳи апрели соли 2014 ӯ […]

  • 03.01.2018

Тӯйчибои 12 сола аллакай бо БДА шинос шуд

Кормандони милиса дар ҷамоати Сурхи Исфара як ноболиғи 12-соларо ҳангоми рондани мошин дастгир кардаанд. Маълум шуд, ки Тӯйчибой Тӯйчибоев, хонандаи синфи шашуми мактаби рақами 29 ҳангоми ба меҳмонӣ рафтани модараш калиди мошинро гирифта, сайругашт баромадааст. Бино ба гузориши шабакаи телевизионии СМ-1, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ноболиғи 12-сола ҳангоми идора намудани автомашина боздошт […]

App Banner