• 20.07.2019

Мадраса кӯдакистон шуд: Мулло Саъдулло афсӯс мехӯрад

Мадрасаи деҳаи Сарои ҷамоати шаҳраки Шайдон дар ноҳияи Ашт, ки аз соли 1997 то соли 2011 фаъолияти ғайриқонунӣ дошт, ба Муассисаи давлатии таълимии томактабии №12 “Истиқлол” табдил дод шуд.

  • 19.07.2019

Аҳмадзода: Дар “Роғун” садама рух надодааст

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи “Роғун” садамае рух надода ва чархаи аввали неругоҳ ба далели мушкилоти фаннӣ истод.

  • 09.01.2018

Бозгашти NGN

Тавре, ки сомонаи Ozodi хабар медиҳад, нимаи дуввуми рӯзи 9-уми январ аксар ширкатҳои мобиливу мухобиротии Тоҷикистон, ки ба муштариён алоқаи навъи NGN-ро фароҳам мекарданд, хизматрасониро дубора барқарор карданд. Баъди се ҳафтаи масдудшавӣ, ин навъи хадамоти телефонии камарзиш дар ширкатҳои мобилии мисли “Билайн”, “Тселл”, “Вавилон” ва “Телеком текнолоҷӣ” барқарор шудааст. Масъулини ширкати “Телеком текнолоҷи” — як […]

  • 09.01.2018

Ҳабиб Нурмагомедовро ғафсу сустҳаракат гуфтанд

Дорандаи унвони муваққатии Чемпиони мутлақи мусобиқаи чемпионӣ (UFC) дар вазни сабук варзишгари амрикоӣ Тони Фергюсон ҷангии Русия  Ҳабиб Нурмагомедовро танқид намуда, дар Twitter-аккаунт навиштааст: «Ҳабиб, ту ҳанӯз ҳам ғафсу сустҳаракат ҳастӣ. Ту ҳатто ба вазн мутобиқ шуда натавонистӣ. Шояд туро лозим аст, ки диетологатро иваз намоӣ – пешинааш аз ту соя сохт. Ин ба фоидаи […]

  • 09.01.2018

«Сипоснома» ба хабарнигорони «Тоҷикистон» ва «Оила» дар Соли ҷавонон

Имрӯз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ду хабарнигори нашрияҳои бисёрхонандаи «Тоҷикистон» ва «Оила» «Сипоснома»-и худро дар вазъияти тантанавӣ супорид. Ба  ин гуна қадрдонӣ хабарнигорони ҳафтаномаи  «Тоҷикистон» Эмоми НАЗАРИЁН ва «Оила» Рустам АЗИМӢ муяссар гардиданд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ба ин муносибат […]

  • 09.01.2018

Заминларза дар Мурғоб

Имрӯз, 9 январ соати 5:05 бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Дар ин бора  аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар масофаи километри 340-уми самти ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шудааст. «Дар маркази […]

  • 09.01.2018

Русияравҳо пароканда карда шуданд

Милисаҳои  Душанбе аз беназмӣ дар миёни хоҳишмандони кӯчидан ба Русия ҷилавгирӣ намуданд. Садҳо нафар сар аз шаби гузашта барои сабти ном пушти дари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Душанбе ҷамъ омада буданд. Галина Александрова, котиби дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷиистон гуфтааст, ки дар пайи беназмиҳо онҳо водор шуданд, ки милисаро даъват кунанд. Ба гуфтаи […]

  • 09.01.2018

Диққат! Боз кӯдаке бедарак шуд

Пайвандону наздикон Абдумуслими Тоҷиддини 12-сола (с/т 10.02.2005)-ро ҷустуҷӯ доранд. Ӯ сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чоряккорон аст. Рӯзи 28 декабр ба мактаб рафта, бо ҳамин дигар ба хона барнагаштааст. Падари Абдумуслим дар тамос бо мо гуфт, ки писараш одати бе иҷозат ба ҷое рафтанро надошт ва бинобар ин аз бедаракшавии фарзандаш хавотир аст. Аз ҳамаи он […]

  • 09.01.2018

Мастчоҳ: Кордзанӣ дар саҳни мактаб

06. 01. 2017 дар саҳни ҳавлаии мактаби № 27-и ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ байни ду хатмкардагони ҳамин муассиса ҷанҷол ба миён омада, дар натиҷа як нафари онҳо аз зарбии корд захмӣ шудааст. Бино ба гуфти як манъбаи боэътимод аз ҷамоати мазкур барои масъала то мақомоти милитсия нарасидан нафари захмдоршударо баъди ду рӯзи дар беморхона хобидан […]

  • 09.01.2018

Гурги одамхӯр дар Балҷувон

Ин даррандаи хокистарранг ба гову гӯсфандон коре надошт, вай фақат одам шикор карда ҷони 10 касро рабуд Субҳидам садои ғалоғулаи баланди пуртаҳлука маро аз хоби ноз бедор кард. «Наздик нарав, мегазад,-фарёд мезад яке,-«Сагҳоро куш-куш кун» нидо мекард ҳамсояи дигарамон. “Аҷиб, чӣ ҳодиса рӯй дода бошад, ки мардум аз каллаи азон ин қадар доду вой карда […]

  • 09.01.2018

Исо (а): пайғамбар ё писари Худо?

 Чаро соли нави мелодӣ мегӯянд? Инак, соли нави мелодӣ фаро расид ва дар тақвими ҷаҳони муосир варақи тоза кушод. Бисёриҳо соли навро ҷашн бигиранд ҳам, намедонанд, ки чаро онро “соли нави мелодӣ” мегӯянд. Мелод чист? Чаро ин идро бештар ба масеҳиён нисбат медиҳанд? Ин ид ба Исо (А) чӣ алоқамандӣ дорад? Мо аз устоди Донишгоҳи […]

  • 09.01.2018

Ҳаво имрӯз боронист

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ барф меборад, туман. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +1+6; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -2+3. Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона боришот (борону барф), рӯзона бидуни боришот, баъзан туман. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +4+9. Дар Вилояти Мухтори […]

  • 09.01.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 9 январ  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8196 сомонӣ, 1 евро = 10.5703 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1544 сомонӣ. Имрӯз, 9 январ қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои  қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8300 […]

  • 09.01.2018

Ҷӯгизан шавҳарашро кушт

 Вируси шавҳаркушӣ ба лӯлиҳо гузашт? Ҳодисаҳои нангини занкушию шавҳаркушӣ тӯли се-чор соли охир дар кишварамон хели зиёд рӯй дода, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гашта буданд. Акнун ин вирус ба лӯлӣ, яъне ҷӯгиҳои муқими Тоҷикистон низ гузаштааст. Шоми 4-уми декабри соли 2017, Шоҳсанам Баҳронова, сокини 22-солаи шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз қавми лӯлӣ будааст, […]

  • 09.01.2018

Нахуствазири Узбекистон ба Душанбе меояд

Қарор аст ҳафтаи ҷорӣ нахуствазири Узбакистон бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуда, заминаҳои сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон таҳия кунад. Абдулло Орипов рӯзҳои 10 ва 11 январ дар Душанбе мешавад ва қарор аст бо президент Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазир Қоҳир Расулзода ва дигар мақомоти баландпояи кишвар дидору гуфтугӯ кунад. Бино ба иттилои рассонаҳо, сафари худи Мирзиёев […]

concert
App Banner