• 20.07.2019

Мадраса кӯдакистон шуд: Мулло Саъдулло афсӯс мехӯрад

Мадрасаи деҳаи Сарои ҷамоати шаҳраки Шайдон дар ноҳияи Ашт, ки аз соли 1997 то соли 2011 фаъолияти ғайриқонунӣ дошт, ба Муассисаи давлатии таълимии томактабии №12 “Истиқлол” табдил дод шуд.

  • 19.07.2019

Аҳмадзода: Дар “Роғун” садама рух надодааст

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи “Роғун” садамае рух надода ва чархаи аввали неругоҳ ба далели мушкилоти фаннӣ истод.

  • 29.01.2018

“Афсона”-и афсонасоз

“Афсона” ягона театри тоҷик аст, ки бо намоишномаҳои ҷолиб ва ҳунармандони ғайриоддиаш кӯдаконро ба олами ширини афсонаҳо мебарад. Ин театр ҳамчун театри пақанаҳо машҳур буда, сарвари он Бегмуҳаммади Асомуддин тавонистааст ба афроде, ки дар зиндагӣ умеде надоранд, дари умедро боз намояд. Суҳбати мо бо аҳли театри “Афсона” дар бораи бурду бохт ва асрори ҳунарашон буд. […]

  • 29.01.2018

Донишгоҳи маршал Фахим дар ҳалқаи оташ

Душанбе, 29 январ, tajikistantimes: Гурӯҳе аз силоҳбадастон ба мактаби низомиён дар Кобул, пойтахти Афғонистон ҳамла оварданд ва ин лаҳзаҳо ҷанги шадиде идома дорад. Дар ин бора ба tajikistantimes аз шабакаи Tулуъ хабар доданд. . Мақомоти расмии  Афғонистон ин хабарро тасдиқ мекунанд, ки субҳи рӯзи душанбе, гурӯҳи номаълум Донишгоҳи миллии мудофиаи ба номи маршал Фаҳимро мавриди […]

  • 29.01.2018

Сари актрисаро аз танаш ҷудо мекунанд?

Дипика Падуконе 5-уми январи соли 1986  дар шаҳри Копенгагени пойтахти Дания чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш Пракаш Падукон бозингари касбии бадминтон, модараш бошад, агенти муваффақи яке аз машҳуртарин ширкатҳои сайёҳӣ буд. Вай нав 11 моҳа буд, вақте ки оилаи онҳо аз Копенгаген ба диёри бобоияшон Бангалори Ҳиндустон кӯч бастаанд. Дар ҳафтсолагии Дипика модараш хоҳарчааш […]

  • 29.01.2018

Ҷӯгибачаҳо духтарони хондагиро намегиранд

Чанд рӯз пеш суҳбати ду зани ҷӯгӣ дар автобус маро ба худ ҷалб кард, ки яке ба дигаре мегуфт: -Ман мехостам духтари хоҳари шавҳарамро келин кунам, вале чун никоҳи хешутаборӣ манъ аст, аз бегона келин мекунам… Ин суҳбати онҳо бароям ҷолиб буд. Кайҳо боз мехостам дар бораи хусусиятҳои зиндагӣ ва урфу одатҳои ҷӯгиён воқиф гашта, […]

  • 29.01.2018

Атомуҳаммади Нур изҳори нигаронӣ мекунад

Барканории волии иҷронашудаи вилояти Балхи Афғонистон бори дигар дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Зеро Атомуҳаммади Нур ҳафтаи охир гуфт, ки ӯ ҳанӯз роҳбари ин вилоят аст ва фармонҳои ӯ дар ин вилоят амалӣ мешаванд. Ҳол он ки Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ  18-уми декабри соли гузашта дастури барканории Атомуҳаммади Нур, волии Балхро имзо кард ва муҳандис […]

  • 29.01.2018

«Tajikistantimes» аз нав ба фаъолият пардохт

  Ба иттилои ҳамаи хонандагони «Tajikistantimes» мерасонем, ки сомонаи дигарбора боз  ва ба фаъолият шуруъ намуд. Албатта барои шумо, хонандагони муҳтарам ин боиси нораҳатӣ гашт. Вале муҳим он аст, ки мо боз  дар ихтиёри шумо қарор дорем. Албатта сомона ба ҳамаи он хонандагон ва дӯстоне, ки нисбати «Tajikistantimes» бетавваҷҷӯҳ набуданд, изҳори минатдорӣ баён мекунад. Сомонаи […]

App Banner