• 13.02.2018

«Барқи тоҷик» хусусӣ намешавад

    Фаррух Ҳамрализода раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуоти иброз дошт, ки дар давоми соли сипаригардида се корхонаи давлатӣ хусусӣ гардонида шуда, осоишгоҳи «Зумрат» бо қарори суд ба давлат баргардонида шуд. Маблағи ҳамаи корхонаҳои фурӯхташуда 27,9 млн. долларро ташкил додааст.  Дар бораи хусусигардонии «Барқи тоҷик»,  Ҳамрализода гуфт, […]

  • 13.02.2018

«Зарафшон» мушкилашро ҳал карду ба кор даромад

Дар давоми соли сипаригардида 94 корхонаи саноатии кишвар аз фаъолият боз монд иброз дошт, Бобозода Шавкат вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ. Аз рӯи маълумоти оморӣ дар соли 2017 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 20 млд. сомониро ташкил додааст. Дар соли гузашта 1 млн. 760 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гаштааст, ки   нисбат ба […]

  • 13.02.2018

Мақомоти Ироқ: Абубакр Бағдодӣ намурдааст

Як мақоми баландпояи Ироқ гуфт, ки раҳбари гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» Абубакр Бағдодӣ ҳоло ҳам зинда аст ва баъди маҷрӯҳ шудан дар бемористони Сурия табобат мегирад. Нашрияи давлатии Ас-Сабоҳ рӯзи 12-уми феврал аз қавли рабҳари истихбороти Ироқ Абу Алӣ ал-Басрӣ навишт, «мо аз дохили ин гурӯҳи террористӣ маълумоти раднашаванда дорем, ки Бағдодӣ зинда буда, дар […]

  • 13.02.2018

Чаро моли Тоҷикистон рақобатпазир нест?

Сабаби паст будани азхудкунии иқтидори бузурги содиротӣ набудани шароити одитарини иқтисодӣ барои истеҳсол, ҳавасмандии иқтисодӣ-ҳуқуқӣ, таҳқиқоти маркетингӣ ва шароит барои фаъолнокии инвеститсионӣ мебошад. Кишварҳое, ки дар тақсимоти байналмилалии меҳнат фаъолона ширкат намекунанд, иқтидори нокифояи содиротӣ доранду бо хориҷа ҳамкории сусти иқтисодиро ба роҳ мондаанд, аз таъмини озуқа танқисӣ  хоҳанд кашид. Чунин мушкилот дар кишвари мо […]

  • 13.02.2018

Ҳамҷинсгароӣ? 600 доллар биёр!

   Се милиса бо гумони “шантаж” ё талаби пул дар ивази хомӯшӣ аз як ҳамҷинсгаро боздошт шудаанд.  Кормандони Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гуфтанд, ки алайҳи ин афрод бар асоси моддаҳои “тамаъҷӯӣ” ва “сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ” парванда боз гардидааст. Боздошти онҳо ҳафтаи гузашта сурат гирифтааст. Мақомот рӯзи 13-уми феврал […]

  • 13.02.2018

  Умеди  18 зани собиқ маҳбусӣ дар коргоҳи “Умедбахш”

Атмия Азимова,  собиқ маҳбусзане, ки  баъди як соли талош тавонист   коргоҳи дӯзандагии “Умедбахш”-ро ташкил кунад ва барои ҳамтақдирони худ шароити корӣ фароҳам орад.  Ҳоло Атмия ба  18 (ҳаждаҳ) зани  аз маҳбас озодшуда ва ё занҳое, ки шавҳарҳояшон ба муддатҳои тӯлонӣ  аз озодӣ маҳрум гаштаанд  ҷойи кор додааст : -«Чуноне, ки мегӯянд аз хас метавон қаср […]

  • 13.02.2018

Донишгоҳи Маскав 81 донишҷӯро хориҷ намуд

Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносови Федератсияи Русия Сайъло Мирзоев зимни гузоришаш дар бораи фаъолияти яксолаи ин муассисаи таълимӣ аз ҷумла иттилоъ дод, ки коллективи устодону омӯзгорон мутахассисонро аз рӯйи 3 самт тайёр мекарданд:  — Идоракунии давлатӣ ва маҳал; муносибатҳои байналмилалӣ ва  лингвистика. Дар соли таҳсили 2017-2018 бори авввал самти […]

  • 13.02.2018

Ишқи шайтони пир

“Аз Худо шарм доред, охир ман духтаратон мешавам” гӯён, Зуҳро силтав зада, худро аз оғӯши мӯйсафед раҳо карданӣ шуд, вале…                          Дугоникҳои нозанин Ману Фотима дар як рӯзу дар як соат ба дунё омадаем. Фотима аз ман ҳамагӣ 10 дақиқа пеш “инга” гуфта бошад ҳам, ман ӯро ҳамчун апа эҳтиром мекардам ва дар ҳама кор […]

  • 13.02.2018

Ноӯҳдабороии ронанда боиси марги пиразан шуд

Чуноне  ВКД хабар медиҳад, 11-уми феврали соли 2018, тахминан соати 06:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хондай-Саната”, Бобоев Шаҳбоз Бозоралиевич, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи И.Сомонӣ ба самти кӯчаи Синои пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Худойбердиева Бибианор, соли таваллудаш 1939, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, […]

  • 13.02.2018

Хонаи истиқоматӣ-фоҳишахона

Бино ба маълумоти ВКД, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини кӯчаи Мушфиқии пойтахт ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд. Номбурда, рӯзи 25-уми январи соли 2018, тахминан соати 10:30-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 23-солаи сокини ноҳияи […]

  • 13.02.2018

Аз 1-уми март бақайдгирии довталабон оғоз меёбад

Ба диққати шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2018 аз қайд гузаштан мехоҳанд, расонида мешавад, ки бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур тасдиқ гардид. Дар ин  аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд. Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар […]

  • 13.02.2018

Муноқишаи оилавӣ бо куштор анҷомид

Рӯзи 11-уми феврали соли 2018, тахминан соати 08:00-дақиқа ба ШВКД дар ноҳияи Бохтар хабари телефонӣ расид, ки шахси номаълум марди 33-солаи сокини деҳаи Қизилпартизони ноҳияи мазкурро дар хонаи истиқоматиаш ба воситаи олоти халандаю буранда зада, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст. Номбурда, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат мерасад. Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз […]

  • 13.02.2018

Нома келини Трампро ба бемористон бурд

Аъзои оилаи президент Трамп дар гузашта ҳам номаҳое дарёфт карданд, ки дар дохилаш хока дошт. Келини президент, ҳамсари Доналд Трампи хурдӣ, рӯзи душанбеи 12 феврал баъди боз кардани лифофаи дорои хокаи ношинос ба бемористон интиқол ёфт. Номаро ба ҳамсари ӯ фиристода буданд. Интиқоли Венесса Трамп ба бемористон «чораи эҳтиётӣ» буд. Оҷонсии Bloomberf мегӯяд, ки келини […]

  • 13.02.2018

Ишкошим: Шумораи заҳролудшудаҳо ба 39 нафар расид

Шумораи заҳролудшудаҳо дар ноҳияи Ишкошим аз рустании «гелиотроп» дар таркиби гандум ба 39 нафар расид ва аксари гирифторон кӯдакони аз 3 то 5-сола будаанд. Масъулин мегӯянд, эҳтимол шумораи бистариён афзоиш ёбад. Дар ҳоли ҳозир як гурӯҳ аз мутахассисони Вазорати тандурустӣ ба Бадахшон рафта, вазъро аз наздик таҳқиқ доранд. Аз охири моҳи январ то 10-уми феврали […]

  • 13.02.2018

Афғоншиноси тоҷик  даргузашт

Сайфулло Саидов, ходими намоёни давлатӣ, дипломат ва шарқшиноси тоҷик рӯзи 12 феврал дар синни 81 аз олам чашм пӯшид. Ҷанозаи Сайфулло Саидовро рӯзи 13 феврал дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супориданд. Сайфулло Саидов 12 декабри соли 1936 ба дунё омада, баъди хатми риштаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба аспирантураи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи […]