• 14.02.2018

Дарро задем, девор кафид? Ба таваҷҷуҳи вазири адлия Рустами Шоҳмурод  

Шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон”  ба чоп расид. Дар он маводҳои ҷолиб дар мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳо ба табъ расиданд. Аз ҷумла: Сеюмин Донори бузург дар Тоҷикистон. Мусоҳиба бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода: Бо терроризм мубориза мебарем, бо бевиҷдонҳо кор намекунем!  Беҳрӯз Хоҷазода дар раддабандии  FIAS дуюм шуд  Лампаҳои вайрон. Хоҷагии манзилию коммуналӣ […]

  • 14.02.2018

Рӯзи ошиқонро ҷашн мегиранд (Видео)

Бо вуҷуди баҳсҳои тӯлонӣ ва мавҷи маҳкумият ба хусус аз ҷониби диндорон, Рӯзи Валентин ҳамчун Рӯзи ошиқон дар Тоҷикистон солтосол маъруфтар мешавад. Ва агар қаблан доманаи таҷлили ин ҷашн бештар бо ҷавонони шаҳрнишин маҳдуд мешуд, ҳоло Рӯзи ошиқон батадриҷ ба берун аз шаҳрҳои Тоҷикистон низ пой мегузорад.                                   Бознашр аз «Ахбор» Муносибат ба Рӯзи Валентин […]

  • 14.02.2018

Ширкати Президент дар ифтитоҳи хонаи истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ

Субҳи имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 5-ошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба истифода дода шуд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур дар рӯзҳои таҷлили солгарди 25-уми Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат рамзӣ буда, шаҳодати ғамхориҳои […]

  • 14.02.2018

Ронандаи таксиро ғорат карданд

Бино ба иттилои ВКД, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 38-солаи сокини шаҳри Норакро, ки пеш бо моддаҳои 248, 249, 138, 120 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд. Номбурда, рӯзи 12-уми феврали соли 2018, тахминан соати 12:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо […]

  • 14.02.2018

Пешгирии воридоти ғайриқонунии молҳо аз ҷониби гумрукчиён

Гумрукчиёни тоҷик дар маҳаллаи Чорбоғ аз воридоти  ғайриқонунии молҳои мавриди ниёзи мардум пешгирӣ карданд. Дар ин хусус аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Гуфта мешавад, ки ҳангоми азназаргузаронии бордони мошини «Мерседес –Спринтер», ки онро  шаҳрванди 27-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон М. О. идора мекард, 2,6 ҳазор килограмм либосҳои занона, ду қуттӣ маводи […]

  • 14.02.2018

Нигина Амонқулова таронаи «Во дили ман” ро пешкаши мухлисон намуд (Видео)

Овозхони шинохтаи тоҷик Нигина Амонқулова таронаи наваш бо номи «Во дили ман” бар пояи як ғазали безаволи Мавлоноро нашр кард. «Во дили ман” аз нахустин таронаҳои Нигина баъди таваллуди писари дуюмаш Довудҷон аст. Нигина Амонқулова рӯзҳои 23-24 феврал дар Хуҷанду Бӯстон 6 консерт медиҳад, ки низ нахустин консертҳои ӯ баъди таваллуди Довудҷон мебошанд. Нигина Амонқулова […]

  • 14.02.2018

Ташкили нуқтаҳои мубодилаи асъор дар наздикии марз

Намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ба зудӣ дар наздикии гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистону Қирғизистон нуқтаҳои мубодилаи асъор боз хоҳад кард. Наврӯз Валиев, раиси намояндагии БМТ гуфт, «ба ташкилотҳои қарзии вилоят супориш медиҳем, ки дар назди гузаргоҳҳои марзӣ марказҳои хидматрасонӣ боз кунанд». Дар Тоҷикистон фаъолияти саррофиҳои хусусӣ манъ карда шудааст. Вай иқрор […]

  • 14.02.2018

Толеъномаи 13 феврал 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Қисми аввали рӯз нақшаҳоятон яку якбора тағйир ёфта, ташвишатон зиёд мегардад. Фаъолияти эҷодкорон, сафарҳо, таъмир ё кори сохтмон бобарор анҷом меёбад. Баъди нисфирӯзӣ яке аз наздиконатон бемор шуда, барои табобаташ маблағи зиёд сарф мекунед. Бегоҳирӯзӣ бо нафаре вомехӯред, ки кайҳо боз дар оташи ишқаш месӯхтед. Савр ( 21 апрел – 22 май) […]

  • 14.02.2018

Фарзонаи Хуршед: Ман оилаи ҳеҷкасро вайрон накардаам (Видео)

«Дар ҳаёти ҳар як нафар каси сеюм дар ҳақиқат зиёдатист. Аз дигарон мешунавам, ки гӯё зиндагии Фаридунро ман вайрон карда бошам. Дар асл ин тавр нест. Ман на иҷоза медиҳам, ки як кас дар ҳаёти ман қӯш шавад ва ман ба худам ҳам иҷозат намедиҳам, ки ба ҳаёти касе дахолат кунам.” Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавону […]

  • 14.02.2018

20 соли зиндон ҳукми дугонаи перзиденти пешини Кореяи Ҷанубӣ

Додгоҳи Сеул Чхве Сун Сил, дугонаи президенти пешини Кореяи Ҷанубиро дар заминаи фасодкорӣ муҷрим донист ва ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Ба ғайр аз ин, Чхве Сун Сил бояд $16.1 миллион ҷарима супорад. Чхве Сун Сил чанд сол мушовири раиси ҷумҳури пешини Кореяи Ҷанубӣ Пак Кин Хе буд. Ду сол пеш ҳардуи онҳо […]

  • 14.02.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 14 феврал  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8197 сомонӣ, 1 евро = 10.8862 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1526 сомонӣ. Имрӯз, 14 феврал қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    […]

  • 14.02.2018

Имрӯз низ борон меборад

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф) дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2-7, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -3+2. Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +7+12. […]

  • 14.02.2018

Боз як изҳороти Шӯрои уламо

Вобаста ба созмон ёфтани як ташкилоти нави дар хориҷа амалкунандаи тоҷикон дар шаҳри Венаи Австрия Шӯрои уламои Маркази Исломӣ изҳороте пахш намудааст,ки матни онро манзур мегардонем      ИЗҲОРОТИ Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба таъсиси «Анҷумани озодандешони тоҷик» дар хориҷи кишвар Бо таваҷҷуҳ ба хабари таъсис ёфтани як созмони нав бо […]

  • 14.02.2018

“Хоҷа Оби Гарм”-ро кӣ мехарад?

Мақомоти Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол хусусӣ кардани осоишгоҳи маъруфи “Хоҷа Обигарм” дар ноҳияи Варзоб дар назар гирифта шудааст. Ин осоишгоҳ феълан дар ихтиёри давлат аст. Дар солҳои гузашта мақомот истироҳатгоҳҳои машҳури “Шоҳамбарӣ” ва “Зумрад”-ро хусусӣ карда буданд. Сафомиддин Асомуддинзода, сардори раёсати хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Кумитаи сармоягузорӣ, рӯзи 13-уми феврал гуфт, корхонаи дӯзандагии […]