• 01.05.2018

3 маҳбус аз маҳбас фирор карданд

Аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Токмоки Қирғизистон се гумонбар фирор карданд. Дар ин бора Назира Имонғозиева, сухангӯи пулиси вилояти Чуй хабар дод. Ба гуфтаи вай, тамоми ҳайати пулис барои пайдо кардани фирориён ҷалб шудааст. Яке аз фирориён дар куштор, дувумӣ дар мошиндуздӣ ва севумӣ дар дуздӣ айбдор мешаванд. Ба иттилои расонаҳо, фирориён ҷавонони 17-18 сола ҳастанд.

  • 01.05.2018

Селфӣ фирист ва соҳиби тӯҳфа шав!

Сомонаи «Тajikistantimes.com» озмуни «Селфии беҳтарин»-ро эълон мекунад. Хоҳишмандон метавонанд аз 1-ум то 15-уми май селфиҳои худро тариқи Viber, Whatsapp бо рақамҳои 985-81-89-81 ба мо фиристонанд. Аксҳо давоми ду ҳафта ҷамъоварӣ карда шуда, баъдан беҳтарини онҳо барои лайкгузорӣ тариқи сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод карда мешаванд. Барандаи озмуни мазкурро мукофот интизор аст. Сину соли иштирокчиён маҳдудият […]

  • 01.05.2018

Марги кӯдаки яксола зери чархи мошини боркаш

Рӯзи 30 апрел, соати тахминан 15:30 Аҳмад Миршарифзодаи яксола дар роҳи деҳаи Таги ҷамоати Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод зери чархи мошини боркаши ГАЗ-53Б ба ҳалокат расид. ВКД мегӯяд, ронандаи мошин Бегназар Мирзоев аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист. 30-юми апрели соли 2018, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-53Б”, Мирзоев Бегназар Ғоибович, соли таваллудаш 1981, […]

  • 01.05.2018

Ғарқшавии духтарон дар дарё Сурхоб (Видео)

Дар Интернет видеое нашр шуд, ки лаҳзаи дар дарёи Сурхоб ғарқ шудани ду духтарро тасвир мекунад. Як духтари 15-сола аз ҷамоати Сари Пули ноҳияи Рашт ва як духтари 19-сола аз Душанбе, ки ба меҳмонӣ омада буд, нимаи дуюми рӯзи 28 апрел ҳангоми аксгирӣ дар лаби дарё ғарқ шуданд. Ҷасади ҳардуро рӯзи 29 апрел 35 километр […]

  • 01.05.2018

Ба собиқадорони ҶҶД ғизову либоси бепул медиҳанд

Девони вазирони Ӯзбекистон 28 апрел дар робита ба ҳифзи иҷтимоии иштирокдорони ҷанги солҳои 1941-1945, маҳбусони ноболиғи пешини лагерҳои фашистон ва шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи Ленинград кор кардаанд, қарореро ба имзо расонд. Бар пояи қарор, ҳар моҳ бар ҳар яке аз онҳо то санаи 15-ум 3 кило орд, 500 гр гречка, 500 гр макарон, 1 […]

  • 01.05.2018

Ҳукми абад ва ашки талхи занҳои тоҷик дар Бағдод

Ҳукумати Тоҷикистон аз мақомоти Ироқ дархост кард, ки ҷузъиёти ба ҳукми абад маҳкум шудани чаҳор зани тоҷик дар додгоҳи Бағдодро шарҳ диҳанд. Рӯзи 29 апрел додгоҳи Бағдод ин занҳоро барои «узвият ва кумак ба «Давлати Исломӣ» гунаҳгор эълон кард. Бархе занон дар ҷараёни эълони ҳукм бо фарзандони хурдсоли худ дар курсии айбдоршавандаҳо нишаста буданд. Зубайдулло […]

  • 01.05.2018

Табибон маоши якрӯзаашонро иҷборан барои оҳанпора супориданд

Маоши якрӯзаи кормандони Маркази давлатии назорати беҳдоштиву эпидемиологии ноҳияи Шурчини Ӯзбекистонро барои оҳанпора гирифтанд. Ба гуфтаи табибон, роҳбарияти марказ ва ноҳия қарори президентро дар бораи манъи ҷамъоварии оҳанпора нодида мегиранд. Яке аз табибон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, онҳоро маҷбур карданд, зери ҳуҷҷате имзо гузоранд, ки гӯё бо хоҳиши худ маоши якрӯзаашонро ба оҳанпора […]

  • 01.05.2018

Раиси “Барқи тоҷик» роҳбари Федератсияи тенниси рӯи миз интихоб шуд

Исмоилзода Мирзо, раиси Ширкати холдингии саҳомии “Барқи тоҷик” раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб шуд. 28 апрел  дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи Плениуми интихоботии Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он зимни муҳокимаи масъалаҳо аз ҷумла номзадии Исмоилзода Мирзо ба ҳайси раиси Федератсияи тенниси рӯи миз пешниҳод ва бо овоздиҳии якдилонаи […]

  • 01.05.2018

Ҷасади шоир Бозор Собирро дар шаҳри Душанбе ба хок месупоранд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид супориш доданд, ки ҷасади шоир Бозор Собирро аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Ватан оварда, дар шаҳри Душанбе ба хок […]

  • 01.05.2018

Бозор Собир вафот кард

Имрӯз 1 майи соли 2018 соати 5-у 10 дақиқаи вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият […]

  • 01.05.2018

Боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст

Ба  иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, тӯли чанд рӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаҳои кӯҳӣ боридани боронҳои пуршиддат ва баъзан жола дар назар аст. Пастшавии ҳарорат то +8 +10 дараҷа дар водиҳо пешбинӣ мешавад. Ҳамчунин шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб то 15-20 метр дар як сония […]

  • 01.05.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 1 май  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.9010 сомонӣ, 1 евро = 10.7524 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1415 сомонӣ. Имрӯз, 1 май қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои  қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.9010 […]

  • 01.05.2018

Фавти Владимир Юматов

Хабари марги Владимир Юматов, мусиқишинос ва коргардони овоз ҳунармандону дӯстони ӯро ҳайратзада кард. Мусиқидон ва оҳангсози маъруф рӯзи 30 апрел дар як бемористони Душанбе дар синни 44-солагӣ даргузашт. Ин мусиқинавозу оҳангсоз, ба гуфтаи дӯстонаш, як соли охир аз бемории шуш ранҷ мебурд. Дӯстону наздиконаш аз ӯ ҳамчун як инсони самимӣ ва коргардони ҳирфаӣ ном мебаранд. […]

  • 01.05.2018

Вазорати маориф  низ аз паи Диссернет шуд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар пасманзари моҷарои марбут ба иттиҳоми асардуздии олимону мақомоти тоҷик, ки аз пойгоҳи интернетии «Диссернет» бархост, гурӯҳи корӣ таъсис дода, асарҳои ба истилоҳ копишуда ва ё»дуздидашуда»-ро мавриди баррасӣ қарор додааст. Тайи як моҳи ахир «Диссернет» — як пойгоҳи хусусӣ дар Русия, рисолаҳои илмии бархе аз муҳаққиқони тоҷикро мавриди шубҳа қарор […]

  • 01.05.2018

Толеъномаи 01 май 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Рӯзи пур аз рӯйдодҳо шуморо интизор аст. Бояд корҳои нотамоми хешро ба анҷом расонед, зеро нимаи дувуми рӯз сафари хотирмоне дар назар аст. Бо рашку гумонҳои беҳуда дилдодаатонро аз худ дур накунед. Синну сол ва набудани вақтро баҳона накунед ва ба обу тоби бадан машғул шавед то ҷисми мавзун ва саломатии […]