• 22.04.2019

Донишҷӯён: Дод аз дасти нақлиёт! (Видео)

Яке аз мушкилотҳои асосӣ дар пойтахти кишварамон ин норасоии нақлиёт ва бетартибиву бенизомии он мебошад. Аз меъёр зиёд мусофир гирифтан, аз истгоҳҳо дуртар мусофир савор кардан ва мушкилоти дигари нақлиёт донишҷӯёнро низ ба танг овардааст.

  • 19.04.2019

Макрон Эмомалӣ Раҳмонро ба Фаронса даъват мекунад

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ҳамтои тоҷики худро ба Париж даъват кардааст.

  • 29.06.2018

Даргузашти Михоэл Занд — муҳаққиқи адабиёти тоҷик

Даргузашти Михоэл Занд, муҳаққиқи адабиёти тоҷик Михоэл Занд, адабиётшинос ва шарқшиноси машҳури яҳудитабори шӯравӣ дар сини 91- солагӣ аз дунё гузашт. Адабиётшинос аз солҳои 60-ум ба ин ҷониб дар Исроил ба сар мебурд ва ба таҳқиқу пажӯҳиши эҷодиёти шоирони яҳудӣ, ки бо забони форсӣ асар эҷод мекунанд, машғул буд. Михоэл Занд нафарест, ки солҳои тӯлонии […]

  • 29.06.2018

«Оила» дар Ваҳдат

Имрӯз ҳафтаномаи «Оила» бахшида ба ҷашни 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо намояндагони 12 ҷамоати шаҳри Ваҳдат вохӯрӣ ташкил намуд. Дар ин маҳфили фарҳангӣ намояндагони Ҳукумати шаҳри Ваҳдат, шӯъбаи кор бо занон ва оила, ҳамчунин сокинони ҷамоатҳои гуногун ширкат варзиданд. Тавре  сармуҳаррири ҳафтаномаи «Оила»  Фирӯза Сатторӣ қайд намуд: Мақсади ин вохӯрӣ шиносоии хонандагон бо аҳли қалами […]

LM2019
  • 29.06.2018

Кушта шудани Азизуллоҳ Корвон аз ҷониби Толибон

Мақоми баландпояи пулиси Афғонистон Азизуллоҳ Корвон шоми 28 июн аз тарафи Толибон кушта шуд. Ба гуфтаи Вазорати умури дохилии Афғонистон ӯ дар ҳоле ҳадафи тири Толибон қарор гирифт, ки ҳамроҳ бо хонаводааш дар минтақаи Макрориёни Кобул «пикник» дошт. Сухангӯи Вазорати дохилӣ Наҷиб Дониш рӯзи 29 июн гуфт, Корвон -фармондеҳи воҳиди Нерӯҳои Вежаи Пулис дар шарқи […]

Дин 0
  • 29.06.2018

“Газ”-и  газ нархро кӣ боло мебарад: Қазоқистон ва ё…?

  …Ин субҳ дар Русия нархи бензин арзон шуд. Ҳамагӣ чор тин, вале арзон шуд ва ин раванд идома хоҳад ёфт… …Ин субҳ дар Тоҷикистон нархи газ  ба 4 сомонию 80 дирам ва 5 сомонӣ расид ва ин раванд идома хоҳад ёфт… Чунин буд аввалин хабарҳое, ки дар мавриди нархи маводи сӯхт пайдо кардам. Чаро […]

  • 29.06.2018

Латукӯби деҳқонон аз ҷониби сардори пулис

Деҳқонони ноҳияи Қаршини вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон, ки нақшаи супоридани гандумро иҷро накарданд, аз сӯи сардори пулиси ноҳия латту кӯб шуданд. Сардори пулиси ноҳия аз деҳқонон талаб кард, ки аз ноҳияҳои дигар гандум харида нақшаи супоридани онро иҷро кунанд. Дар ҳоли ҳозир раёсати корҳои дохилии вилояти Қашқадарё санҷиши хизматиро нисбати сардори пулиси ноҳияи Қаршин Ҷаҳонгир Раҷабов […]

  • 29.06.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 29 июн қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 9.1574 сомонӣ, 1 евро = 10.6098 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1450 сомонӣ. Имрӯз, 29 июн қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА […]

  • 29.06.2018

Боз як сӯхтор дар Душанбе, ин дафъа  “Шукрона”…

28-уми июни соли 2018, соати 08:16 дар меҳмонхонаи “Шукрон”, ки ба ширкати дорои масъулияташ маҳдуди Topaz мутааллиқ асту дари ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад, сӯхтор ба амал омад. Барои хомӯш кардани он 12 мошини оташкуш сафарбар карда шуданд. Оташ дар масоҳати 200 метри мураббаъ, дар ошёнаи сеюми бино паҳн шудааст. Дар натиҷаи амалиётҳои саривақтӣ […]

  • 29.06.2018

Толеъномаи 29 июн 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Имрӯз бояд зиёд фикр накарда, зуд амал намоед. Вагарна то шумо ҳамаро дар тарозуи ақл бармекашед, ки рақибон ризқатонро аз таги биниатон мебаранд. дастгирӣ ва фаҳмиш аз ҷониби ақрабо шуморо шод мегардонад. Аммо азизи дилатон ба рафтори шумо эродҳои сахт мегирад. Аз ӯ наранҷед, чуноне мегӯянд «Дӯст гӯяд табарвор» Савр ( […]

  • 29.06.2018

Замони мулоқоти Трамп ва Путин муаян шуд

Мулоқоти президентҳои ИМА ва Русия — Доналд Трамп ва Владимир Путин 16 июл дар шаҳри Ҳелсинкӣ, пойтахти Финландия баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе Кремл ва Кохи сафед иттилоъ доданд. Дар Кремл гуфтанд, ки ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ИМА ва Русия, ҳамчунин мушкилиҳои байналмилалиро баррасӣ хоҳанд кард. Рӯзи чаҳоршанбе, баъд аз […]

  • 29.06.2018

Ҳаво имрӯз 39 дараҷа гарм мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрноки  тағйирёбанда гашта, ҳарорат рӯ ба баландшавӣ меорад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 3 июл  идома ёфта, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст хоҳад шуд. Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як […]

  • 29.06.2018

Сардхонаи нави Бобоҷон Ғафуров

28 июн дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Боғи миллии “Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сардхонаи навро бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот ифтитоҳ карданд. Айни ҳол масоҳати боғ ба 700 гектар расонида шуда, дар […]

  • 29.06.2018

Гимназияи 53 ба мактаби 70 мекӯчад

Дар пойтахти Тоҷикистон вайрон кардани гимназияи рақами 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова шурӯъ шуд. Қарор аст, дар ҷойи ин гимназия дар тӯли як соли оянда мактаби наве бунёд шавад. Дар гузашта дар ин мактаб фарзандони мақомоти баландпоя таҳсил кардаанд. Ин мактаб ҳамеша маҳалли раъйдиҳии мақомоти баландпоя, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон буд.Ҳамакнун мақомот тасмим гирифтаанд, […]

  • 29.06.2018

Мошин,мошин намур, ки тирамоҳ меояд…

Қазоқистон қасд дорад, аз тирамоҳи имсол маҳсулоти нафтии худ, аз ҷумла бензинро ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон содирот кунад. Ба навиштаи маҷаллаи «Власть»-и чопи Қазоқистон, имкони содироти ин навъи маводи сӯхт дар пайи афзоиши тавлиди он дар корхонаҳои коркарди нафти Қазоқистон ва манъи воридоти бензин аз Русия фароҳам шудааст.Муовини раиси ширкати “КазМунайГаз” Дониёр Тиесов ба […]

App Banner