• 23.05.2019

Нони ӯзбекӣ ба феҳристи ЮНЕСКО шомил мешавад?

Иттиҳоди ошпазҳои Ӯзбекистон гуфтааст, ки ба ҷониби Ташкилоти СММ оид ба маориф ва фарҳанг ё ЮНЕСКО дар мавриди ба феҳристи мероси моддий ва ғайримоддии ҷаҳонӣ шомил кардани нони ӯзбекӣ пешниҳод ирсол кардааст.

  • 22.05.2019

Боздошти қассобон бо гӯшти ҳаром

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 4 қассоби ҳамин вилоятро ба ҳангоми фурӯши гӯшти ҳаром дастгир кардаанд.

  • 11.07.2018

Даргузашти профессор Раҳматулло Раҳмонов

Раҳматулло Раҳмонов, ноиби президенти Академияи илмҳои тиб ва мудири кафедраи неврология дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, субҳи 11-уми июл ба асари сактаи қалбӣ аз дунё даргузашт. Раҳматулло Раҳмонов бародари Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили робита бо ҷомеа мебошад. Маросими ҷанозаи Раҳматулло Раҳмонов нисфирӯзии имрӯз, 11-уми июл дар деҳаи Зарбдори шаҳри Кӯлоб баргузор […]

  • 11.07.2018

Қурби доллар боло рафт

Дар давоми як рӯз қурби доллар дар Тоҷикистон 2,7% боло рафт. Бегоҳии дирӯз доллар бо нархи 9,18 сомони фӯрухта мешуд, имрӯз 1 доллари амрикоӣ 9,43 сомонӣ шуд. Қурби расмии муаяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон барои 11 июл 9,17 сомони аст. БМТ боло рафтани қурби доллар нисбати сомонӣро дар тавозуни манфии савдои (тичорати) берунӣ , мебинад. Дар […]

  • 11.07.2018

Поёни қазияи КВН Мирсаидов бо 12 соли зиндон маҳкум шуд

  Хайрулло Мирсаидов, журналист ва роҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») аз  5-уми декабр инҷониб дар боздоштгоҳ қарор дошт ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми мазкурро суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл эълон кард ва Мирсаидову вакилаш ҳукми судро беинсофӣ номиданд. Мирсаидов як рӯз қабл дар сухани охиринаш дар додгоҳ гуфт, «ман бо […]

  • 11.07.2018

Хиромон —  нобиғае, ки ҷаҳонро ба ҳайрат овард

  Дирӯз китоби мусаввари зебое таҳти унвони «Духтари баҳор», ки аз ҷониби нашриёти «Истиқбол» ба нашр расидаву рӯзноманигори собиқадор Тӯҳфа Расулӣ онро ба чоп таҳия карда буд, ба дастам афтод. Аз мутолиаи сафҳаҳои аввали ин китоб сахт мутаассир шудаву ба тақдири Хиромони пурармон гиристам… Хиромон кист? Ва чаро таваҷҷуҳи мардум нисбат ба ӯ зиёд аст? […]

  • 11.07.2018

Песков ба сенатори Амрико посух гуфт

      Кремл ба суханони сенатори ИМА Ҷон Кеннеди, ки сарукор гирифтан бо мақомоти Русияро ба сарукор бо мафия нисбат додааст, посух дод. Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Русия изҳороти сенаторро «клище» ва «русофобия» номид. «Мо дар чашм айнаки гулобӣ надорем ва медонем, ки истеблишменти сиёсии Амрико то кадом андоза таҳти фишори «русбадбинӣ» қарор дорад”. […]

  • 11.07.2018

Ҷопониҳо пеш аз имтиҳон шоколод мехӯранд

Имрӯз рӯзи байналмилалии шоколод аст. Ин идро бори аввал   соли 1945 франсузҳо ҷашн гирифтанд. Имрӯз дар ҷаҳон намудҳои зиёди шоколод  мавҷуд аст. Ширин, талх, сиёҳ, шоколод бо шир, бо донагӣ, бо мева ва ғайраву ғайраҳо. Ба муносибати иди шоколод чанд факти  ҷолибро барои дӯстдороно ин ширинӣ таҳия намудем. Вазнинтарин шоколоди дунёро дар Италия истеҳсол кардааст. […]

Дин 0
  • 11.07.2018

«Ювентус» Криштиану Роналдуро бо 112 миллион евро харид

Футболбози машҳури ҷаҳон Криштиану Роналду, ки пас аз бохти тими Португалия дар марҳилаи ҳаштякфиналӣ ЧҶ-2018-ро тарк кард, бо Клуби футболи !Ювентус»-и Италия қарордод бастааст. Роҳбарияти Клуби футболи  «Реал» (Мадрид) аз ин қарордод истиқбол намуда, изҳор карданд, ки Криштиану дар муддати 9 соли бозӣ дар дастаи мазкур намунаи беҳтарин футболбози ҷаҳонӣ гардид. Ӯ дар ҳайати «Реал» […]

  • 11.07.2018

Рақиби финалии Фаронса: Хорватия ё Англия?

Дастаи яккачини Фаронса дишаб тими Белгияро дар марҳилаи нимфиналӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда, ба даври финалии ЧҶ-2018 роҳхат гирифт! Голи ягонаи дастаро Самюэл Умтити дар дақиқаи 51-уми бозӣ ба дарвоза ворид кард. Футболбозони фаронсавӣ дар нимфинал ғолиби ҷуфти Хорватия-Англияро, ки имшаб дар давраи нимфиналии дуюм вомехӯранд, интизор аст. Фаронса бори охирин дар Чемпионати ҷаҳони […]

  • 11.07.2018

Қочоқбарони тоҷикро аз Қирғизистон дастгир намуданд

Дар Қирғизистон кушиданд, ки 4,5 тонна тарбузро ғайриконуни аз Тоҷикистон интиқол диҳанд. Дар ин бора котиби матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт.  Ба иттилои манбаъ, марзбонон дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, дар минтақаи Баткен қочоқбаронро дастгир намудаанд. “Дар наздикии минтақаи аҳолинишини Жаштик ва ноҳияи Лайлак, 20 метр дуртар аз хати сарҳад, марзбонон ду шаҳрванди тоҷикро […]

  • 11.07.2018

Андозситонии раисони ноҳия барои «корҳои ободонӣ”

Дар чандин шаҳру ноҳияи Тоҷикистон бо баҳонаи «корҳои ободонӣ” раисон аз мардуме, ки аз ҳисоби буҷа маош мегиранд, талаб доранд, ки маоши як ё дурӯзаи худро ба буҷаи шаҳр ё ноҳия бисупоранд. Бори ин «андози ободонӣ” асосан ба дӯши муаллимон, духтурон ва ҳамшираҳои шафқату санитарҳо меафтад, ки бо як маоши кам рӯзгори худро пеш мебаранд. […]

  • 11.07.2018

Дубайтии Рустами Ваҳҳоб барои футбол

Он якеро ғами Фаронса бувад, Дигаре дар азои Испон аст. Севумӣ гаштааст обу адо, Алами Олмон дараш ҷон аст. Чорумӣ рӯзу шаб ба вақти намоз Талабад ғолибийяти Белжик. Кош, сад кош, дар ғами ватанаш Инчунин доғ буд дили тоҷик!

  • 11.07.2018

Имрӯз борон меборад

      Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво чун рӯзҳои қаблӣ тағйирёбандаи абрнок гашта, танҳо дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст. Навобаста аз абрнокии ҳаво дар шимолу ҷануби кишвар ҳарорат чун рӯзҳои пештара то 43 дараҷа боқӣ мемонад.   Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, […]

  • 11.07.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА —  9.1752 сомонӣ; 1 евро – 10.7552 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1468 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон  чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА аз […]

App Banner