• 23.05.2019

Ҷавон дар эътироз ба хароб кардани манзилаш худро оташ зад

Сокини вилояти Самарқанди Ӯзбекистон дар эътироз нисбати вайрон кардани манзили зисташ дар назди кормандони ниҳоди давлатӣ ба худ бензин рехта оташ зад.

  • 22.05.2019

Қаллоб беш аз 500 ҳазор сомониро азхуд кард

Марди 38-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар зарфи ду соли ахир аз шахсони мухталиф барои аз маҳбас озод кардани пайвандон ва амалҳои дигари қаллобӣ беш аз ним миллион сомонӣ ба даст овардааст.

  • 20.07.2018

Акнун муҳлати зиндони Пак Кин Хе ба 32 сол баробар шуд

Додгоҳи Куриёи Ҷанубӣ дар мавриди парвандаи президенти пешини ин кишвар Пак Кин Хе ҳукми нав содир кард. Ӯро бо он айбдор карданд, ки дар интихоботи порлумонии соли 2016 дахолат кардааст ва ҳамзамон иҷозат додааст, ки маблағҳои давлатӣ рабуда шавад. Додгоҳ ӯро аз рӯи ин парванда ҳашт соли дигар зиндонӣ кард. Моҳи апрели соли ҷорӣ додгоҳ […]

  • 20.07.2018

Дар шаш моҳ 266 нафар хориҷ шуд

Дар нимсолаи  авали соли 2018 Донишгощи технологии Тоҷикистонро 735 нафар хатм намудааст, ки аз ин шумора 31 нафарашон соҳиби дипломи аъло гаштанд. Дар шаш моҳи сипаригардида 266 нафар бо сабабҳои гуногун аз донишгоҳ хориҷ шудаанд – иброз намуд,  ноиби ректори донишгоҳ Тошматов Маҳмуд, зимни нишасти хабарӣ. Ӯ қайд намуд, ки дар натиҷаи комёб шудан ва […]

  • 20.07.2018

Х.Холиқназар: Тоҷикистон бо Ӯзбекистон шартномаи шарокати стратегӣ мебандад

Худойбердӣ Холиқназар директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки зимни сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон миёни ду кишвар шартномаи шарокати стратегӣ баста мешавад. Ин нуктаро Холиқназар имрӯз дар мизи мудаввари “Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи фарҳанг”, ки дар маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ба пешвози сафари Президенти кишвар ба […]

  • 20.07.2018

Мирбобоев: Тоҷикистон дар Фарғона кӯдакистон месозад

Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон мактаби ӯзбекӣ ва дар ноҳияи Дӯстӣ мактаби миёна месозад, инчунин Тоҷикистон дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон мактаб ва дар вилояти Фарғона боғчаи бачагона месозад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии вазорати маориф ва илми кишвар муовини аввали вазири маориф ва илми Мирбобоев Раҳматулло ба самъи рӯзноманигорон расонид. -Айни замон дар […]

  • 20.07.2018

Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон меафзоянд

Муовини аввали вазири маориф ва имли Тоҷикистон Мирбобоев Раҳматулло мегӯяд, ки дар соли таҳсили 2018-2019 теъдоди омӯзгорони рус дар макотиби Тоҷикистон афзоиш меёбад.  Ин нуктаро Мирбобоев имрӯз зимни нишасти матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар ба рӯзноманигорон ироа кард. Мирбобоев гуфт, ки соли гузашта 209 омӯзгор аз Русия дар макотиби таҳсилоти миёнаи кишвар дарс гуфтанд […]

Дин 0
  • 20.07.2018

Хеши президент 160 мусофирро аз ҳавопаймо берун кард

Як хеши наздики президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамроҳ бо аъзои хонаводааш тамоми мусофирони як ҳавопайморо берун карда, бо ин ҳавопаймо худ ва хонаводааш парвоз кардаанд. Як манбаъ гуфт, ин ҳодиса тақрибан як моҳ пеш дар масири парвози Туркманобод-Ишқобод рух додааст. Дар натиҷа 160 мусофири соҳиби чипта натавонистанд бо ҳавопаймо парвоз кунанд. «Хеши президент ҳамроҳ бо […]

Дин 1
  • 20.07.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4200 сомонӣ; 1 евро – 10.9281сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1483 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА 9.4300; 1 […]

  • 20.07.2018

Гармии аз меъёр зиёди ҳаво то 25 июл идома меёбад

Гармии ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон то 25 июл идома ёфта, 24 июл яке аз рӯзҳои гармтарини ин моҳ хоҳад буд. Дар ин рӯз ҳарорати ҳаво аз меъёри муқаррарӣ боло меравад. Дар ин бора сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фаридун Ахмедов хабар додааст. Ба иттилои ӯ, гармии аз меъёр зиёди ҳаво дар ҷумҳурӣ […]

  • 20.07.2018

Толеъномаи 20 июл 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Хавфи  рехтани обрӯву нуфузатон мавҷуд аст. Дар бораи худ маълумот ва аксҳоятонро дар шабакаҳои интернетӣ паҳн накунед. Табъи нохуш ва дағалӣ ба муносибатҳои ошиқона ва ҳангоми робита бо ҳамсафари ҳаётӣ таъсири худро мегузорад. Дар ҷои кор ба амалҳои беандеша роҳ надиҳед. Баҳсу мунозира бо роҳбарият ягон фоида надорад. Савр ( 21 апрел […]

  • 20.07.2018

Лоиҳае,ки нафақаро аз 65 солагӣ муқаррар мекунад, қабул шуд

Думаи давлатӣ тарҳи қонуни ҳукумати Русия дар бораи боло бурдани синни бознишастагиро, рӯзи панҷшанбе дар хониши аввал қабул кард. Дар ҷаласа намояндаи «Русияи воҳид» гуфт, ки ҳизби ҳоким аз ислоҳоти нафақа пуштибонӣ мекунад. Ҳизби Коммунист ва Либерал- Демократ мухолифати худро бо ин тарҳ баён карданд.Дар натиҷа, тарҳ танҳо бо пуштибонии «Русияи воҳид», ки бахши умдаи […]

  • 20.07.2018

Куштори ноболиғ дар Қумоқи Панҷакент

Шоми 18 июл дар деҳаи Қумоқи ҷамоати ба номи Лоиқ Шералии Панҷакент Мафтунаи Фатҳулло, хонандаи синфи 7-уми мактаби №59 Баҳрулло Қурбонови 7-соларо бо чанд зарбаи корд куштааст. Сокинони деҳа  сабаби кушторро дар рафтори Баҳрулло,ки ҳамдеҳаи худро дар куча “дузд” гуфтааст, медонанд. Аз рӯи гуфтаи онҳо, ин духтар чанде қабл аз тарафи як ҳамсояаашон барои гирифтани маблағ аз […]

  • 20.07.2018

Ҳар нафаре, ки дузди Ганҷинаро дидааст ба ВКД занг занад

Тавассути телевизиони давлатии Тоҷикистон акси занеро нашр карданд, ки эҳтимол меравад, дар ғайб задани Ганҷина Қаюмоваи 10-сола аз шаҳри Истаравшан даст дошта бошад. ВКД аз сокинон хостааст, ки барои муайян кардани шахсияти ин зан ба мақомот кумак расонандю Ганҷина 25 августи соли 2017, вақте аз бозори шаҳри Истаравшан ба хонаашон мерафт, дар роҳ ғайб зад. […]

App Banner