• 22.04.2019

Донишҷӯён: Дод аз дасти нақлиёт! (Видео)

Яке аз мушкилотҳои асосӣ дар пойтахти кишварамон ин норасоии нақлиёт ва бетартибиву бенизомии он мебошад. Аз меъёр зиёд мусофир гирифтан, аз истгоҳҳо дуртар мусофир савор кардан ва мушкилоти дигари нақлиёт донишҷӯёнро низ ба танг овардааст.

  • 19.04.2019

Макрон Эмомалӣ Раҳмонро ба Фаронса даъват мекунад

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ҳамтои тоҷики худро ба Париж даъват кардааст.

  • 31.07.2018

Мо муносибатамонро вайрон намекунем

Сокинони шаҳри Душанбе Барои поси хотири сайҳони ҳалокшудаи амрикоӣ, дар назди сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон ҷамъ омаданд ва гулу шамъ гузоштанд. «Мо мехоҳем, то мардуми амрико донанд, ки дар марги ҳамватанонашон бетараф нестем», -гуфт, як сокини пойтахт ки назди сафорат ҳозир шуда буд. Телевизиони Амрикоии  «CNN»  дар саифаи Фейсбукияш матолиберо нашр намудааст, ва дар он […]

  • 31.07.2018

Назирӣ: 120 духтури оилавӣ намерасад

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоят Суғд норасоии кадри соҳаи тиб, ба хусус тибби оилавӣ муаммои асосӣ дар соҳаи тиб аст. Ба гуфти раиси ноҳия Зариф Назирӣ соли гузашта 160 ихтисосманди соҳаи тиб дар беморхонаҳои ноҳия намерасид. Баъди корбарӣ кардан ва ҷалбу ҳавасмандгардонии ихтисосмандони соҳа давоми шаш моҳ 40 нафар ба кор ҷалб гардидаанд. Аммо то […]

LM2019
  • 31.07.2018

Занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Русия

Дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Москваи Русия 30 июл шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистон занозанӣ карданд. Дар ин бора сафорати Қирғизистон дар Русия хабар дод. Ташхиси тиббӣ сабаби марги шаҳрванди Қирғизистонро дар ин ҳодиса сарозер шудан аз баландӣ унвон кард. Намояндагии Кумитаи тафтишотии Русия ҳодисаи марги шаҳрванди Қирғизистонро таҳқиқ мекунад. Чанд тан аз иштирокчиёни занозании гуруҳӣ боздошт […]

  • 31.07.2018

Ман аз ҳама зеботаринам

Дар сомонаҳо ва шабакаҳои  интернетӣ навгонӣ  зуд-зуд ба чашм мерасад. Сухани нав, акси нав, навори наву ҷолиб зиёд пайдо мешавад.  Ин дафъа бошад, миёни ҳамаи аксҳо як акси духтараки африкоӣ рекорди ҳамаро зад. Аккос аз Нигерия  Бисола Мофелува Бамуива навору суратҳои беҳтаринро доиман нашр мекунад, ки лайки зиёде ҳам ба даст меояд. Ин дафъа акси […]

  • 31.07.2018

 Бӯстон: 360 кӯдак барои боғча дар навбатанд

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд 12 кӯдакистон бо фарогирии 1791 кӯдак фаъолият мекунад. Имрӯз зимни нишасти хабарӣ бо журналистон, раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода қайд кард, ки аз 12 кӯдакистон 3 адад давлатӣ ва 9 адади дигар кӯдакистонҳои хусусӣ мебошанд, ки аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудаанд.  Ба гуфти раиси шаҳр вазъи кӯдакистонҳо қонеъкунанда буда, ягон […]

  • 31.07.2018

Тафсилоти муфассал дар бораи куштори сайёҳон

29 июли соли 2018, тахминан соати 15:30-дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон бо автомашинаи тамғаи «Леганзе», рақами қайди давлатиаш 74-98 ВН 03 дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон (дар км 81) бо суръати баланд ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ – шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Шветсария, Нидерландия ва […]

  • 31.07.2018

Президент дар рухсатӣ

Сомонаи туркии Нurriyet Daily News аксҳои «рухсатии навбатии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев»-ро дар Бодруми Туркия нашр кард. Ба иттилои сомона, Назарбоев, ки 9 соли ахир рухсатии худро дар як меҳмонсарои Бодрум мегузаронад, аз киштии соҳибкори қазоқ Алиҷон Иброҳимов низ истифода кардааст. Бахши англисии сомонаи мазкур 28 июл чанд акси мардеро дар соҳили баҳри Эгей нашр […]

Дин 0
  • 31.07.2018

Ҳамдардии моро қабул намоед

Изҳори ҳамдардии тоҷикони хориҷ аз Тоҷикистон дар хусуси ҳалокати фоҷеавори 4 сайёҳ дар кишвар. Мактуботи мазкур ба АМИТ«Ховар» ворид гардидааст, ки онро бознашр менамоем.  «Ҳодисаи ба ҳалокат расидани шаҳрвандони кишварҳои Амрико, Швейтсария ва Нидерландия бар  асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи саёҳони велосипедрон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси андўҳ ва таассуфи бепоёни мо шаҳрвандони тоҷики муқими […]

  • 31.07.2018

Раҳимӣ: Бозёфтҳо Данғараро 4200-4500 сола арзёбӣ карданд

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, ки кашфиётҳои нахустин аз экспидитсияҳои археологии минтақаи Кангуртути Данғара нишон доданд, ки ин макон таърихӣ 4200 то 4500 сола дорад. Ин нуктаро Раҳимӣ зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш қайд кард. Раҳимӣ гуфт: “Бозёфтҳои нахустини ҳафриётҳои Данғара ва Фархор нишон доданд, ки ин минтақа таърихи 4200-4500 сола доранд. Аммо […]

  • 31.07.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4200 сомонӣ; 1 евро – 11.0157 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1500 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА 9.4300 […]

  • 31.07.2018

Даъвати Вазорати маорифи Ӯзбекистон аз сармоягузорони хориҷӣ

Вазорати маорифи халқии Ӯзбекистон аз сармоягузорони хориҷӣ даъват кард, ки ба таъсиси мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии хусусӣ иқдом кунанд. Дар мактабҳои хусусӣ аз рӯи усулҳо ва нақшаи таълимии нав дарс дода мешавад, ки бештар фанҳои технологияи иттилоотӣ, илмҳои табиӣ ва забонҳои хориҷиро фаро мегирад. Вазорати маорифи халқии Ӯзбекистон лоиҳаи санадҳои меъёриву ҳуқуқиеро тартиб медиҳад, ки сармоягузориро […]

  • 31.07.2018

Баландшавии ҳарорати ҳаво то охири ҳафта идома меёбад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо ҳарорат рӯзона нисбат ба рӯзҳои қаблӣ баланд ва шабона муътадил боқӣ мемонад. Ин гуна вазъи обу ҳаво ба гуфтаи мутахассисон то охири ҳафта идома меёбад. Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +16+21 […]

  • 31.07.2018

Дар паси фоҷеаи Данғара ДОИШ меистад?

Бино ба гузориши Site Intelligence Group, гуруҳи террористии ДОИШ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) масъулияти куштори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара дар ҷануби Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифтааст. Дар изҳороти ДОИШ гуфта мешавад, ки «гуруҳи сарбозони хилофат” дар вилояти Хатлони Тоҷикистон «шаҳрвандони кишварҳои узви эътилофи салибӣ”-ро пахш карда, сипас бо корд 4 нафари онҳоро кушта, чор тани […]

App Banner