• 20.07.2019

Мадраса кӯдакистон шуд: Мулло Саъдулло афсӯс мехӯрад

Мадрасаи деҳаи Сарои ҷамоати шаҳраки Шайдон дар ноҳияи Ашт, ки аз соли 1997 то соли 2011 фаъолияти ғайриқонунӣ дошт, ба Муассисаи давлатии таълимии томактабии №12 “Истиқлол” табдил дод шуд.

  • 19.07.2019

Аҳмадзода: Дар “Роғун” садама рух надодааст

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи “Роғун” садамае рух надода ва чархаи аввали неругоҳ ба далели мушкилоти фаннӣ истод.

  • 31.08.2018

Ба шабакаҳои «Золотая корона», «ЮНИСТРИМ» ва CONTACT иҷозаи фаъолият дода шуд

Бонки миллии Тоҷикистон якбора ба се шабакаи интиқоли пул, ки бештар муҳоҷирон тариқи онҳо маблағ мефиристанд, иҷозаи фаъолият дод. Шабакаҳои «Золотая корона», «ЮНИСТРИМ» ва CONTACT ҳамакнун ҳаққ доранд, то се сол дар Тоҷикистон фаъолият кунанд. Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 31-уми август гуфтанд, тасмими иҷозаи фаъолият ба се шабакаи пулгузаронӣ аз ҷониби раёсати ин бонк […]

  • 31.08.2018

Толеъномаи 31 август 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Аз аввали рӯз сар карда дар дили зодагони бурҷи ҳамал хоҳиши сад дар сад дигаргун намудани зиндагиашон пайдо мешавад, вале ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки дар оғози рӯз ба ягон кори нав азм нанамоед. Корҳои муҳиматонро ба нимаи дуюми рӯз гузоред, бобарор мешаванд, ба шарте, ки сирру асрори комёбиҳои худро ба касе накушоед. […]

  • 31.08.2018

“ХОМА” журналистикаи тоҷикро мобилӣ месозад

Журналистика шеър не, факту далел аст. Ҷаҳон дигаргун гашт ва журналистикаи муосир аз хабарнигорони тоҷик низ мобилӣ буданро талаб менамояд. Замоне, ки журналистонро ба соҳаи матбуот, телевизион ва радио ҷудо мекарданд, кайҳо гузашт. Журналисти имрӯза бояд универсалӣ бошад ва дар радифи факту далелҳо аз навтарин техникаю технологияҳои соҳаи журналистика истифода бурда, маводҳои доғи рӯз ва […]

  • 31.08.2018

Комроншоҳ тилло не, биринҷӣ овард

31-уми август хабар расид, ки Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия барои медали биринҷӣ мубориза мебарад. Комроншоҳ дар рақобати мардон  зери вазни 90 кило нахуст бар Шри Рам Макаҷу аз Непал пирӯз шуд ва ба чорякфинал баромад Ӯ дар даври чорякниҳоӣ Насиф […]

  • 31.08.2018

Мирзиёев ба Порис меравад

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон Шавкат Мирзиёевро бо 27-умин солгарди истиқлолияти Узбекистон табрик кард ва гуфт, мунтазири сафари қарибулвуқуи Мирзиёев аст, ки дар ҷараёни он тақвияти равобити ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд. «Аз наздикшавии мудаввоми Фаронсаву Узбекистон, ки аслан, солҳост, бо ҳам шариканд, истиқбол мекунам. Дар баробари афзоиши табодули мол ва густариши ҳамкории стратегӣ миёни ду […]

  • 31.08.2018

 “Шоҳин” кӯдакони маъюби Айнӣро бурд

70 нафар кӯдаки маъюб, волидайни онҳо дар сатҳи маҳал аз ноҳияи Айнӣ муддати як ҳафта дар осоишгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон  ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Лагери истироҳатӣ барои кӯдакони маъюб бо  намояндагии Ассотсиатсияи КАРИТАС Олмон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ созмон дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи лагери истироҳатӣ намояндагони […]

  • 31.08.2018

Ҳасани Чилла: Ман занкалон не, катазан ҳастам

Бознашр аз «Оила» Ҳасани Чилла-ин ном ба кулли хонандагони “Оила” ошност, зеро ин ҳунарманди машҳур бо ҳазлҳои намакинаш дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст. Бо дархости хонандагони сершуморамон мо асрори зиндагии ин марди шӯху шуҳратёрро пурсон шудем. -Акои Ҳасан, янгаро ба қавли мардум хуш карда гирифтед ё падару модаратон таги чашм карданд? -Аввал хуб нозу […]

  • 31.08.2018

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991–2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ   Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам: 1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр – ноябри соли 2018 […]

  • 31.08.2018

ҳаво имрӯз софу беғубор мешавад

Имрӯз дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор буда, ҳарорати шабона нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мефарояд. Ин гуна вазъи обу ҳаво то охири ҳафта идома хоҳад ёфт. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд. Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби […]

  • 31.08.2018

Сайри бозори съор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4228 сомонӣ; 1 евро – 11.0077сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1390 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА 9.4300; 1 […]

  • 31.08.2018

Ҳисоботи Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд

Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018, таҳти рақами 1084 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи […]

  • 31.08.2018

Тифли навзод дар ҷӯйбор

30 август, тақрибан соати 1420 аз ҷӯйбори назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷасади навзодеро пайдо намуданд, ки дар як латтаи сиёҳ баста, ба об партофта шудааст. Маълум нест, ки ин тифл мурда буд ва ё кадом модари бераҳме барои халос шудан ӯро зинда ба об партофтааст. Нафаре  ба сомонаи «Ахбор” хабар медиҳад, ки : «Кӯдакони […]

  • 31.08.2018

Раҳимов: Чӣ тавр захмӣ шуданамро нафаҳмидам

Сафархон Раҳимов, ронандаи трактори Идораи ҷангали ноҳияи Фархор, дар ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ дар марз бо Афғонистон ҷон ба саломат бурд. Ӯ яке аз се савори мошини “Нива”-е буд, ки рӯзи 26-уми август мавриди тирборони гурӯҳҳи номаълум қарор гирифт. Дар пайи ин ҳамла Ҳамрохон Саидов, корманди 66-солаи идораи ҷангал ва Давлат Сангинов, корманди 64-солаи хоҷагии зотпарварии “Ҳисор” […]

concert
App Banner