• 15.07.2019

Вазири кишоварзӣ: Саршумори чорво кам нашудааст (Видео)

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ саршумори чорвои калон ба 2350,3 ҳазор сар ва гӯсфанду буз 5780,9 ҳазор сар расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 101,7 дарсад ва гӯсфанду буз 100,9 дарсад зиёд гардидааст.

  • 12.07.2019

Фурудгоҳи Хуҷанд дар Душанбе кӯпрукро навсозӣ мекунад

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» кӯпруки мошингарди хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва пиёдароҳи он то буриши хиёбони Синоро навсозӣ мекунад.

  • 03.08.2018

Майсара: Бо чор фарзанд бева монда бемори сил шудам

-Барвақт бева монда бори зиндагӣ ва таъмини чор фарзанди ноболиғ пурра бар душам буд. Илова бар ин кори амиқ ва манбаи даромаде надоштам. Вақтҳои охир  чунон бемадор будам, ки аз саҳарӣ гӯё  кори вазнину сангин карда бошам, тез хастаю бемадор мешудам.  Ҳатто дар чилаи зимистон арақзеркунии шабона доштам. Аммо ин нишонаҳоро ба таври худ серкорӣ […]

  • 03.08.2018

Гардиши моли Тоҷикистону Ӯзбекистон 1 млн доллар мешавад

Гардиши молии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон то  1 млрд. доллар дар як сол мерасонем — ин матлабро имрӯз Вазири иқтисод ва рушди савдои мамлакат Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ ба рузноманигорон иброз дошт. “Барои ин тамоми шароит вуҷуд дорад. Аммо худи ҳамин сол яку якбора ба ин рақам расидан имконнопазир аст. Муносибатҳои иқтисодии ду мамлакатҳои ҳамсоя […]

  • 03.08.2018

Имрӯз Рӯзи байналмилалии тарбуз аст

3 августро дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилаллии тарбуз ҷашн мегиранд. Асосан ин идро аҳолии Амрико бо тантана таҷлил мекунанд, зеро ин ҷашн мисли ҷашни “Hot-dog” барояшон шавқовар мебошад. Дар ИМА ин намуди меваи торопикӣ хеле машҳур буда нархи гарон ҳам дорад. Имрӯз рӯзи бӯса аст Асосан ранги ин меваи тропикӣ сабз, сурх ва зард буда […]

  • 03.08.2018

YouTube  кӯдаки 6-соларо миллионер кард

 Одатан кӯдакон рӯзҳои дароз бо сару рӯйи пури чирк дар хоку лой ғилмида мегарданд, вале як писарчаи 6-солаи амрикоӣ аз ҳисоби шӯхию бозиҳояш чанд миллион доллар кор карда, ба қатори одамони сарватмандтарини ҷаҳон дохил шудааст. Маҷаллаи машҳури Forbes рӯйхати блогерҳои миллионери ҷаҳонро ба табъ расонидааст, ки Райани шашсолаи амрикоӣ дар зинаи шашуми он қарор дорад. […]

  • 03.08.2018

Омӯзгорон то соатҳои 10-11-и рӯз кӯчаҳоро мерӯбанду боғҳоро тоза мекунанд

Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон ҷалби омӯзгорони мактабҳои миёна ба рӯбучини кӯчаву боғҳо идома дорад. Ба гуфтаи шореҳ аз Ишқобод Амонмурод Бугаев, омӯзгорон аз баромадани офтоб то соатҳои 10-11-и рӯз кӯчаҳоро мерӯбанду боғҳоро тоза мекунанд. «Дар наздикии мактабҳо боғҳо ҳастанд. Омӯзгоронро маҷбур мекунанд, ки онҳоро тоза карда, кӯчаҳоро рӯбанд. Баъд аз соати 10, ки ҳаво […]

Дин 0
  • 03.08.2018

Рустами Эмомалӣ саҳифаи фейсбукашро худаш мехонад

Аз посухҳои муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид ЗУВАЙДЗОДА зимни нишасти матбуотӣ ба пурсишҳои рӯзноманигорон ПУРСИШ: — Сабабҳои барканории муовини раиси шаҳри Душанбе – Қурбон Саидзодаро  ду моҳи пеш  ба коррупсия ва камбудиҳои молиявӣ дар тарҳи воридоти автобусҳои нав алоқаманд расонаӣ карданд. Ҳоло баррасии қазияи ин фасод тағйир ёфтааст. Чаро?  ПОСУХ: — Истеъфои Қурбон Саидзода […]

  • 03.08.2018

Беш аз 90 млн. доллар қарзи беруна пардохт шуд

3 августи соли равон зимни нишасти матбуотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари ниҳоди мазкур Файзиддин Қаҳҳорзода иттилоъ дод, ки то 1 июли соли равон маблағи умумии қарзи берунаи Тоҷикистон аз 2893,3 млн доллари ИМА иборат мебошад. Ин нишондод ба 38,9% Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баробар аст. Ф.  Қаҳҳорзода афзуд, ки қарздиҳандагони асосии берунаи Тоҷикистон ҳамоно Эксимбонки […]

  • 03.08.2018

Таҷовузи духтари 12-солаи маъюб аз ҷониби ду мард

Даврон Тоҷибоеви 27-сола шаби 13 июл бо истифода аз оҷизӣ ва сустақлиаш як духтари маъюби 12-сола бо фиреб ба боми як бинои беодам дар кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд бурда, бо зӯр ба номусаш расидааст. Ӯ сипас рафиқаш Иброҳим Шариповро даъват кардааст ва Шарипов бо роҳҳои ғайрианъанавӣ низ ба номуси ин духтар расидааст. РВКД Суғд дар […]

  • 03.08.2018

Гузориши аксӣ аз Намоиши молҳои Ҳиндустон дар Тоҷикистон

Сделано в Индии. В Душанбе проходит выставка индийских товаров

  • 03.08.2018

Устодону донишҷӯёни ДСХ: Аз ҳалокати сайёҳонӣ хориҷӣ бетараф нестем

Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ҳаёти осудаву пешравиҳои имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳое мебошанд, ки осон ба даст наомадаанд. Вале, мутаассифона имрӯз ҳастанд нафароне, ки нисбати ин дастовардҳо андешаҳои ғаразнок дошта, кушишҳои низоангезиву фитнагароиро пеша мекунанд. Воқеаи 29-июл, ки дар ноҳияи Данғара нисбати 7 нафар сайёҳони дучархасавори хориҷӣ ба амал омада, боиси марги чаҳор […]

  • 03.08.2018

БАР ЗИДДИ СИЛ МУТТАҲИД БОЯД ШУД!

Бемории сил, ки яке аз бемориҳои сироятии паҳншудатарин ва марговартарин маҳсуб меёбад, дар даҳсолаи ахир ҷомеаи ҷаҳониро башиддат нигарон кардааст, зеро тибқи ҳисоботҳои расмӣ ҳар сол дар ҷаҳон беш аз 10 млн. нафар гирифтори ин беморӣ гашта, 1,5 млн. нафари онҳо мефавтанд.          Ҳарчанд ин беморӣ асрҳо дарди башарият будааст, аммо барангезандаи он (микробактерияи сил) […]

  • 03.08.2018

Як гумонбари ҳамла ба сайёҳон озод шудааст.

Аминзода Фотеҳи Файзулло, раиси ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир)-и вилояти Хатлон гуфт, Вайсиддин Сайфиддинов, яке аз гумонбарони ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара бегуноҳ баромад ва мақомот ӯро озод кардаанд. Ба гуфтаи Аминзода, маълум шудааст, ки ин сокини Ҷайҳун, ки як деҳқони оддист, рӯзи ҳамла иштибоҳан ба рақами яке аз ҳамлагарон занг зада, ҳамагӣ чанд […]

  • 03.08.2018

Сафари духтарони ҷавон ба хориҷ пешгирӣ мешавад

Расонаҳо аз мавридҳои нави ба Туркия роҳ надодани мусофирони ҳавопаймоҳои Туркманистон хабар медиҳанд. Як сокини Туркманистон гуфт, хоҳари вай мехост, чанде пеш барои таҳсил ба Туркия равад, аммо хадамоти амнияти фурудгоҳи шаҳри Ишқобод монеи сафари вай шудааст. «Хоҳари ман ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дошт ва ҳафтаи гузашта ҳамроҳи волидон ба фурудгоҳ рафт. Хадамоти амнияти фурудгоҳ волидонро иҷозаи […]

App Banner