• 15.07.2019

Вазири кишоварзӣ: Саршумори чорво кам нашудааст (Видео)

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ саршумори чорвои калон ба 2350,3 ҳазор сар ва гӯсфанду буз 5780,9 ҳазор сар расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 101,7 дарсад ва гӯсфанду буз 100,9 дарсад зиёд гардидааст.

  • 12.07.2019

Фурудгоҳи Хуҷанд дар Душанбе кӯпрукро навсозӣ мекунад

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» кӯпруки мошингарди хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва пиёдароҳи он то буриши хиёбони Синоро навсозӣ мекунад.

  • 16.08.2018

Тоҷикобод: Кадрҳои силшинос дастгирӣ ва бо қитъаи замин ҳавасманд мешаванд

Соли 2018 дар ноҳияи мо (Тоҷикобод дар назар аст) 25-нафар беморони сил ба қайди диспентерӣ гирифта шуд, ки  48%-и беморонро мардҳо ва 52%-ашро занон ташкил медиҳанд. Агар ин шумораро ба сари беш аз 45 ҳазор аҳолӣ тақсим кунем нишондиҳандаи баланд нест. Солҳои пеш ин беморӣ на танҳо дар  минатқаи мо, балки дар  дигар минтақаҳо низ […]

  • 16.08.2018

Собирова: Сари хоҳарам аз тан ҷудо ва дасту пойҳояш пора-пора буд

Хоҳари пурармонам  Дилбар Собирова, ки 23 сол пеш бо сабаби марги шавҳар бева монда буд, бо хотири духтарчаи шашмоҳааш дубора шавҳар накард. Умрашро бо меҳнати сангин сарф кард, ки  ягона духтараш- Нилуфарро дар донишгоҳ хононда, баъди соҳиби маьлумоти олӣ шуданаш ба шавҳар диҳад. Дилбари раҳматӣ  кори  вазнину пурхатари операториро дар заводи хишти ноҳияи Деваштич 35 […]

  • 16.08.2018

Таркиши «Опел сидан» дар назди ошхонаи Ҳоҷиён (2акс)

Имрӯз, соати 12:30 дар назди бозори «Саховат», истгоҳи ошхонаи «Ҳоҷиён» мотори як автомашинаи тамғаи Опел-сидан ҳангоми ҳаракат карданаш дар мавзеи хеле серодами ин маҳалла таркидааст. Тавре шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ронанда ҷавони 30-сола буда, хушбахтона бо худ мусофир надоштааст. Баъди сар задани таркиш дарҳол мардуми гирду атроф ба ёрӣ шитофта, оташи мошинро хомӯш карданд. Дар ин […]

  • 16.08.2018

Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе насиби ки мешавад

Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 август то 8 сентябри соли 2018  байни бонувони вазорату идора, кумитаву муассиса ва ташкилоту сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол баргузор мегардад. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри […]

  • 16.08.2018

Даргузашти Искандар Асадуллоев

Имрӯз, 16 августи соли 2018, собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, ходими намоёни ҷамъиятӣ Искандар Асадуллоев баъди бемории тӯлонӣ аз ҷаҳон даргузашт. Искандар Асадуллоев 26 марти соли 1949 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1973 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносовро хатм карда, унвони номзади […]

  • 16.08.2018

Афғонистон: Пуштаҳо аз куштаҳо…Ин бор 48 нафар…

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар як маркази таълимӣ дар маҳаллаи шианишини Кобул, 48 нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо донишомӯзон ҳастанд. Шахси ҳамлавар баъд аз зӯҳри чаҳоршанбеи 15-уми август ба мактаби хусусии «Маҳдии мавъуд» дар минтақаи Дашти Барчии Кобул рафт ва маводи таркандаро дар дохили як синфхонаи калони пур аз донишомӯз, […]

  • 16.08.2018

Парвиз Назаров дар Душанбеву Хуҷанду Хоруғ консерт баргузор мекунад

Парвиз Назаров сарояндаи машҳури тоҷик 30 солагии фаъолияти эҷодии худро дар як силсилаконсерти ҳисоботии худ ҷамъбаст мекунад. Консертҳои ӯ ба шакли турне дар Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Қурғонтеппа ва Кӯлоб баргузор мешавад. Ин турне санаи 18 ва 19 августи дар Душанбе оғоз мешавад. “Ман фаъолияти сисолаи худро дар як консерти ҳисоботи ҷамъбаст карданӣ ҳастам. Кош тамошобин […]

  • 16.08.2018

Боздошт шудани роҳзанҳои шабонаи Душанбе (Аксҳо)

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи ҷавононе, ки шабона ба роҳзаниву ғоратгарӣ ва дуздии амволи шаҳрвандон машғул буданд, хабар медиҳад. Аз Вазорат  хабар додаанд, инҳо сокинони 23-солаи шаҳри Кӯлоб Шермуҳаммади Бозор ва Исмоил Мухторов мебошанд, ки бо ҳаммаслакони худ бо номҳои Баха, Манучеҳр ва Комрон, ки айни замон дар ҷустуҷӯӣ ҷиноятӣ қарор […]

  • 16.08.2018

Ҳамлаи маргталаб дар Кобул 25 тан куштаву 35 нафар захмӣ ба ҷо гузошт

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки дар пайи таркиши як маргталаби бомбгузор дар як маҳаллаи аксаран шианишин дар ғарби Кобул 25 нафар кушта шуданд. Ҳамла рӯзи 15-уми август дар муқобили маркази маърифатии маҳаллаи Дашти Барчии шаҳри Кобул рух дод. Мақомоти полис гуфтанд, дар ин ҳамла ба камиаш 35 нафар захмӣ шуд. Ваҳид Маҷрӯҳ, сухангӯи Вазорати тандурустии Афғонистон, […]

Дин 0
  • 16.08.2018

Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол далелҳои ҷолиби таърихӣ барои мухлисон

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ё Ҷоми ҷаҳон дар 88 соли мавҷудияташ далелҳои ҷолиби таърихӣ дошта, аз омавияти рӯзафзуни  ин варзиш дар дунё гувоҳӣ медиҳад. *Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон зери назорати  ФИФА соли 1930 дар кишвари Уругвай  баргузор гардидааст. Баҳри баргузории чемпионати мазкур  ҳукуматҳои Италия, Испания, Шветсия, Венгрия, Ирландия […]

  • 16.08.2018

Толеъномаи 16 август 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Дар ҳаёти шахсӣ ва ҷойи кор аз тағйиротҳо натарсед, беҳтараш кӯшиш намоед, ки аз вазъият фоида ба даст оред. Дарди сабуки дар ҷисматон пайдошуда ба зудӣ нест мешавад. Миёнаи рӯз каме даромади пулӣ ба даст меоред, вале тамоми маблағро пурра сарф накунед. Нафароне, ки ҳамин рӯз ба ҳаёти шумо ворид мегарданд, бароятон […]

  • 16.08.2018

Ниммарафон Тоҷикистон интизори варзишгари модарзод

Ниммарафон, ки дар ибтидои солҳои 2000-ум  пайдо шудааст, ҳамчун намуди варзиши сабук ба масофаи 21 км 97,5 метр (нисфи  масофаи марафон) дар роҳҳои мумфарш баргузор мегардад. Он намуди олимпӣ нест, аммо дар миёни дӯстдорони дав роғибони зиёде дорад. Мусобиқаҳои ниммарафон дар як замон бо мусобиқаҳои марафони шаҳрӣ доир карда мешавад. Аз соли 1992 сар карда, […]

  • 16.08.2018

Ҳаво 5-рӯзи дигар ғуборолуд боқӣ мемонад

Аз 17 то 18 август дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал омада, вазиши сахти шамол аз 13-18 то 17-20 метр дар як сония дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат дар ноҳиҳои кӯҳӣ боридани […]

concert
App Banner