• 20.07.2019

Мадраса кӯдакистон шуд: Мулло Саъдулло афсӯс мехӯрад

Мадрасаи деҳаи Сарои ҷамоати шаҳраки Шайдон дар ноҳияи Ашт, ки аз соли 1997 то соли 2011 фаъолияти ғайриқонунӣ дошт, ба Муассисаи давлатии таълимии томактабии №12 “Истиқлол” табдил дод шуд.

  • 19.07.2019

Аҳмадзода: Дар “Роғун” садама рух надодааст

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи “Роғун” садамае рух надода ва чархаи аввали неругоҳ ба далели мушкилоти фаннӣ истод.

  • 04.09.2018

Сабукиҳои Ӯзбекистон ба қатораҳои Тоҷикистон

Бар асоси шартномаҳои пештар басташуда, Ӯзбекистон барои қатораҳои мусофирбар ва боркаши Тоҷикистон сабукӣ дод. Дар ин бора вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба ин тартиб, сар аз 1 августи соли ҷорӣ ҷониби Ӯзбекистон ба қатораҳои Тоҷикистон иҷозат дод, ки дар истгоҳҳои Термиз, Қаршӣ ва Самарқанд мусофир фароранд ва мусофир гиранд. Инчунин ширкати роҳи оҳани Ӯзбекистон […]

  • 04.09.2018

Дустдоштатарин ситораҳои эстрадаи тоҷик бо Севинч Мӯминова дар Ваҳдат

Дурахшонтарин ситораҳои эстрадаи тоҷик бо Севинч Мӯминова дар як рӯз ҳунарнамои хоҳанд кард. Бахшида ба 27 солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равобити фарҳангиву дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 11- сентябр соати 17: 30 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат шоу –консерти “Шоми дӯстӣ” бо иштироки ситораи шинохтаи эстрадаи Ӯзбекистон Севинч Муминова ва ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон Нигина […]

  • 04.09.2018

Рӯ ба рӯ, дар натиҷаи садама 4 нафар кушта шуд

3-юми сентябри соли 2018, тахминан соати 14:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ландкрузер”, Маскинов Карим Маҷнунович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Ш.Шоҳин аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Нисан-Патрул”, таҳти идораи Лутфуллоев Тоҳир, соли таваллудаш 1970, […]

  • 04.09.2018

Имрӯз рӯзи китоб

Имрӯз, 4 сентябр,  соати 14:00 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» ҷамъбаст мегардад. Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар додаанд, озмун ба таҷлили Рӯзи китоб бахшида шуда, миёни муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва хонандагони китобхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сурат гирифт. […]

  • 04.09.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4248 сомонӣ; 1 евро – 10.9450 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1384 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА 9.4300; […]

  • 04.09.2018

Ҳаво софу беғубор мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо  шамол аз самти шарқ то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаfнд. Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 8+13, рӯзона 27-32 ва дар шарқи ин вилоят […]

  • 04.09.2018

Толеъномаи 4 сентябр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Вақти он расидааст, ки идеяҳои худро дар таҷриба нишон дода, мақсадатонро равшан намоед. Сафарҳои бобарор шуморо интизор аст. Дар миёни рӯз таваккал накунед, чунки корҳои анҷом додаатон баҳои паст мегирад. Охири рӯз ҳамаи корҳоятон ба хубӣ анҷом меёбад. Мушкилиҳои иқтисодӣ азиятатон медиҳад.  Саволҳоеро, ки бештар шуморо азият медиҳанд бо шахсони наздикатон матраҳ […]

  • 04.09.2018

Харбуза мехоҳед, ба “Меҳргон”равед!

 Имрӯз,  4 сентябри соли равон дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  Иди харбуза доир мегардад. Аз Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, ки аз моҳи август инҷониб ҳамчун анъана дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ Иди харбуза доир мегардад. «Соли равон Иди харбуза дар Маҷмааи савдои […]

  • 04.09.2018

Чаро Райҳона худро ба дор овехт?

Дар ноҳияи Ашт шаби 2  сентябр як ҷавонзани 20 сола худро ба дор кашидааст. Тавре,ки ба мо хабар доданд, ин зан Райҳона Туронова ном дошта,сокини деҳаи Янгиқишлоқи ҷамоати деҳоти Ориён  будааст. Айни замон ҷасади ӯро барои ташхис бурдаанд ва сабаби худкушии Райҳона ҳануз маълум нест. Ӯ шавҳар дошт  ва худкушӣ низ дар хонаи шавҳараш сурат […]

  • 04.09.2018

Захарченкоро Русия  кушт ё Украина?

Роҳбари хадамоти маълумоти оперативии ФСБ-и Русия Сергей Беседа рӯзи 3-юми сентябр гуфтааст, ки дар куштори роҳбари ба истилоҳ ҷумҳурии Донетск Александр Захарченко хадамоти махсуси Украина даст дорад. Ба гуфти ӯ, муфаттишони Хадамоти федеролии амнияти Русия, ки барои кумак дар таҳқиқи куштори Захарченко ба Донетск рафта буданд, ба ин натиҷа расиданд. Хадамоти амнияти Украина инро рад […]

  • 04.09.2018

Мансабдори дурӯғгӯй аз вазифа меравад

Минбаъд дар Тоҷикистон мансабдоронро барои пинҳон кардани сарвату дороиҳояшон аз вазифа барканор хоҳанд кард.  Чунин муқаррарот аз тарафи ҳукумат ба порлумон пешниҳод шуда, Шӯрои Маҷлиси Намояндагон рӯзи 3-юми сентябр аз он ҷонибдорӣ намудааст. Бар асоси ин муқаррарот, мансабдорон муваззаф ҳастанд, на фақат ба Кумитаи андоз, балки ба раҳбарияти худ низ дар бораи дороиҳояшон гузориш диҳанд. […]

concert
App Banner