• 20.07.2019

Мадраса кӯдакистон шуд: Мулло Саъдулло афсӯс мехӯрад

Мадрасаи деҳаи Сарои ҷамоати шаҳраки Шайдон дар ноҳияи Ашт, ки аз соли 1997 то соли 2011 фаъолияти ғайриқонунӣ дошт, ба Муассисаи давлатии таълимии томактабии №12 “Истиқлол” табдил дод шуд.

  • 19.07.2019

Аҳмадзода: Дар “Роғун” садама рух надодааст

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи “Роғун” садамае рух надода ва чархаи аввали неругоҳ ба далели мушкилоти фаннӣ истод.

  • 06.09.2018

Юрёля аз Тоҷикистон меравад

Фаъолияти Туула Юрёля дар мақоми раиси барномавии САҲА дар Душанбе ба анҷом мерасад. Дафтари матбуоти САҲА дар Тоҷикистон рӯзи 5 сентябр бо пахши баёнияе гуфт, ки рисолати сафирии Юрёля бо сабаби хотима ёфтани мӯҳлати кораш дар ин мақом ба анҷом мерасад. Намояндагии САҲА расонаҳои хабариро ба муносибати анҷоми даври кории дипломати калони САҲА дар Тоҷикистон […]

  • 06.09.2018

Ҷӯгӣ духтари нолиғро таҷовуз кард

Дар шаҳраки Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як марди 24-солаи ҷӯгиро бо гумони ҳаракатҳои зӯроварии дороии хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба як духтари ноболиғи 17-сола дастгир кардаанд. РВКД Суғд хабар дод, ки Муҳриддин Алибоев соати даҳи шаби 1 сентябр дар ҳолати мастӣ дар қафои як бино дар кӯчаи Гастелло бо ноболиғ Н.М. вохӯрда, «бо ҳаракатҳои зӯроварии дорои […]

  • 06.09.2018

Президент дар Ёвон

Субҳи 6 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар расми ифтитоҳи як қатор иншооти саноатӣ, таълимӣ, хизматрасонӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар соҳаи кишоварзию мулоқот бо мардум ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

  • 06.09.2018

Ба марги асрорангези Ким Ҷон Хён кӣ гунаҳгор аст?

Даричаи ошноӣ: Ному насаб : Ким Ҷон Хён(김종현) Санаи таваллуд: 8-уми апрели соли 1990 Макони таваллуд: Кванҷингуи Сэул, Кореяи Ҷанубӣ Ихтисос: муаллифи сурудҳо- сароянда, шоу-мэни радио Санаи марг: 18-уми декабри соли 2017 Макони ёфташудаи ҷасад: яке аз апартменҳои Чондамдони Сэул Дилам аз гиря лабрез асту бедардона механдам… Дар Куриё сарояндаи КРОР-ро ҳанӯз аз хурдсолияш «таги […]

  • 06.09.2018

Имрӯз гармии ҳаво ба +31+33 дараҷа мерасад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, ҳарорат муътадил боқӣ мемонад. Ҳарорат шабона ба 10-15 ва рӯзона ба 31-34 дараҷа  мерасад. Ин гуна вазъи ҳаво то охири ҳафта идома хоҳад ёфт. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд. Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби […]

  • 06.09.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4252 сомонӣ; 1 евро – 10.9191 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1389 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА 9.4300; […]

  • 06.09.2018

Толеънома 6 сентябр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Тамоми рӯз атрофиёну дӯстон дар бораи шумо суҳбат мекунанд. Дар ин муддат ба чеҳраи зоҳирии худ аҳамият диҳед. Дар нимаи дувуми рӯз барои анҷом додани корҳое, ки дар нақша доред, омода бошед. Лоҳиаатонро ба роҳбар пешниҳод кунед ва интизори ҷавоб шавед. дӯстдоштаатонро бо дағалгуфторӣ наранҷонед. Савр ( 21 апрел – 22 май) Аввали […]

  • 06.09.2018

Макони сагҳо боғи зебо шуд

Бегоҳирӯзии  5 сентябр,соати 18:30 дар маҳаллаи 102 уми пойтахт «Боғи фарҳангӣ-истироҳатии Восеъ» кушода шуд. Боғро Раиси шаҳри Душанбе – Рустами Эмомалӣ ва муовини сарвазири мамлакат – Давлаталӣ Саид ба истифода доданд. Ба гуфтаи чанд корманди боғ, ин макони истироҳатӣ аз ҳисоби шахсии муовини Давлаталӣ Саид бунёд карда шудааст. Боғ дар кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиев, дар майдони зиёда аз 4 гектар дар ҷое сохта […]

  • 06.09.2018

Бахтиёр Иброҳимовро андоз ҷарима кард

Мақомот Бахтиёр Иброҳимовро барои овозхонии бе патент дар тарабхона айбдор мекунанд. Бахтиёр Иброҳимов раҳбари гурӯҳи эстрадии «Гулшан» ҳар шом дар тарабхонаи «Помир Лабиринт» бидуни шартнома бо соҳиби тарабхона ва бидуни патент ҳунарнамоӣ карда даромади муайян ба даст меовард. Ӯ фаъолияти соҳибкории худро аз рӯи патент 30 декабри соли 2017 қатъ намудааст, аммо ҳар шом дар […]

  • 06.09.2018

Мактуби Шукрона падарашро ба СИЗО бурд

Дар деҳаи Ҷарғурғони шаҳри Истаравшан дар давоми се моҳ модару духтари ҷавон ҳарду бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ заданд. Ин ҳодиса ҳар шунавандаро ба риққат меоварду водор мекард, ки сабаби аз ҷони ҷавони худ сер шудани модару духтар- Фарида ва Шукронаро бифаҳмад.  Худро қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани  модари 5 фарзанд-Фарида Набиева дар арафаи […]

  • 06.09.2018

Душанбе соҳиби эстакадаи аввалин шуд

Аввалин эстакада дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президент  ифтитоҳ шуд. Чунин роҳҳои болоиҳам (эстакада) аввалин маротиба дар Тоҷикистон бунёд шудааст. Дар маросими баҳрабардорӣ аз роҳи сетабақа Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе низ ҳузур дошт. Мақомот мегӯянд, ин роҳ бар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд шудааст. Роҳи мазкур  мушкили рафтуомади нақлиётро осон карда, тамбашавиро дар ин қисмати шаҳр аз […]

concert
App Banner