• 20.07.2019

Мадраса кӯдакистон шуд: Мулло Саъдулло афсӯс мехӯрад

Мадрасаи деҳаи Сарои ҷамоати шаҳраки Шайдон дар ноҳияи Ашт, ки аз соли 1997 то соли 2011 фаъолияти ғайриқонунӣ дошт, ба Муассисаи давлатии таълимии томактабии №12 “Истиқлол” табдил дод шуд.

  • 19.07.2019

Аҳмадзода: Дар “Роғун” садама рух надодааст

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи “Роғун” садамае рух надода ва чархаи аввали неругоҳ ба далели мушкилоти фаннӣ истод.

  • 13.09.2018

Дар Эрон аз арақхӯрӣ 4 нафар мурданд

Чаҳор нафар, аз ҷумла  як зан, дар Эрон баъди нӯшидани шароб фавтиданд. Ба гуфтаи мақомоти адлияи ин кишвар, ҳодиса дар шаҳри Караҷ, воқеъ дар қисмати ғарбии Теҳрон, ба вуқӯъ пайваст. Хабаргузории ИСНА- и Эрон  рӯзи 13-уми сентябр аз қавли прокурори  Караҷ Ризо Шоҳкарамӣ гуфтааст, ки қариб 40 нафари дигар бо нишонаҳои заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ […]

  • 13.09.2018

Холдмурод  Раҳмон: 52% заминҳо бо насосҳо обёрӣ мешавад

Чанде пеш бо Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 қабул гардид.   Дар доираи он дар давоми 5 сол беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 48 572 гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ  ба нақша гирифта шудааст. Ин матлабро директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

  • 13.09.2018

Партоев барои «подстава» 2 сол гирифт

Суди ноҳияи  Вахш нафареро  бо ҷурми барафрохтани парчами гуруҳи «Давлати исломӣ» дар боми корхонаи мутааллиқ ба Нусратулло Саидов – бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ – ба зиндон маҳкум кард. Ҳодиса моҳи феврали имсол рух дода буд. Суд Қурбоналӣ Партоевро барои «хусумати шахсӣ» ва «бадномсозӣ» айбдор кард. Ӯ  барои ин ҷурм ба  ду соли зиндони низомаш сангин […]

  • 13.09.2018

Пул маро шармандаю бе обрӯ кард (Нома аз маҳбас)

Шояд пас аз хондани номаам ба сарам санги маломат зада, маро инсони пасту разил хонед. Ман аз ин ягон зарра хафа намешавам. Пинҳон намекунам, дар ҳақиқат ман як зани роҳгумзада ҳастам ва дар тӯли ҳаётам ба бисёр корҳои паст даст зада будам, вале имрӯз аз карда пушаймон шуда, қарор додам саргузашти талхамро ба шумо қисса […]

  • 13.09.2018

Қиссаи зангирии Ортиқи Қодир

  Хонандагони азиз, агар дар ёд дошта бошед, дар шумораҳои гузаштаи ҳафтанома мо қиссаи зангирии чанд марди машҳури кишварамонро пешкаши шумо гардонида будем. Бознашр аз «Оила» “Оила” ин анъанаи некро идома дода, имрӯз шуморо бо ҳаёти оилавии актёри муваффақ, журналисти варзида ва ровии машҳури тоҷик Ортиқи Қодир ошно хоҳад кард. -Бо шарофати силсилафилмҳои туркӣ обрӯю […]

  • 13.09.2018

Раиси ноҳия бо 400 ҳазор доллар пора дастгир шуд

Раиси ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд Бахтиёр Абдусамадов ҳангоми гирифтани пора барои ҷудо кардани қитъаи замин боздошт шуд. Ба иттилои пулиси Тошканд, Абдусамадовро маъмурони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон моҳи сентябр ҳангоми гирифтани 400 ҳазор доллар пора дастгир карданд. Бино ба хабари расонаҳои Ӯзбекистон, ҳамроҳи раиси Юнусобод чанд тани дигаре низ боздошт шуданд, ки онҷо ҳузур доштанд. […]

  • 13.09.2018

Шӯрӯъ аз имрӯз ҳаво номусоид мегардад

Шурӯъ аз имрӯз то 14 сентябр дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона дар баландиҳои 2500 м борон ба барфи тар мубаддал мегардад. Ҳарорати рӯзона то 8 дараҷа паст гашта, вазиши шамол аз самти ғарб то  ба 20-25 метр дар сония […]

  • 13.09.2018

Сайри бозори асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4226 сомонӣ; 1 евро – 10.9227 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1358 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА 9.4300; […]

  • 13.09.2018

Муҳиддин Кабирӣ ва босмачигарӣ  Боз дурӯғу дасисаву фитнаю ҷаҳолат

  Қасам ба риши касифи  Муҳиддин Кабирӣ, ки намехостам дар ин мавзӯъ ҳарфе нависам. Медонистам, ки ин риши кӯтоҳ  аз кӯтоҳандешии соҳибаш башорат медиҳад. Аммо на ба ин ҳад, на ба он дараҷае ки ӯ бо чӯби гӯр ба худу ҳаммаслаконаш оши палов пазад. Ин маркспарасти (собиқ) худобехабари имонфурӯши масти пули хоҷагони хориҷиаш барои пора […]

  • 13.09.2018

 Шаҳри Душанбе узви ФУШТ (WTCF) шуд

Шаҳри Душанбе дар Саммити Федератсияи умумиҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7 то 9 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ба узвияти Федератсияи Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Туристӣ (WTCF) пазируфта шуд. Дар ҷаласаи мазкур намояндагони як қатор кишварҳои ҷаҳон, коршиносони байналмилалии соҳаи сайёҳӣ, олимон, намояндагони Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд. Дар ин […]

  • 13.09.2018

ТАНОСУХИ ИМОН ДАР ТОБИШҲОИ НАВ

Расонаӣ шудани боз як созмони наве аз ҷониби ба ном «мухолифини тоҷик» -ТЭТ ҲНИ, Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бо унвони «Паймони миллии тоҷикон» дар маркази Иттиҳоди Аврупо,  дар шаҳри  Варшава рӯзи 9 сентябри соли равон   бори дигар собит сохт, ки агар инсон ба хотири ғаразҳои шахсӣ […]

App Banner