• 15.07.2019

Вазири кишоварзӣ: Саршумори чорво кам нашудааст (Видео)

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ саршумори чорвои калон ба 2350,3 ҳазор сар ва гӯсфанду буз 5780,9 ҳазор сар расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 101,7 дарсад ва гӯсфанду буз 100,9 дарсад зиёд гардидааст.

  • 12.07.2019

Фурудгоҳи Хуҷанд дар Душанбе кӯпрукро навсозӣ мекунад

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» кӯпруки мошингарди хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва пиёдароҳи он то буриши хиёбони Синоро навсозӣ мекунад.

  • 31.10.2018

 “Хуҷандобуканал” ё “Фиребобуканал” ?

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд ҷазои ҳабси ду корманди “Хуҷандобуканал” – ро  “шартӣ” иваз кард, вале 12 500 ҳазор ҷарима ба ҳамаи 5 корманди ин муассисаро собит гузошт. 5 нафар кормандони “Хуҷандобуканал” барои гузаронидани  санҷиши сохта ва ситонидани пул аз 2 қаҳвахонаҳои шаҳри Хуҷанд   айбдор дониста шудаанд. Моҳи августи ҳамин сол додгоҳи […]

  • 31.10.2018

Сарҳадчиён ҳисобот медиҳанд

  Дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ-ҷангӣ дар нӯҳ моҳи соли 2018 баргузор гардид. Давраи сипаришуда аз тарафи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд чорабиниҳо оид ба ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар, аз сарҳад гузаронидани шахсони воқеъӣ ва воситаҳои нақлиёт, пешгирии убури […]

  • 31.10.2018

Бобоҷон Ғафуров чаро тарки мансаб кард?

Бобоҷон Ғафуров  бузургтарин симоҳои илмии ҷаҳонӣ буда, бо ҷустуҷӯйҳои доманадор,бо ғурури баланди худшиносӣ ва талошу орзуҳо тавонист миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни хеш – тоҷиконро дар  сафҳаи таърихи ҷаҳониён муаррифӣ созад. Дар солҳои фаъолияти ў ( дар давраи интернатсионализми байналхалқӣ) навиштани китоби «Тоҷикон», бешак қаҳрамонист. Ман гумон мекунам, ки на ба ҳама муҳаққиқ таълифи чунин шоҳасар насиб […]

  • 31.10.2018

Таҷовузи гурӯҳӣ дар Суғд

РВКД вилояти Суғд аз ошкор шудани як мавриди ғайриоддии таҷовуз ба номус хабар додааст. Дар иттилоияи маркази матбуоти РВКД Суғд гуфта мешавад, ки рӯзи 25 окятбр, соати тахминан 22 сокини маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд Ашӯров Озарҷон Олимҷонович, соли таваллудаш 1993, оиладор бо мошини тамғаи «Опел-Астра” ҳамроҳи шиносаш Расулов Мухтор Фаррухович, соли таваллудаш 1975, сокини ҷамоати […]

  • 31.10.2018

Владимир Волфович дар Душанбе

Владимир Жириновский, муовини раиси Думаи давлатии Русия ва роҳбари Ҳизби либерал-демократии ин кишвар рӯзи 31-уми октябр бо сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шуд. Ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, нимаи дувуми имрӯз Владимир Жириновский ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз Қалъаи Ҳисор, ангурзорҳои ноҳияи Шаҳринав ва Турсунзода дидан мекунад. Фардо, 1-уми ноябр мулоқоти муовини раиси […]

  • 31.10.2018

Чархболро Толибон заданд ё ба кӯҳ бархӯрд?

Тибқи гузоришҳо аз Афғонистон, як чархболи низомӣ субҳи имрӯз, чаҳоршанбеи 31-уми октябр дар вилояти Фароҳ воқеъ дар ғарби он кишвар, суқут кардааст. Гуфта мешавад, ки шуморе аз мақомҳои баландпояи давлатӣ ва низомӣ дар ин чархбол ҳузур доштаанд. Нурулҳаққ Холиқӣ, сухангӯи нерӯҳои пиёда дар вилояти Фароҳ суқути ин чархболро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар ин […]

  • 31.10.2018

Тест: Шумо бардамед ё афгор?

Ҳама кор, ҳатто кори табъи дил ҳам инсонро хаста месозад. Инсон реҷаи истироҳату меҳнатро риоя накунад, кораш аз ҳад зиёд ва асабхароб бошад, вой бар ҳолаш. Ба суолҳои санҷишномаи мо ҷавоб гуфта, фаҳмидан мумкин аст, ки то кадом андоза шумо хаста шудаед ва барои барқарор сохтани қувваи руҳиву ҷисмонӣ бароятон чӣ қадар вақт лозим аст. […]

Дин 1
  • 31.10.2018

Узви Палатаи савдо ва саноати «Роҳи абрешим» гардидани Хуҷанд

Шаҳри Хуҷанд аз тарафи Палатаи савдо ва саноати ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим» ба узвияти комилҳуқуқ пазируфта шуд. Гувоҳномаи узвият аз ҷониби ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ ирсол гардида, онро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд супорид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додаанд. Бояд зикр намуд, ки Палатаи савдо […]

  • 31.10.2018

7-соли зиндон, ҳукми таҷовузгарони духтарчаи ҳафтсола

Додгоҳи ноҳияи Ҳисор ҳукми ду ноболиғро, ки дар таҷовуз ба номуси як духтари 7-сола муттаҳам мешуданд, эълон кард. Ин ду ноболиғ, ки бо сабаби хурдии синнусол номашон нашр намешавад, бо қарори додгоҳ ба муҳлати 7 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. Як манбаъ рӯзи 30-юми октябр гуфт, ҳукми ноболиғон ҳафтаи гузашта содир шуда, ҳанӯз қувваи қонунӣ […]

  • 31.10.2018

Қурби асъори имрӯза

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари  ИМА  – 9.4224 сомонӣ, 1 евро – 10.7189 сомонӣ, 1 рубли русӣ  – 0.1433  сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА — […]

  • 31.10.2018

Имрӯз борон меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф   дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ додаанд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баландии 3000 м боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона […]

  • 31.10.2018

Толеъномаи 31 октябр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел) Беҳтар аст агар дар ин рӯз касе асаби шуморо хароб насозад. Дар ҷои кор низ ба ҳар кори майда чӯйда диққати хоса дода, эрод мегиред. Имрӯз ягон кори нотамом намемонад, вале нақшаҳоятон баногаҳ метавонанд тағйир ёбанд. Эҳтимоли ба хона меҳмон омадану ташвишҳои ногаҳонӣ дар назар аст. Дар ҷодаи муҳаббат бурдборӣ насибатон мегардад. […]

  • 31.10.2018

6 нафар дар роҳи Душанбе –Хуҷанд захмӣ шуданд

Дар километри 211- уми роҳи автомобилгарди Душанбе- Чанок ду автомобили сабукрав бо ҳам бархурда, ин садама боиси ҷароҳат бардоштани 6 нафар гардид. Кормандони филиали Ширкат фаврӣ ба макони садама расида, дар интиқоли ҷабрдидагон ба бемористон мусоидат намуданд. Тибқи суханони табибон, вазъи саломатии 4 нафар аз осебдидагони садамаи мавриди назар нигаронкунанда аст. Чунин ҳодисаҳо ба ронандагон […]

concert
App Banner