• 15.07.2019

Вазири кишоварзӣ: Саршумори чорво кам нашудааст (Видео)

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ саршумори чорвои калон ба 2350,3 ҳазор сар ва гӯсфанду буз 5780,9 ҳазор сар расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 101,7 дарсад ва гӯсфанду буз 100,9 дарсад зиёд гардидааст.

  • 12.07.2019

Фурудгоҳи Хуҷанд дар Душанбе кӯпрукро навсозӣ мекунад

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» кӯпруки мошингарди хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва пиёдароҳи он то буриши хиёбони Синоро навсозӣ мекунад.

  • 05.11.2018

Ҳафт даво: фоидаи гӯшт ва пешгирӣ аз хирашавии чашм

Гӯшти сурх Табибон мегӯянд, ки гӯшти сурх нисбат ба гӯшти сафедчатоб манфиатбахштар аст. Аксарият гӯшти сурхро зараровар меҳисобанд ва аз гӯшти сафедчатоб истифода мебаранд. Аммо намедонанд гӯшти сафедчатоб равғани кам дошта, калориянокиаш ба андозаи гӯшти мурғ мебошад. Таҳлилҳо  муайян карданд, ки  агар дар сад грамм гӯшти мурғи бо ҷуворимакка парваришёфта 129 калория ва 4,8 грамм […]

  • 05.11.2018

44 миллион занбӯр дар кӯчаҳои Сиэтл

Тақрибан ду ҳафта қабл мо маводеро дар бораи 7 тонна моҳии дар кӯчаҳои Хитой паҳншуда нашр карда будем. Воқеаи ба ҳамин монанд, вале ҳазинтар дар иёлоти Вашингтон рух дод. Мошини боркаше, ки 450 галаи занбӯри иборат аз 44 миллион занбӯрро мебурд, ба садамаи нақлиётӣ дучор гардид. Дар як лаҳза занбӯрҳо дар кӯчаҳои шаҳр паҳн шуда […]

  • 05.11.2018

14 сол дар пуштораи бибӣ

Дар музофоти хитоии Сычуань духтараки 14-сола, Фан Мэй Цю умр ба сар мебарад, ки мустақилона роҳ гашта наметавонад, вале ягон рӯз ба дарсҳо дер накардааст. Модаркалони 66-солааш духтаракро  пуштора карда ба мактаб мебарад. Фан Мэй Цю сағира аст ва ягона мӯнису ғамхораш ҳамин пиразан мебошад. Ҳангоми мактабравӣ духтарак барои осон кардани кори бибияш вазнашро ба […]

  • 05.11.2018

Боздошти момодоя бо пора

Дар вилояти Тошканди Ӯзбекистон момодояеро боздошт карданд, ки барои исқоти ғайриқонунии ҳамл пора гирифтааст. «Дар як амалиёти мақомоти интизомӣ момодояе боздошт шуд, ки барои исқоти ғайриқонунии ҳамл наздики 170 доллар пора гирифтааст», — хабар доданд расонаҳо бо такя ба Додситонии кулли Ӯзбекистон. Табиб бо вуҷуди донистани он ки шаҳрванд дар ҳафтаи 16-уми ҳомиладорӣ қарор дорад, […]

  • 05.11.2018

Латофат дар оғили гов худкушӣ кард

Соати 7-и субҳ садои гову гӯсфандамон якбора  баланд шуд. Ман, ки дар хоби ноз будам, бо шунидани баоси молҳо бедор шудам ва осемасар ба ҳавлӣ баромадам. Модарам дар назди дари оғил ҳайкал барин рост истода буд. Ҳарчанд пурсидам, ки чаро гову гӯсфандон ин қадар оғилро ба сарашон бардошта баъос мезананд, чизе нагуфт. Модарам мисли шахси […]

  • 05.11.2018

Садамаву марг, дуздӣ ва дигар хабарҳои имрӯзаи ВКД

Ҳалокати ду мусофир дар садамаҳои нақлиётӣ Рӯзи 2-юми ноябри соли 2018, тахминан соати 21:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шерданқулов Аскарбек Элмуродович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар-Панҷи-поён”, дар ҳудуди деҳаи Ленинград аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда, Сайдуллоев Эмомалӣ Бегиҷонович, соли таваллудаш 1995, […]

  • 05.11.2018

Президент дар Данғара

5 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд. Маросими истиқболи меҳмони олиқадр дар Фурудгоҳи ноҳияи Данғара сурат гирифта, мардуми заҳматкаши ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

  • 05.11.2018

Ҳасиб аз мушхона

Ҳасибҳои  “Ҷонона”, “Докторская”, “Салямӣ”, “Рамазон”,  ширӣ ва мурғиро хӯрем ё нахӯрем? “Ин манзара бароям даҳшатовар буд,- мегӯяд як нафар аз иштирокдорони рейд. Мушҳо гӯй, ки мусобиқаи дав доштанд. Пасу пеш метохтанд, парвое аз будани одамон надоштанд. Чашмам афтод, ки як муш ба дохили гӯшти ҳасиб афтод. Дигар аз ӯ ному нишоне намонд, ба ҳасиб табдил […]

  • 05.11.2018

Саидҷалол Саидов медали тилло ба даст овард

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни мардону занон ба хотираи Турар Жолдибоев, соҳибкори маъруфи қазоқ, ки рӯзҳои 3-4-уми ноябр дар шаҳри Актауи Қазоқистон доир шуд, ду медал (як тилло ва як нуқра) ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа, ки барои аввалин бор таҳти сарпарастии Иттиҳоди ҷудои Осиё барпо гардид, 76 варзишгар (56 […]

  • 05.11.2018

Писари Гулов як сол гирифт

Суд  Диловар Гулов, писари собиқ вазири энержии Тоҷикистон Гул Шералиро, ки дар латукӯби як корманди милиса айбдор мешуд, ба як соли зиндон маҳкум кард. Ӯ бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне «авбошӣ», муттаҳам дониста мешавад.Як масъули бахши иртибот бо ҷомеаи суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 5-уми ноябр гуфтааст,ки  мурофиаи охирин рӯзи ҷумъаи 2-юми ноябр […]

  • 05.11.2018

Ғафур-бойбачча президенти AIBA интихоб шуд

Муштзани пешин ва тоҷири ӯзбек Ғафур Раҳимов мулаққаб бо Ғафур-бойбачча, ки дар робита доштан бо олами ҷиноӣ гумонбар мешавад, президенти Эътилофи байналхалқии бокси ҳавасмандона — AIBA интихоб шуд. Раҳимов бо 86 раъй аз 134 овоз рӯзи 3 ноябр дар шаҳри Москва президент интихоб гардид. ИМА пештар аз ин Раҳимовро бо гумони доду гирифт доштан бо «тоҷирон»-и […]

  • 05.11.2018

Тест: Шумо ба зудӣ ошиқ мешавед?

Бузурге фармудааст: «Ишқ оташ аст, агар набошад, зиндагӣ сарду бемаънист, вале агар ноҷо афтад, хонаву хонумон ҳамаро месӯзад! Афроде ҳастанд, ки бо як нигоҳ ошиқ шуда, ба ғуломи ҳалқабаргӯши маҳбубашон табдил меёбанд, вале иддаи дигар чунон ҳушёру зираканд, ки ҳатто дар ҷодаи муҳаббат ҳеҷ гоҳ саргум намезананд. Шумо ба садои дили худ гӯш медиҳед ё […]

Дин 1
  • 05.11.2018

Милисае, ки занро ба урён шудан маҷбӯр кард муҳокима мешавад

Муҳокимаи як афсари милисаи Ӯзбекистон, ки зани муттаҳам ба дуздиро зӯран бараҳна карда ва ин саҳнаро ба навор гирифта буд, оғоз шудааст. Расонаҳои Ӯзбекистон  хабар доданд, ки баррасии парвандаи Санъат Умаров, корманди собиқи шуъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Каттақӯрғон дар додгоҳи Самарқанд ҷараён дорад. Қаблан нисбат ба ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси […]

concert
App Banner