• 20.07.2019

Мадраса кӯдакистон шуд: Мулло Саъдулло афсӯс мехӯрад

Мадрасаи деҳаи Сарои ҷамоати шаҳраки Шайдон дар ноҳияи Ашт, ки аз соли 1997 то соли 2011 фаъолияти ғайриқонунӣ дошт, ба Муассисаи давлатии таълимии томактабии №12 “Истиқлол” табдил дод шуд.

  • 19.07.2019

Аҳмадзода: Дар “Роғун” садама рух надодааст

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи “Роғун” садамае рух надода ва чархаи аввали неругоҳ ба далели мушкилоти фаннӣ истод.

  • 04.02.2019

Хуҷанд:  Фаъолияти 6 муассисаҳои сайёҳӣ барои ҷалби сайёҳон

Барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Хуҷанд 6 муассисаҳои сайёҳӣ, аз ҷумла  Ҷамъияти байналхалқии туризми ҷавонон “Спутник”,  ҶДММ “Саёҳати олӣ”,  “Суғдиён Помир-тур”, “Ҷаҳонгард”, “Алп Сомон-тур” ва Ассотсиатсияи “Зафаршон” фаъолият бурда истодаанд.  Ба гуфти раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ   хатсайрҳои “Шоми Душанбе”, “Искандаркӯл” ва “Ҳафткули мӯҷизадор”  фаъолияти пурсамар доранд. “Айни […]

  • 04.02.2019

Ҳавопаймои Сала пайдо шуд

Ҳавопаймое, ки Эмилиано Саларо аз бошгоҳи “Нант” ба дастаи “Кардифф” мебурд, пайдо шудааст. Пораҳои ҳавопайморо дар лаби Ла-Манши назди соҳили Гернси пайдо карданд. То ҳол дар бораи пайдо шудани Эмилиано Сала ва сарнишинонаш хабари расмӣ нашр нашудааст. Хотиррасон мекунем, ки Эмилиано Сала санаи 21-уми январи соли равон ҳангоми ҳаракат аз “Нант” ба самти Уэлс бо […]

  • 04.02.2019

Бунёди бинои баландтарин дар Душанбе

Як ширкати хусусӣ дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, биноеро дар Душанбе бунёд кунад, ки баландтарин дар шаҳр мешавад. Ҳоло баландтарин бинои пойтахт “Душанбе плаза” аст, ки 20 табақа ва 92 метр баландӣ дорад. Зайд Саидов, молики ширкате, ки ин биноро сохт, бо гуноҳи тақаллуби молӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудааст, ҳарчанд […]

  • 04.02.2019

Даъвати «Толибон» ба Маскав

Маскав толибонро ба конфронси эътидоли вазъи Афғонистон даъват кард. Дар ин ҳамоиш намояндагони ҳукумат, мухолифин ва дигар ҳизбҳои кишвар низ иштирок хоҳанд кард. Намояндагони ҳаракати «Толибон»-ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон)  ба конфронси масоили Афғонистон дар Маскав даъват карданд, хабар медиҳад РИА Новости. Ҳамоиш дар мавзуи танзими вазъ дар Маскав рӯзҳои 5 ва 6-уми феврал баргузор мешавад. […]

  • 04.02.2019

Сергей Лавров ба Қирғизистон рафт

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо сафари расмӣ ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон омад. Лавро 4 феврал бо президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот кард. Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки сафари вай ба Бишкек ба хотири заминагузорӣ ба сафари президенти Русия Владимир Путин ба Қирғизистон ва инчунин ҷаласаи комисияи байниҳукуматӣ сурат гирифтааст. «Мо имрӯз бо […]

  • 04.02.2019

Сухтор боиси марги 5 кудак аз як оила гашт

Дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон дар натиҷаи сӯхтани як манзили зисти муваққатӣ панҷ кӯдак ҷон бохтанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон 4 ферал иттилоъ дод. Сӯхтор шаби якшанбе ба душанбе дар бинои зисти муваққатӣ, воқеъ дар кӯчаи Чингизтауи ноҳияи Сариарқа рух додааст. Дар натиҷаи сӯхтор сақфи бино фурӯ рехтааст. Ба огаҳии кумита, сӯхтор […]

Дин 0
  • 04.02.2019

Ду мурда дар як садама

Рӯзи 2-юми феврали соли 2019, тахминан соати 03:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чакаман” Сафаров Фаррух Қосимович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа, худи ронанда Сафаров Ф.Қ. ва мусофираш Раҷабалиев Саидаҳмад Саидалиевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои […]

  • 04.02.2019

20 нафар коргар дар саноат ва куҳканӣ ба ҳалокат расидаанд

Раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон Санъат Раҳимзода рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки коргарон ба сабаби «риоят накардани меъёрҳои бехатарӣ» ба ҳалокат расидаанд. «Роғун» яке аз бузургтарин тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад ва барои бунёди он 14 ҳазор коргар ва мутахассис фаъолият доранд, […]

  • 04.02.2019

Забон донӣ, ҷаҳон донӣ…

Имрӯз дар толори шӯрои олимони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО ҳисоботи солонаи донишкада ҷамъбаст гардид. Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи        Сотим Улуғзода  дорои 4 факултет: филологияи тоҷик, филологияи рус, забонҳои романӣ- германӣ, забонҳои Шарқ, шӯъбаи таҳсилоти фосилавӣ  дар назди 10 кафедра аз рӯйи  27 ихтисос      бо фарогирии 3872 […]

  • 04.02.2019

Дар ҷустуҷӯи Юсуфҷон кумак кунед!

Юсуфҷони 5- сола нисфирӯзии  31 январ  аз хона, деҳаи Ҷуйи Бодоми ноҳияи Рӯдакӣ  баромада, ғайб задааст. Волидонаш дар ҷустуҷӯи ӯ  ҳастанд. Юсуфҷон  дар бар  шими ҷинс ва курткачаи беостин (рангаш кабуди баланд) дошт.  Аз тамоми ҳамватанон хоҳиш менамоем, ки агар дар ягон ҷо ин кӯдаки хурдсолро дида бошанд, ба рақамҳои 901-55-15-97, 904-33 24-96 занг зананд. […]

  • 04.02.2019

62 ҷинояти занҳо дар Бӯстон

Танҳо дар давоми соли 2018 256 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба журналистон раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода гуфт: -Теъдоди ҷинояткорӣ дар шаҳр нисбат ба соли 2017 22-адад зиёд шудааст. Шумораи умумии ҷиноятҳо ҷинояти дуздӣ буда, 31 нафар занон 62- ҷинояти дуздиро содир кардаанд. Фарзона Муродӣ

  • 04.02.2019

Зодрӯзи Фируза: Хароҷоти дастурхон  + 5000 сомонӣ

Барномаи «Ахбор”-и телевизиони давлатии Тоҷикистон хабар додааст, ки суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ сокини ин ноҳия Фирӯза Ҳафизоваро барои даъвати чанд овозхони дигар ба ҷашни зодрӯзаш ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 5 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Видеои ҳамроҳи ҳамкасбонаш ҷашн гирифтани зодрӯзи Фирӯза Ҳафизова дар шабакаи Инстаграм нашр шуда буд ва дар гузориши телевизионӣ […]

  • 04.02.2019

Моҷарои Мадуро идома дорад

Ҳафт кишвари Иттиҳодияи Аврупо барои эътирофи Хуан Гуайдо, ба ҳайси раиси ҷумҳури Венесуэла омода мешаванд, чун ултиматуми  онҳо ба Николас Мадуро рӯзи 3-уми феврал ба поён мерасад. Олмону Фаронса, Бритониё, Испониё, Португалия, Ҳолланд ва Белгия аз Николас Мадуро хоста буданд, дар зарфи як ҳафта ва то 3-уми феврал интихоботи нав эълон кунад. Аммо ӯ тақозоро […]

App Banner